ҲАРОМ БУДАНИ ОЗОРИ ПАДАРУ МОДАР ВА ГУВОҲИИ БАРДУРЎҒ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ин чи шўрест, ки дар ин даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳнҷ шавқат на падарро ба писар мебинам.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Нофармонии волидайн бузургтарин гуноҳ ва бадтарин хатост. Абубакри Сақафӣ аз падараш ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Оё шуморо аз бузургтарин гуноҳони кабира огоҳ созам?». Ин ҷумларо се бор такрор карданд. Саҳобагон гуфтанд: «Оре, эй Расули Худо (с)». Гуфтанд: «Ба Худои таъоло ширк овардан ва падару модарро итоат накардан». Ровӣ меафзояд: «Баъд аз ин ки такя зада буданд, нишастанд ва сипас гуфтанд: «Огоҳ бошед, шаҳодати дурўғ ва сухани дурўғ». Он Ҳазрат (с) ин ҷумларо такрор мекарданд, то ин ки мо таманно кардем, ки кош сокит шаванд, зеро эшон насбати Паёмбар (с) бисёр меҳрубон буда, ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки Паёмбарро дар ҳолати нороҳаткунанда бубинанд. (Имом Тирмизӣ).
Гуноҳони кабира (бузург) зиёданд ва зишттаринашон ин аст, ки инсон дар ибодату парастиши Худо ё дар корҳо ва номҳову сифоти Ў шарику ҳамто қарор диҳад. Паёмбар (с) баён кардани гуноҳонро аз ширк шурўъ кард, зеро он бузургтарин гуноҳон ба ҳисоб меравад, сипас он Ҳазрат (с) ранҷишу озор додани падару модарро номбар кард, зеро амали мазкур низ гуноҳи бузург буда, Худованд барои кунандааш кайфари сахт муқаррар кардааст. Аз ин рў, лозим аст, бар ҳар мусулмон, ки нисбати падару модараш некхоҳу накўкор бошад, зеро волидайн дар хурдсолӣ ўро бо меҳрубонӣ ва навозиш тарбия ва парвариш намуданд.
Худованд дар Қуръони шариф ба накўӣ кардан нисбати падару модар амр намуда, аз озор доданашон наҳй фармудааст:
«Ва ҳукм кард Парвардигори ту, ки фақат худашро ибодат намуда, нисбати падару модар накўкорӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳардуяшон ба пирӣ ва бузургсолӣ бирасанд, ҳеҷ гоҳ дар назди онҳо уф магў ва бар эшон бонг мазан ва ҳамеша бо онҳо сухани нарм бигў ва барояшон бозўи тавозўъро паст кун, то онҳо мавриди меҳрубонӣ ва навозишат қарор гиранд ва бигў, эй парвардигори ман, бибайшой бар эшон чунон ки онҳо дар хурдсолӣ маро парвариш карданд». (Сураи «Исро» ояти 23-24).
Бинобар ин падару модар сазовортарин мардум барои эҳтирому фармонбардорӣ мебошанд ва итоъат намуданашон воҷиб аст, ба шарте ки онҳо ба маъсият (гуноҳ) амр нанамоянд.
Сухани дурўғ ва шаҳодати бардурўғ ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуноҳҳо мебошад. Паёмбари Худо (с) вақти баён намудани гуноҳони мазкур ду гуноҳи охир (сухани дурўғ ва шаҳодати дурўғ)-ро мукаррар ба самъи саҳобагон расонданд, зеро сухани дурўғ дар забон осон буда, мардум нисбати он саҳлангорӣ ва бепарвоӣ мекунанд. Сабабҳои гуноҳони мазкур бисёр аст, аз ҷумла кина, адовату душманӣ ва амсоли инҳо. Аз ҳамин ҷиҳат Паёмбари Худо (с) гуноҳ будани шаҳодати бардурўғро чунон пай дар пай такрор намуд, ки саҳобагон таманно карданд, ки кош он Ҳазрат (с) сукут мефармуданд, зеро эшон нисбати Паёмбар (с) бисёр меҳрубон буда, ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки Паёмбарро дар ҳолати нороҳаткунанда бубинанд.
Бояд ҳар як бандаи мусулмон худро аз гуноҳони кабира нигоҳ дорад, то аз хашму азоби Худо дар амон бимонад. Хулосаи калом ин аст, ки фарзандон на танҳо дар давраи кўдакию наврасӣ, балки дар тамоми давраи ҳаёт ва фаъолияти худ бояд ба падару модар эҳтироми самимӣ дошт, дар синни пиронсолӣ дастгир ва ҳимоятгари эшон бошанд, чунки ин яке аз вазифаҳои асосии тарбияи оила ба ҳисоб меравад. Хотиррасон менамоем, ки барои ҳар як инсон дар зиндагӣ шахсони аз ҳама наздик ва мавриди эҳтиром ин падару модар мебошанд. Бинобар ин, мо бояд дар кадом ҳолате, ки набошад ҳуқуқи онҳоро риоя намоем ва эҳтиромашонро ба ҷо биорем.
Ҳомидов Абдулвоҳид