Home News Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон
2025-02-25
357

Қарори маҷлиси Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

     Имрӯз 25.02.2025 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи шанбе 1-уми март фаро мерасад.

       Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2025 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи шанбе 1-уми март муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 36000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 900 сомонӣ закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 8 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 65 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2025 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 480 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

         Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

More news

Pray time in Dushanbe

26.02.2025

More
Fajr05:28
Zuhr12:40
Asr16:25
Maghrib18:24
Isha19:54
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More