ИСЛОМИ ҲАҚИҚИРО БИШНОСЕМ
Ислом мусалмононро дар баробари ибодат намудан ба ҳаёти дунявӣ низ мукаллаф месозад ва дар кору ободонӣ, инчунин хизмат ба мардум ва ҷомеа ташвиқ менамояд.
Ҳамчунон ки Худованд дар сураи “Ҳуд”, ояти 61 фармуд:
“Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки онро обод гардонед”. Аз ин оят маълум мешавад, ки кори дунё низ, аз ҷумла обод кардани роҳ, пул, мактаб, беморхона, неругоҳ ва ё шинондани дарахт, ободу зебо кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои монанди инҳо дар назди ислом арзишҳои волое доранд. Аз ҳазрати ҷобир (р) чунин ривоят шудааст, ки Расули Худо фармудаанд: “Беҳтарин банда он аст, ки фоидааш ба мардум мерасад” (“ҷомеъу-с-сағир”)
Агар мо ба дастуроти Қуръон назар кунем, метавон гуфт, ки маънии Қуръон ибодат барои Худо, хизмат ба халқи Худо мебошад.
Ҳатто Худованд Пайғамбарро раҳмате барои оламиён қарор дода: “Ва Мо туро нафиристодем, магар аз рӯи меҳрубонӣ бар оламиён” (“Анбиё”, ояти 107).
Аз ин оят чунин бармеояд, ки хидмат ба мардум, ваҳдат дар байни мардум, дӯстиву бародарӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандорӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ ва ғайра мебошад.
Вале мутаассифона имрӯзҳо гурӯҳе аз номи муқаддаси ислом истифода намуда, ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстирмистӣ ташкил намуда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ дар байни мардуми мусулмон кинаву парокандагӣ эҷод намуда, инчунин тухми адовату нифоқ мекоранд, ки натиҷаашро ҳамарӯза дида истодаем.
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба самъи ҷаҳониён расонид, ки “терорист дин, мазҳаб ва ватан надорад”.
Дар кишвари мо низ ин гурӯҳҳои ғаразҷӯ пайдо гардида, мехоҳанд оромии кишвари моро аз байн бибаранд. Аммо хушбахтона давлату Ҳукумат ва мардуми бедордили Тоҷикистон бо Пешвои ҳушёру оқил пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирифтаанд. Мо бояд ҳамеша ҳушёру огоҳ бошем ва барои оромии ин сарзамини биҳиштосоямон дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ омада, сиёсати хирадмандонаи ӯро дастгирї намоем.
Қаламкаш бо қаламаш, сарбоз бо фидокориву хизматаш, пирону донишмандон бо хирадмандиашон ва уламои дин бо панду андарзашон, ҳама бо ҳам барои ҳимоят аз Ватани аҷдодиамон камари ҳиммат бандем, то бар ояндагонамон дарс биомӯзонем ва бояд исломи воқеиро, ки саршор аз сулҳу ваҳдат ва муҳаббат ба мардум аст, биомӯзем. Исломи ҳақиқиро бишносем ва роҳи ҳаққу ботилро ҷудо карда тавонем. Онҳое, ки бо номи ислом мардумро мефиребанд ва гурӯҳҳои мардумро ба ном ба “ҷиҳод” даъват мекунанд, бишносем ва маълум намоем.
Бояд бидонем, ки ҷиҳод мубориза бо нафс аст. Навъи дигари ҷиҳод ҳимоят аз марзу буми Ватан, номуси ҳар шаҳрванди тоҷик аст, ҷиҳод истодагарӣ дар муқобили душмани Ватан мебошад.
Пас, мо ҷиҳод дар исломро нафақат бо тиру туфанг муаррифӣ намоем, балки дар муқобили ҳар зуҳуроти номатлуб истодагариро навъе аз ҷиҳод гуфта тавонем.
Маънии ислом ин сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ, инчунин таслим шудан ба авомири илоҳӣ мебошад. Аллома Муҳаммад Иқбол чї хуб фармудааст:
Фитрати муслим саропо шафқат аст,
Дар ҷаҳон дасту забонаш раҳмат аст.
Он ки маҳтоб аз сарангушташ ду ним,
Раҳмати ӯ ому ахлоқаш азим.
Тибқи фармудаи ислом банї Одам аъзои як пайкаранд, чунон ки ҳазрати Пайғамбари Худо (с) дар ҳадисе фармудааст: «Мӯъминон дар дӯстӣ ва тараҳҳум бар якдигар чун аъзои як пайкаранд». Воқеан,
ислом арзишҳои ахлоқию маънавӣ дорад, зеро ислом динест, ки барои осудагиву амнияти башар мебошад ва ҳар як аъмоле, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро ба шафқату муҳаббат ва силаи раҳм доштан водор месозад. Агар инсоният ба чеҳраи воқеии поки ислом назар кунад, эҳсос мекунад, ки дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ вуҷуд надорад.
Дар асл ҳамин аст, ки мӯъмини асил ҳамон аст, ки доимо рамзи сулҳу салоҳ ва муҳаббату бародарӣ дар дилаш ҷо бошад.
Маҳдӣ Холов,
имомомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи “Имом Ҳусейн”-и ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон