ФАРҲАНГИ САРФАКОРӢ Ё ҲИКМАТИ “ЗАРРА, ЗАРРА ҶАМЪ ШАВАД...”
Ба номи Худованди бахшояндаву мењрубон
Ҳамду сано Парвардгори оламиёнро ва дуруду саломи зиёди Худованд бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод ва бар њар ки ўро бо накуї пайравї кунад.
Шукронаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ кору зиндагӣ дошта, баҳри расидан ба ҳадафҳои ояндасоз кӯшишу заҳмат намуда истодаанд. Маҳз бо инояти Парвардигор ва аз баракати иттиҳоду сарҷамъӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо, тоҷикистониён, дар масири расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи худ ба муваффаққиятҳои беназир ноил гардида истодаем. Таърих гувоҳ аст, ки андар ҳама давру замонҳо дар амалӣ намудани андешаҳои бузурги созанда, аз ҷумла, ҳадафҳои стратегӣ ба ҷуз саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодиёт ва таҳкими фишангҳои давлатдорӣ инчунин фарҳанги сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии ва дигар сарватҳои модӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. Зеро Офаридгор дар баробари дигар неъматҳои табии ва бунёдӣ ба башарият ақлу дарки худшиносӣ ато фармуд, то инсон бо василаи омӯзиши илму мушоҳидаи маърифати воло ба хушбахтию саодати зиндагӣ бирасад. Аз ин лиҳоз, моро дар тасмимгириҳои ҳаётӣ ва ҳар қадамҳои устуворамон ба сӯӣ беҳбудиҳои рӯзгор ва амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги давлату давлатдорӣ мебояд, ки бо риояи фарҳанги сарфакорӣ ва оқилона истифода бурдани неъматҳои мавҷуда файзу баракати рӯзгори хешро афзун намуда ва ҳам барои наслҳои ояндаамон аз худ чизе ба мерос гузорем.
Тавре ки ҳамагон дар хотир дорем, ҳанӯз дар оғози марҳилаи амалӣ намудани тарҳҳои бузурги стратегӣ баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки; «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд».
Дар паёми имсолаи худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.
Дар шароити кунунӣ, ки аз як тараф бинобар гармшавӣ ва беборишӣ захираҳои обӣ кам шуда истодааст, моро зарур аст, ки аз коргоҳу идораву ташкилотҳо то дар ҳар манзили истиқоматӣ ва ҳар нуқтаи истифодаи нерӯи барқ ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ эътибори ҷиддӣ диҳем.
Худованд дар Ояти 31 Сураи “Аъроф” ба ин мазмун фармудааст: “Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф ва зиёдаравӣ накунед, ки Худованд мусрифон ва зиёдаравикунандагонро дӯст намедорад”. Аз ин лиҳоз, маҳз дар ҳамин шабу рӯз, ки ҳар зарра захираҳои табиӣ ва сарватҳои модии мо аз ҷумла, нерӯи барқ дар рушди ҷомеа ва иқтидори давлат ниҳоят муҳиму зарур аст, масъалаи таблиғу ташвиқи фарҳанги сарфакорӣ миёни аҳолӣ аз мавзӯъҳои меҳварии масъулону фаъолони ҷомеаи мо мебошад. Дар иҷрои ин амри муҳим, яъне, сӯҳбату вохуриҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, бояд ки ҳар фарди худогоҳи ҷомеа, ба хусус, имомхатибон ва шахсиятҳои обурӯманди маҳалҳо саҳми арзандаи худро гузоранд.
Имрӯзҳо ҳар нафари мо шоҳиди истифодаи аз меъёр зиёди нерӯи барқ дар ин ё он иншоот ва манзилҳои истиқоматии сокинон мегардем, ки дар чунин ҳол беэътиноӣ намудан хоси фарди мусулмон нест. Ба хусус, барои миллати мусулмони соҳибмаърифати мо, ки фарҳанги сарфакориро аз ниёгони тамаддунофари худ аз насл ба насл мерос гирифтаанд, бояд ки дар доираи илму донишҳои аз Қуръони Карим ва ҳадисҳои мубораки Расули Акрам (с) ва ҳам панду андарзҳо аз Имом Абӯҳанифа ва ниёгони хеш андӯхтаашон тарзе кору зиндагӣ намоянд, ки дар рафтору гуфтор ва маданияту фарҳанги рӯзгордорӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Зеро ба қавли гузаштагонамон; «Агар дахл бисту харҷат бисту як бошад» ҳеҷ гоҳ наметавонӣ дар зиндагӣ муваффақу комёб гардӣ.
Аз таҳлилҳои коршиносон дар самти истеҳсолу истифодаи нерӯи барқ бармеояд, ки маҳз истифодаи ғайримақсадноки нерӯи барқ ва сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи он аз ҷониби муштариён, ба вазъи таъминоту нигоҳдорӣ ва фаъолияти минбаъдаи шабакаҳои барқдиҳӣ таъсири манфӣ расонида исодааст. Ҳолонки дар масири расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва ҳадафи чаҳоруми мамлакат, яъне, саноатикунонии кишвар мо ба фароҳам намудани сохтори ҷадиди шабакаҳои барқдиҳӣ ва низоми муайяани таъмини неруи барқ дар саросари кишвар ниёз дорем. Аммо масъалаҳои доғе ба мисоли сарфи беҳудаву истифодаи ғаримақсадноки нерӯи барқ ва саривакт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонӣ аз тарафи ба баъзе коргоҳҳо ва шахсони алоҳида монеи рушди соҳаи энергетика дар кишварамон гардида истодааст.
Бинобарин, таваҷҷуҳи мардуми бофарҳанги мо ба риояи фарҳанги сарфакории нерӯи барқ имкон дорад, ки дар кишвари мо дар як шабонарӯз ҳазорон Квт нерӯи барқро сарфаву саришта кард. Умедворем, ки дар ҳамин давраи муҳим, ки сарфакории нерӯи барқ ба хотири пойдории низоми солими таъмини барқ дар кишвар равона гардидааст, мо, ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистон ба гуфти ниёгонамон барқу дигар сарвату неъматҳои Ватани худро сарфакорона истифода менамоем, то ин ки ба қавле “Зарра, зарра ҷамъ шавад”...
Speeches by the President
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More


