Главная Статьи ҲИКМАТИ НАВРӮЗ ДАР ОСОРИ НИЁГОН

ҲИКМАТИ НАВРӮЗ ДАР ОСОРИ НИЁГОН

ҲИКМАТИ НАВРӮЗ ДАР ОСОРИ НИЁГОН
2020-03-21
2384

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст».  

Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин ки Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро наврӯз номиданд.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.

Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абӯрайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, натанҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Дар ин китоб дар кашфи ҳақиқати Наврӯз, ки ба наздики мулки Аҷам кадом рӯз будаасту кадом подшоҳ ниҳода аст ва чаро онро бузург доштаанд ва дигар оини подшоҳон ва сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда.

Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Маҳз маҳсули меҳнати деҳқон аст, ки мардум ба хотири ҷамъ ва осоишта умр ба сар мебаранд.

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гаҳ заръ гоҳе бӯстон аст.

Мутаассифона, аз маҳсули меҳнати деҳқон баъзе одамон сӯиистифода бурда, маҳсулоти ниёзи мардумро дар бозорҳо чанд маротиба қимматтар мефурӯшанд. Молро захира намуда, иду айёмро интизор мешаванд, ки нарху наворо боло баранд.

Дар ҳаққи чунин афрод ҳадисе дар
«Муснад»-и Имом Аҳмад омадааст, ки: «Боре Ҳазрати Умар аз масҷид берун шуд ва дид, ки гандуми зиёде барои фурӯш гузошта шудааст, пурсид:

- Ин гандумҳо аз куҷо оварда шудаанд?

Гуфта шуд:

- Барои фурӯш оварда шудаанд.

Ҳазрати Умар (раз) дуо фармуд:

- Худовандо, дар ин гандум баракат ато фармо.

Мардум гуфтанд:

- Ин гандум барои қимат фурӯхтан пештар захира карда шудааст.

Ҳазрати Умар (раз) пурсид:

- Инҳоро чӣ касе захира намудааст?

Гуфтанд:

- Яке аз онҳо Фаррух-ғуломи Ҳазрати Усмон (раз) ва дигаре ғуломи озодкардаи худат.

Ҳазрати Умар (раз) он ду нафарро даъват кард ва аз онҳо пурсид:

- Чаро чунин кардед?

Дар посух гуфтанд:

- Мо инҳоро бо пули худамон харидаем ва акнун ихтиёр дорем, ҳар тавре бихоҳем, метавонем онҳоро бифурӯшем.

Ҳазрати Умар (раз)  фармуд:

- Ба хубӣ огоҳ шавед, ки аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки мефармуд: «Шахсе ба ин хотир гандумро захира мекунад, то онро бо баҳои бештаре бифурӯшад, Худованд вайро гирифтори бемории ҷузом (саратон) мекунад ва ҳам ин ки ӯро муфлис (камбағал) мегардонад».

Бо шунидани ин ваъид Фаррух аз ин амалаш тавба намуд, аммо ғуломи озодкардашудаи Ҳазрати Умар (раз) бар ҳамон мавқифи пешинаи худаш истодагарӣ намуд, ки:

- Мо бо моли худамон мехарем, аз ин сабаб ҳар тавре ки муносиб бошад, онҳоро мефурӯшем. Охир чӣ мушкилие дар ин муомила вуҷуд дорад?»

Ровии ҳадис Ҳазрати Яҳё (раҳ) мегӯяд: «Баъдан вайро дидам, ки мубтало ба бемории ҷузом гардида буд».

Дар китоби Ибни Моҷа низ ривояте мазкур аст, ки: «Шахсе ба ин хотир гандумро захира мекунад, то баъдан онро бо баҳои гаронтаре ба мардум бифурӯшад, Худованд ӯро муфлис мегардонад ва ё ин ки ӯро ба бемории ҷузом мубтало менамояд».

Бинобар ин, моро зарур аст, ки фармудаҳои шариатро иҷро намуда, дар пайи беҳбудии зиндагӣ, осонии кор бошем.

Наврӯз маҳз иди миллии тоҷикон аст, аммо баъзе ҷавонони бехабар иди миллиро ба ислом нисбат дода, изҳор менамоянд, ки Наврӯз аз ислом нест. Нафароне ки чунин мешуморанд, магар аз Абӯрайҳони Берунӣ, Хайём, Ҳофизи бузургвор донотаранд? Баръакс онҳо беҳтарин анъанаи мардуми моро нодида мегиранд.

Бо байналмилалӣ шудани Иди Наврӯз тамоми халқҳои олам – турку тотору озариву паштуву ҳинду – ин иди бузургро, ки ному ниҳод ва аслу насаби тахту бахташ форсӣ – тоҷикӣ мебошад, ҷашн мегиранд. Ислом ҳаргиз тафриқаандозӣ, гурӯҳбандиро қабул намешуморад. Баръакс беҳтарин арзишҳои умумимиллӣ, умумибашарӣ ҷавҳари исломро ташкил мекунад. Алҳазар аз гурӯҳбандиву фирқасозӣ ва ҷудоиандозӣ дар исломи ноб.

Маҳз чунин тафриқаандозӣ буд, ки имрӯз дар кишварҳои исломӣ пайваста садои тиру таркиш шунида мешавад ва ҳазорон мардуми бегуноҳ кушта мешаванд.

Бояд хотиррасон намоем, ки Иди Наврӯз ва дини ислом ду чизи аз ҳамдигар ҷудо буда, омехта кардани онҳо ба ҳамдигар ноҷоиз мебошад ва метавонад боиси сар задани нофаҳмиҳо гардад.

 Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд:

 «То замони интишори ислом гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрӯз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рӯи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем.

Чунонки мушоҳида мегардад, баъзеҳо арзишҳои бузурги ахлоқиву маънавии миллиро, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги мардумӣ то имрӯз нақши муайянкунанда мебозанд, нодида гирифта, мехоҳанд онҳоро ба арзишҳои динӣ муқобил гузоранд.

Муаллифони чунин мавод набояд фаромӯш кунанд, ки баръакс Наврӯз яке аз ҷашнҳои воқеан ва табиатан милливу мардумии мост ва бо ягон дину мазҳаб муносибат надорад.

Чунин муносибати ғаразноку кӯтоҳназарона ба арзишҳои миллӣ, ки таърихан қадимтар буда, омили муҳими худшиносии афроди ҷомеа мебошанд, пояҳои фарҳанги давлатдории миллиро, бешубҳа, халалдор месозад.

Мо набояд аз ёд барорем, ки миллати мо кӣ буд ва тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ чӣ гуна арзишҳои умумибашариро асос гузоштааст. Зеро фаромӯш кардани таърихи пуршарафи халқ, дар ниҳояти кор, ба нестшавии рӯҳи миллат бурда мерасонад».

Аз ин рӯ, мо бояд гуфтаҳои Пешвои миллатро ба ҷону дил қабул намуда, барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошем.

Наврӯзи хуҷастапай муборак!

Абдураҳмон Мавлонов,

сардори Раёсати таҳлил

ва ташхиси диншиносии кумитаи дин

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее