Рамазон фазилат ва манфиати он
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ганҷинаи нуронии Қуръон, Рамазон аст,
Оромиши дилҳои парешон, Рамазон аст.
Маҷмӯаи дилҳост, шабу рӯзи азизаш,
Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст
Худоро сипоси беадад, ки мо бандагонро ба моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи гунаҳсӯз эътироф шудааст, расонид. Моҳе, ки бедордилон онро интизорӣ мекашанд, моҳе, ки дар он борони раҳмати илоҳӣ бар бандагони мухлис сарозер мегардад.
Худованди Маннон дар Қуръони азимушшаъни худ мефармояд;
“ Эймӯъминон! Бар шумо рӯза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар пешиниёни шумо фарз шуда буд, бошад, ки шумо парҳезгор шавед.” (Сураи “Бақара”. ояти 183)
Яъне ин оят далел бар фарз будани рӯзаи моҳи Рамазон аст. Инчунин дар охири оят ҳикмат ва фавоиди рӯза баён мегардад, ки шумо ба сабаби рӯза доштан ботақво ва аз ҷумлаи парҳезгорон мешавед.
Шахси рӯзадор бояд шурӯъ ба худсозӣ намояд ва хоҳишу талаботи нафсонии худро мутобиқ бо фармудаҳои шаръи шариф гардонад, ки инро шохае аз тақво меноманд. Вақте инсон ба фармудаҳои Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳ меравад ва ризои худро дар ризои шаръ мебинад, пас ин шахс муттақӣ аст. Ва худи тақво иборат аз ризои Худо ва некӯкориҳост. Худованд дар Қуръони азимушшаън фармудааст: “Худо ҳатман, ҳамроҳи касоне бошад, ки тақво намудаанд ва касоне, ки онҳо накӯкоранд”(Сураи “Наҳл”. ояти 128).
Аттор он порсигӯи хушдил фармудааст:
Дар ин манзил зи тақво шодмон шав,
Ба покӣ аз ҳақиқат ҷони ҷон шав!
Дар ин манзил ба тақво дил фурӯ шӯй,
Даруни ҷону дил асрори кул ҷўй !
Маънои савм худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва қаробати ҷинсист, лекин одоб ва мустаҳабботе зарурӣ аз ҷониби шаръ барои рӯзадор пешбинӣ шудааст, ки инҳо худдорӣ аз беҳудагӯӣ, бадрафторӣ ва суханҳои бад аст.
Рӯза сабаби дурии мусалмон аз оташи ҷаҳаннам аст, пас бояд шахси рӯзадор кӯшиш ба харҷ диҳад, то суханони ношоиста нагӯяд ва бо касе ҷангу ҷанҷол нанамояд, агар касе ӯро дашном дод, бояд дар ҷавоб бигӯяд ”Ман рӯзадорам”. Албатта ин ба гуфтан ва шунидан осон аст, ки касе туро ранҷонад ва ту ҷавобе ба носазову фаҳшои ӯ нагӯи. Вале касоне, ки имони комил доранд ва аз ин ҳадисҳои гуҳарбори сарвари коинот бохабаранд, ин душвориро осон паси сар менамоянд. Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: Худованд фармудааст: “Тамоми амали фарзанди Одам барои ӯст, магар рӯза, зеро рӯза барои Ман аст ва Ман подоши онро ба ӯ медиҳам. Рӯза ба монанди сипар аст, пас агар нафаре аз шумо рӯзадор бошад, сухане ношоиста нагӯяд ва ҷанҷол накунад. Агар касе ӯро дашном диҳад, ё ба ӯ зӯроварӣ кунад, пас бигӯяд: Ман шахси рӯзадорам. Қасам ба Зоте, ки ҷони Муҳаммад ба яди Ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор назди Худованд хушбӯйтар аз бӯйи мушк аст. Барои рӯзадор ду хурсандист, ки бо онҳо хушнуд мегардад. Вақте ифтор менамояд, барои ифтор хурсанд мешавад ва вақте рӯзи қиёмат Парвардигорашро дучор мешавад, хушнуд мегардад”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
МАНОФЕИ РӮЗА
Рӯза барои рӯзадор як имтиҳони Худованд аст, ки бо вуҷуди ташнагиву гуруснагӣ ва мавҷуд будани анвои таъомҳои лазиз аз хӯрду нӯш ва ҳамбистарӣ худро нигоҳ медорад. Инчунин рӯза дар вуҷуди инсон ҳисси раҳму шафқат ва муҳаббату бародариро бедор мекунад. Чун фарди рӯзадор шиддати гуруснагиро паси сар мекунад, лоҷарам аз ҳоли гуруснагон бохабар мешавад ва барои ёрӣ ба мӯҳтоҷону дармондагон омода мешавад. Чун дар ин моҳи саропо раҳмату баракат дасти хайри худро боз мекунад, эҳсоси хушнудӣ менамояд, ки дарак аз мақбули даргоҳи Худо гаштани аъмолаш медиҳад. Дигар аз манофеи рӯза ин аст, ки ҳар шахс дар ин айёми пурбаракат бар замми касби ризои Худо, саломатии худро низ қавӣ месозад. Зеро дар натиҷаи пурхӯрӣ ва пайвастахӯрӣ дар ҷисми инсон пасмондаҳои ғизоӣ, ки ҷисми инсон онро ҳазм намесозад, боқӣ мемонанд ва ҷисм аз коркарду ҳазму ихроҷи он оҷиз мемонад. Ҳамин пасмондаҳо бо гузашти муддатҳо ба чарбу, холестерин, намак, қанд ва дигар маводи минералӣ дар таркиби хун ва қисматҳое аз бадан зиёд гашта аз меъёри лозима боло мераванд. Дар натиҷа ҷисм коршоямӣ ва қобилияти фаъолиятро то андозае аз даст медиҳад. Вақте қобилияти кории ҷисм поён рафт, рӯҳ низ боландагии худро гум мекунад ва дар натиҷа ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад.
Рӯза беҳтарин муолиҷа барои паст шудани сатҳи холестирини хун, қанд, чарбиҳо дар бадан аст. Ҳамчунин касоне, ки аз фишорбаландӣ ва бемориҳои дил ранҷ мекашанд, дар ин моҳ манфиати рӯзаро эҳсос менамоянд, зеро ҳангоми рӯзадорӣ тапиши дил кам шуда фишори хун ба эътидол меояд. Рӯза вазни бадани шахсони гирифтори фарбеҳиро кам карда сабаби шифои тарбод ва банду буғумҳо мегардад. Ҳамчунин рӯза масуният (иммунитет)ро баланд бардошта таркиби ҳуҷайраҳои барои масунияти бадан ҷавобгӯро даҳ маротиба беҳтар месозад. Рӯза захми меъда ва пайдоиши санги гурдаро пешгирӣ намуда бемориҳои рӯҳиро рафъ месозад. Инчунин рӯза хотираро мустаҳкам намуда кори ҷигар ва рӯдаҳоро муътадил мегардонад.
Ин чанд манфиати рӯҳонӣ ва ҷисмонии рӯза буд, ки зикр гардид ва бо ин адад манофеи рӯза интиҳо намеёбад. Ин тадқиқотҳои илмиву тиббие буданд, ки таи садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо баъди озмоишҳо ва ба воситаи технологияҳо ба даст омадааст. Аммо Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳанӯз чаҳордаҳ қарн пеш, замоне ки на озмоише буду на озмоишгоҳе ва на аз технология ва дастгоҳҳои навин нишонае, фармуда буданд; “Рӯза доред, тандуруст мегардед”.
Инчунин ҷои дигар асоси саломатиро дар се чиз нишон додаанд:
Рӯза, ҳиҷома, асал.
Мавлоно бар ҳақ фармуда:
Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,
Чун санг, ки сурмаи басар мегардад.
Он луқма, ки хӯрдаи қазар мегардад,
Вон сабр, ки кардаї, назар мегардад.
Дар охир ба кулли рӯзадорони ин моҳи муборак сабр, тавфиқ ва хушрафторию хайрхоҳиро таманно намуда уммеди он дорам, ки Худованди Маннон гуфтору амалҳоро бе риё гардонад ва ба даргоҳи бениёзаш мақбул гардонад ва ба гуноҳони мӯъминон қалами афв бикашаду растагори охират гардонад.
Омин ё Раббал оламин.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ.
Сардори Раёсати фатво.