Главная Статьи Фазилати Абӯбакри Сиддиқ (р)

Фазилати Абӯбакри Сиддиқ (р)

Фазилати Абӯбакри Сиддиқ (р)
2015-10-21
4547

Абӯбакри Сиддиқ - Абдуллоҳ ибни Усмон ал-Қурашӣ - аввалини хулафои рошидин, яке аз он башоратшудагон ба ҷаннат, вазири Паёмбар (с), дӯст ва ҳамсафараш вақти ҳиҷрат намудан ба Мадинаи мунаввара ва дар ғор, байни саҳобагон аз ҳама дорандаи имони қавӣ, шахси аз ҳама дӯстдошта ва қариб ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва беҳтарини мардум баъд аз анбиё ва паёмбарони Худо.

Абӯбакри Сиддиқ аз хонаводаи Расулуллоҳ (с) буда, насабаш ба Мурра мерасад, ки аз аҷдодони гиромии он Ҳазрат (с) аст. Мурра бобои шашуми Паёмбар (с) ва бобои панҷуми Абӯбакри Сиддиқ мебошад.

Ӯ ду солу шаш моҳ баъд аз «Оми Фил» соли 573 – и мелодӣ дар Маккаи мукаррама таваллуд шудааст. Номаш Абдуллоҳ, номи падараш Усмон ва куняаш Абӯқуҳофа буда, модараш Умми Хайр – Салмо бинти Сахр мебошад.

Абӯбакри Сиддиқ пас аз ба дини Ислом мушарраф гардиданаш ёвар, мухлис ва ёри вафодори Расулуллоҳ (с) буд. Дар шаби таърихии ҳиҷрат шарафи мусоҳибати Паёмбар (с) ва ифтихори унвони «рафиқи ғор»-ро шарафёб гашт. Аз ин рӯ, Худованд Абӯбакри Сиддиқро дар Қуръони карим ёд кардааст, ки ин оят то рӯзи қиёмат дар китобҳову ёдҳо маҳфуз мемонад ва номи Абӯбакри Сиддиқро ҷовидона месозад:

«Агар ӯро нусрат надиҳед (чӣ бок?) Ба дурустӣ ки Худо ӯро нусрат додааст: он гоҳ, ки кофирон ӯро, ки дуюми ду кас буд, (аз ватан) берун карданд; он гоҳ, ки ин ду кас дар ғор буданд; он гоҳ, ки ёри худро мегуфт: Андӯҳгин мабош, ҳамоно Худо бо мост!» (Сураи Тавба, ояти 40).

Яке аз ду нафар, ки дар ин оят зикр шудаанд, Паёмбар (с) ва нафари дигар ба иттифоқи тамоми муфассирон Абӯбакри Сиддиқ аст.

Ҷаноби Паёмбар (с) нисбати Абӯбакри Сиддиқ эҳтироми хоса доштанд. Аз ҷумла, Расули Худо дар фазилати Абӯбакри Сиддиқ мефармоянд: «Дилпуртарин ва бовариноктарин инсон дар суҳбату молаш барои ман Абӯбакр аст. Агар ман касеро халили худ мехондам, пас Абӯбакрро мехондам …» (Муттафақун алайҳ, 3/1337).

«Касе набуд, ки ба мо хубӣ накарда бошаду хубияшро нагардонда бошем, магар Абӯбакр. Абӯбакр ба мо хубиҳое кардааст, ки Худованд онҳоро рӯзи қиёмат хоҳад гардонд. Моли касе ба ман фоида нарасонд, чунонки моли Абӯбакр ба ман фоида расондааст. Агар ман халил мегирифтам, бешак Абӯбакрро халил мегирифтам, магар ин, ки соҳиби шумо халили Худост» (Ривояти Тирмизӣ).

Ҷубайр ибни Мутъим (р) мегӯяд: «Зане назди Набийи акрам (с) омад. Он ҳазрат (с) ба ӯ дастур дод, то дубора назди ӯ биёяд. Он зан гуфт: «Агар омадам ва туро наёфтам, чӣ кор гуфтам?» Манзураш ин буд, ки агар шумо фавт намуда будед, ба чӣ касе муроҷиат кунам? Расули Худо (с) фармуд: «Агар маро наёфтӣ, назди Абӯбакр биё». (Ривояти Бухорӣ).

Амр ибни Ос (р) мегӯяд: Расулуллоҳ (с) маро ба вазифаи фармондеҳи лашкари Зотуссалосил таъйин намуд. Назди он ҳазрат (с) рафтам ва пурсидам: «Маҳбубтарин инсон назди ту кист?» Фармуд: «Оиша». Гуфтам: «Аз мардон кӣ маҳбубтар аст?» Фармуд: «Падараш». Гуфтам: «Баъд аз ӯ?» Фармуд: «Умар ибни Хаттоб». Ва чанд нафари дигарро баршумурд.

Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки Абӯбакри Сиддиқ (р) ба ӯ гуфт: «Вақте ки дар ғор будем, қадамҳои мушриконро болои сарамон дидем, пас гуфтам: Эй Расули Худо (с), агар яке аз онҳо ба зери қадамаш нигоҳ кунад, моро хоҳад дид. Пайғамбар (с) гуфт: «Эй Абӯбакр, ту чӣ фикр дорӣ нисбат ба ду шахсе, ки Худованд сеюмини онҳо бошад». (Ривояти Бухорӣ).

Время намаза в Душанбе

22.05.2025

Подробнее
Фаджр03:29
Зухр12:40
Аср17:50
Магриб19:47
Иша21:17
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее