Articles
Дар айни замон аксари ҷавонони пайрави ин ҳарактҳо ба шиору таблиғоти роҳбарони онҳо самимона бовар карда, ба ҳаёҳуйи сиёсию идеологии онҳо дода шуда, умуман дарк карда наметавонанд, ки дар доми фиреб ва хидмати дигарон қарор гирифтаанд.
Раҳбарони ташкилотҳои ба ном исломӣ бо фатвоҳои содиркардаи худ ба муқобили ғайримусалмонҳо бо паҳн намудани маводи мухаддир барои заҳролудкунию заҳролудшавӣ мубориза мебаранд, аммо ислом ба чунин шеваи мубориза муқобил буда, ҳамеша ҷонибдори даватҳои неку хайр аст
Борҳо шудааст, ки пайравони равияи салафия пас аз истеъмоли таом аз маъракаҳо бо ақидаи он ки дуо бидъат аст, баромада рафтаанд ва он нафаронеро, ки дар ҳаққи соҳиби маърака ва гузаштагони он хонадон дасти дуо мебардоштанд, ба бидъаткориву хатокорӣ гунаҳкор мекарданд.
Дар хотиранд рӯзҳое, ки соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили як хайма фармони таъсиси қувваҳои мусаллаҳро ба имзо расониданд, зеро он замон Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ танҳо аз як хайма иборат буд.
Мо агар ба назари ақли расо бингарем мебинем, ки баъди садсолаҳо мо соҳиби истиқлолияти миллӣ ва тамаддуни воло шудем. Бинобар ҳамин, мо бояд ин неъматро чун гавҳараки чашм нигоҳ кунем. Наслҳои ояндаи мо бояд ҳаёти осоишта, тинҷ, ором дошта ба сӯи қуллаҳои боло парвоз намоянд. Вале ин тинҷию оромӣ ҳамчун хор ба чашми душманон ва ҳарисони миллати мо мехалад.
Амали мазкур баёнгари ақоиди аслии ҳаросафканон ва ҳомиёни аслии онҳо дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳамарӯза дар гушаву канори ин кишвари ҷангзада аъмоли мудҳиши террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳаросафкан анҷом мешавад, ки дар натиҷа садҳо мардуми осоишта ҷони худро аз даст медиҳанд.
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


