Articles
Инҳо сифатҳо ва хислатҳое ҳастанд, ки ҳар мард мехоҳад, балки дӯст медорад, онро дар ҳамсараш бубинад:
Дар ҳеч ҷойи дунё маконе хушбахт ва аз ҷиҳати зебоӣ ва осоиш ҳамчун хона вуҷуд надорад. Ба ҳар ҷо, ки сафар кардем ва ба ҳар маконе, ки фурӯд омадем, беҳтар аз хонае, ки дар он хушбахтӣ соя андохтааст, наёфтаем.
Нафсатро дар тамоми корҳо муҳосаба кун, аз ҷумла: намози ҷамоат, закот, пайванд бо хешовандон, оштӣ бо касе, ки байни ту ва ӯ кудурате вуҷуд дорад, ташвиқи доимӣ дар байни мусулмонон барои оромӣ ва дӯстӣ, тарбияти зердастон, таваҷҷуҳ ба умури мусалмонон, қабул кардани насиҳат аз дигарон, парҳез аз ғайбату фитнаангезӣ ва нооромӣ дар байни мусулмонон, ки бадтарин гуноҳон аст, парҳез аз исрофкорӣ, дурӣ аз риё, кӯшиш барои ислоҳи хеш ва дигарон, тиловати Қуръон ва тадаббур дар маъонии он, хушӯъ ҳангоми шунидани Қуръон, барои бародарат онро биписанд, ки барои хеш меписандӣ. Иродаатро қавӣ кун, то он чиро, ки дар Рамазон анҷом медиҳӣ, бардавом бошад.
Илму дониш дар дини Ислом дорои манзилати бисёр бузург мебошад. Далели ин гуфта нахустин ояти Қуръони карим аст, ки ба Пайғамбар (с) нозил шуда, ба фаро гирифтани илм даъват намуд: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид». («Иқраъ»; 1).
Дар олами ашё ва ҳамчунон дар кайҳони маънавии башарият падидаҳое хеле барзиёд ба мушоҳида мерасанд, ки дар ҳоли тақобулҳои абадӣ қарор доранд.Ин тақобулҳо, аз қабили некиву бадӣ, ҷаҳолату доноӣ, рўшаниву торикӣ, ҷаҳлу таҳаммул, ғазабу меҳрубонӣ, фақру дороӣ, пешрафту қафомондагӣ, худшиносиву ғофилӣ, адолату золимӣ, нифоқу иттиҳод ва чанде дигар паҳлўи ҳам дар дар иртиботи ҳамдигар аз ҷониби Ҳақ Таъоло баҳри имтиҳони инсонҳо ва тавозуни рафтору кирдори онон дар ҳошияи зиндагии ҷомеаи башарӣ арзи ҳастӣ доранд.
Хонандаи азиз! Шумо бояд огаҳ бошед, ки неъмати аз ҳама олӣ ва бузурги Худованди Мутаъол ба муъминон имон аст ва яке аз рукнҳои асосии он - имон ба китобҳои осмонӣ (Таврот, Забур, Инҷил, Қуръон ва чанд Суҳуф ба ҳазрати Одам, Шис, Идрис ва Иброҳим) аст.
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


