المقالات
Баъди чанде яке аз идҳои муқаддас ва хеле шукуҳманди дини мубини Ислом – иди Қурбон фаро мерасад ва вобаста ба он ки дар ин ойини деринаи динӣ кӯдакон ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, хона ба хона идгардак мекунанд, дар расонаҳо иттилооти гуногун ба нашр мерасад. Ҳар фарди мусалмон аз таърихи ин ид ва мазмуну муҳтавои исломии он огаҳӣ дорад.
Аз расонаҳои марказӣ иттилоъ ёфтем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ,Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО-и Роғун сафари корӣ доштанд ва дар ин сафар аз аҳволи коргарон бохабар шуданд ва корҳои иҷрошударо бо чашмони худ диданду барои пешрафти кор маслиҳатҳои муфид доданд.
Обро метавон нахустин ва муҳимтарин омили шаклгирии тамаддун донист. Агар ба ҳавзаҳои аслии зуҳур ва ҳузури тамаддуни башар бинигарем, метавонем ба хубӣ мушоҳида кунем, ки бидуни истисно тамоми тамаддунҳои башарӣ дар канори рӯдҳои бузург шакл гирифтаанд.
Ҳунарҳои мардумӣ қисмати муҳимтарини низоми анъананаҳо ва таҷрибаҳои таърихан ташаккулёфтаи ҳаёти моддиву маънавии ҳар як халқу миллатро ташкил медиҳанд. Маъмулан, ҳар як ҳунари мардумӣ собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо аз насл ба насл мегузарад ва таҳаввулу такомул меёбад. Ҳувият ва фарҳанги моддиву маънавии миллатҳо, пеш аз ҳама, дар ҳунарҳо ва таҷрибаҳои ҳаётии он таҷассум ва ифода меёбанд.
Ҳар миллат дар масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва некӯ ба ҳам омадани қишру табақаҳои кишвар ба ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки як муддат ноил шудан ба мувозинати созгор хусусияти буҳронӣ касб менамояд. Гоҳо халалдор шудани осоиши ҳамдигарӣ боиси гусехта шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ гардида, даҳшати парокандагӣ мардумро дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он нотавон месозад.
Аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо ҲНИТ ба ҳисоб меравад, ки ахиран ниятҳои нопоки онҳо ошкор гардида фаъолияти онро Суди Олӣ манъ намуд. Дар ин замина мо бояд таҳдид аз хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори идеяҳои сиёсӣ-идеологии онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


