Articles
Яке аз чунин некӯкорон ва амали хайр анҷомдиҳандагон абармарди сиёсӣ ва ифтихори мо тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун шахсияти ташаббускор дар мавриди масъалаҳои марбут ба об эътироф шудаанд.
Барои роҳ надодан ба амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мавқеи бетарафӣ, ба ҷуз аз меваи талх дигар ҳеҷ чиз ба бор намеорад. Барои мисол аз омӯзиши таърих маълум аст, ки абарқудратҳо ҳамеша ба Осиёи Миёна ҳуҷум мекарданд ва муваффақ мешуданд.
Ба ҳама маълум аст, ки он амалҳои нангину номатлубе, ки аз ҷониби гурӯҳҳои тундгаро ба вуқуъ мепайвандад, мутаассифона аз ҷониби ба ном мусулмону ислом амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, пешгирӣ аз чунин равандҳо ва мунтазам ҳушдор додани мардум аз макри чунин гурӯҳҳо вазифаи аввалин дараҷаи ҳар як ходими динӣ мебошад .
Ва инчунин Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар ҳадиси муборакашон моро хитоб карда мегӯянд: «Куллукум роъин ва куллукум масъулун ъан раъиятиҳи». Яъне ҳар яки шумо ба манзалаи чӯпон дар хонаводаатон ҳастед ва дар рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Парвардигор аз тамоми аҳли хонаводаатон пурсида мешавед. Яъне Худо ва Расулаш масъулияти аҳли хонаводаро бар дӯши мо мусалмонон гузоштаанд.
ҲНИТ, ки дини мубини исломро хост бар манфиати худ истифода барад ва ғаразҳои нопоки худро байни ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 99%-и он мусулмон буда ва пойбанди мазҳаби ҳанафӣ мебошад, пиёда созад, мардум онро қабул накарданд ва имрӯз аз хориҷ мехоҳад тафриқа кунад.
Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More


