Главная Статьи ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ВА МАНФИАТИ АБАРҚУДРАТҲО

ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ВА МАНФИАТИ АБАРҚУДРАТҲО

ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ВА МАНФИАТИ АБАРҚУДРАТҲО
2019-08-23
1873

Имрӯз дар шароити басо мураккаб ва душвори ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Чунин раванд шояд аз як ҷониб боиси бо ҳам наздикшавии тамаддунҳои гуногун гардад. Баҳри рушду камоли якдигар таъсир расонанд, якдигарро мукамал созанд. Ба ҳам таъсири мусбат расонанд. Аммо аз ҷониби дигар, маҳз ҷаҳонишавӣ боиси бегонапарастӣ, зӯран ба урфу одат, расму оини миллате бор шудани чунин арзишҳои миллати дигаре мегардад. Бахусус, аз ҷониби абарқудратҳо. Ин вазъи басо ҳассос аст.
Дар чунин шароит боз падидаи басо номатлуб ва хатарнок барои ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯи саҳнаи сиёсии олам омадааст. Ин торафт афзоиш ёфтани терроризм ва экстремизм мебошад. Маҳз њамин омилро ба назар гирифта, Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, моҳи декабри соли пешин чунин иброз дошта буданд: “Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду – се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад.” 
Чунин падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси нигаронии ҳамагон аст. Ин боиси ба миён омадани зуњуроти нохуш, аз қабили таҳдид ва истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, бенизом гардонидани сохти давлатдорї, тағйир додани сохтори конститутсионӣ, зӯран ба даст овардани ҳокимият, ба вуҷуд овардани низои миллӣ, нооромӣ дар ҷомеа шуданаш мумкин аст. 

Аз таҳлилҳо ва маълумотҳо бармеояд, ки айни замон дар олам садҳо созмонҳоигуногуни террористию экстремистӣ амал доранд, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Бадбахтӣ дар он аст, ки чунин созмонҳои сияҳкор бо ҳам робита барқарор намуда, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои нопоки худ якҷоя саъй менамоянд.

Экстремизм њам падидаи хатарзост. Ҳаракати ифротгароӣ ба дини мубини Ислом ягон умумияте надорад. Лек маҳз бо номи Исломимрўз ба амалҳои нангине даст мезананд, ки боиси қатли одамони бегуноҳ, ба яғмо рафтани молу амвол, ба харобазор табдил ёфтани манзилгоҳи одамон мегарданд. Воқеоти дар кишварҳои арабӣ сарзада тасдиқи ин гуфтаҳост. 
Шарқи Наздик ба ҷавлонгоҳи экстремизми динии муосир табдил ёфтааст. Ифротгароён ба ном “Давлати исломӣ” таъсис дода, ба чи гуна кирдорҳои ғайриинсоние, ки даст назадаанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки амалҳои зишти онҳо аз ҷониби абарқудратҳо, баҳри амалисозии манфиатҳои худ, ҳарҷониба дастгирӣ меёбад. Дар давлатҳои арабӣба ном “Давлати исломӣ” таъсис дода, ба қатлу ғорат пардохтаанд. Чунин амалкардаи ифротиён боис гардид, ки мардуми зиёд тарки макони зист намоянд. 
Бадбахтӣ боз дар он аст, ки бисёр ҷавонони кишвари мо низ фирефтаи ваъдаҳои осмонии намояндагони чунин созмонҳои вайронкори экстремизми динӣ шуда, худро ба сафҳои ифротгароён расондаанд. Дар кишварҳои бегона баҳри ҳимояи манфиатҳои дунёхоҳон ҷони худро аз даст дода, бармаҳал оламро падруд гуфтанд. Сатҳи пасти дониш, бемаърифатӣ, тарбияи нодуруст дар оила боиси ба чунин роҳи хато рафтани ҷавонон гардидааст.

Пас аз он ки ифротгароён дар кишварҳои арабӣ ба шикаст дучор омаданд, фаъолияти тахрибкоронаи худро хостанд дар дигар ҷой ба роҳ монанд. Маҳз бо дастгирии як қатор кишварҳои абарқудрат, онҳо ба Афғонистон интиқол ёфтанд. Акнун ин ҷо ният доранд авзои кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистонро ноором созанд. Аммо бовар аст, дар ин маврид тирашон хок хоҳад хӯрд. Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси ОлӣПешвои миллатПрезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26–уми декабри соли 2018 чунин иброз доштанд: “Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90–уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешавем.”

Дар ҳақиқат, миллати тоҷик маҳз бо дасисаи бадхоҳони миллат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд. Барои худ сабақи талх гирифт. Бовар аст, дигарбора ҳаргиз ба доми бадхоҳони худ нахоҳад афтод ва баҳри ободонию шукуфоии кишвари азиз дар ҳама ҷабҳаҳо зафармандона заҳмат хоҳад кашид. 

Иброҳим МИРЗОЕВ

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее