Главная Статьи ИНКИШОФИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ​ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИМОМИ АЪЗАМ (рҳ)

ИНКИШОФИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ​ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИМОМИ АЪЗАМ (рҳ)

ИНКИШОФИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ​ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИМОМИ АЪЗАМ (рҳ)
2020-11-19
1830

     Мусаллам аст, ки миллати тоҷик соҳиби тамаддуни ҷаҳонгир ва бисёр қадима буда, дар арсаи илму фарҳанг донишмандони номвари зиёдеро барои хидмати оламиён тарбия карда расонидааст. Фарзандони фарзонаи миллати мо аксаран дар осори бебаҳояшон асосҳои илму фарҳанги замони хешро гузошта, тамаддуни ҷаҳониро ба сатҳи баланд расонидаанд ва худ ба мояи ифтихори башар табдил ёфтаанд. Дар ҳамин радиф, мо тоҷикон аз кору пайкори бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини Ислом, фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо унвони Имоми Аъзам маъруф гардидааст, ифтихори хоса дорем.

        Барои ҳамагон равшан аст, ки асосҳои ақоиди исломӣ дар мактаби фиқҳии Абўҳанифа гузошта шуда будааст ва то ба имрўз мусулмонони ҷаҳон дар шинохт ва маърифати фиқҳи исломӣ ба ин мактаби шукўҳманд рўй меоранд. Талошҳои фидокоронаи ин мутафаккири бузург ва донишманди бемисол дар инкишофи арзишҳои миллии мардуми тоҷик ва ҳифз гардидани амният ва ҳувияти миллии тоҷикон нақши рӯшан гузоштааст.

         Воқеан ҳам амният, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ заминаи таълимоти фиқҳи ҳанафиро ташкил медиҳанд, ки дар асл амну субот ва рушди ҷомеа бар он аст. Бисёр андешаҳои Имоми Аъзам (рҳ) ба ҳамбастагии ин мафҳуми сегона далолат мекунанд. Аз он ҷумла, ӯ фармудааст: “Худои азза ва ҷалла Расули худро ба инсоният ҳамчун раҳнамо барои афзудани дӯстӣ фиристодааст, на барои тафриқаю ихтилофи гуфтор ва шӯронидани одамон бар зидди ҳамдигар”.

        Дар ин баёни мухтасар риояти эҳтироми шахсият (ҳувият), рафъи тафриқаву ихтилоф (ваҳдат) ва фароҳам овардани амну осоиштагӣ (амният) бо ҳам омадаанд. Чунонки аз мутолиа бармеояд, андешаҳои мутафаккири бузург дар бисёр маврид ба таври ҷамъбастҳои фалсафӣ иброз гаштаанд. Дар асл чунин хулосаҳо аз моҳият ва мазмуни фаъолияти сарвари мактаби маърифатии ӯ маншаъ мегирад. Чунончи, нуқтаи назари Имоми Аъзам (рҳ) оид ба мақоми илм, таълим ва тарбияти шахсият-шогирдони шоиста ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонад. Аз ин ҷиҳат, аз баргузидатарин ва тавонотарин мактабҳо дар асрҳои миёна мактаби фиқҳии Имом Абўҳанифа (рҳ) маҳсуб мегардад, ки бо равиши хосаи худ на танҳо дар Шарқи мусулмонӣ, инчунин дар саросари ҷаҳони ислом шуҳрати беназир касб намудааст. Вуҷуди чунин мактабҳо бори дигар собит месозад, ки мактабҳои гузашта бо раванди мушаххас ва тарзи таълими арзишманди худ дар омўзонидани шогирдони кўшо ва хушсалиқа намунаҳои беҳтарини макотибу мадориси машриқзамин буданд. Пас, бояд гуфт, ки дар майдони таълиму тарбият бунёди илмиву амалии чунин марказҳои тадрису тарбият бо тақозои замон ва ба саҳму эҳтимоми фардҳои сарсупурдаи ислом аз миллати тоҷик устувор гардидааст.

          Пас аз садсолаи аввали ҳиҷрати ҳазрати Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) пайдоиш ва нуфузи мактабҳои илмии Бағдод, Кўфа, Басра, Мадина ва дигар марказҳои фарҳангӣ аҳли дониш ва фарҳанги исломро бори дигар ба ҳам овард ва ба рушду нумуви илму ирфон такони тозае дод. Дар Кўфа Имом Абўҳанифа (рҳ) мактаби омўзиши масоили фиқҳи исломро бунёд гузошт ва аксари муҷтаҳидон дар таҳлил ва тавзеҳи масоили фиқҳӣ рў ба мактаби он ҳазрат оварданд.

           Дар замоне, ки ҷомеаи исломӣ рў ба такомул оварда буд ва масоили зиёди ҳуқуқӣ пайдо шуда буданд, на ҳар кадом донишманде равиши ҳаллу фасли он масоилро дар асоси оёти Каломи раббонӣ ва аҳодиси набавӣ ошкор гардонида метавонист. Маҳз дар чунин айём Имоми Аъзам Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит рўйи кор омад ва мактаби бузурги фиқҳи исломиро эҷод кард, ки он минбаъд бо унвони Мактаби фиқҳи ҳанафӣ шинохта шуд ва шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Абўҳанифа (рҳ) дар устувории бунёди мактаб ва мазҳаби худ ба ду пояи асосӣ такя дорад: нахуст, оёти Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ ва сониян, манбаъҳои маълум ва далелҳои асил аз ҳамсафони Паёмбари ислом (с). Ин тарзи ҳалли масоили фиқҳӣ ҳам барои мазҳаби ҳанафӣ ва ҳам барои фиқҳи исломӣ ҳамчун асос пазируфта шудааст.

         Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, Имом Абўҳанифа (рҳ) ҳар рўз пас аз намози бомдод дар масҷид ба шогирдон дарс мегуфт. Пас аз он дар ягон масъалаи нав пайдошуда фатвои худро баён медошт. Дар ҳамин замина ба саволҳои гуногунмавзўъ, ки аз ҳозирин мерасид, ҷавобҳо медод. Дар чунин дарсҳо мардуми зиёде барои шунидани Имом аз тамоми гўшаҳои наздику дур ҳозир мешуданд. Пас аз суҳбат бо мардум ў бо шогирдони беҳтарини худ доир ба аҳкоми шаръӣмашғулияти махсуси амалӣ мегузаронид. Дар ҷараёни ин гуна машғулиятҳо масоили фиқҳӣ ба таври дастҷамъӣ таҳлил гардида, ҳамагон ба қарори муайян меомаданд ва хулосаи охирин дар китобе бо номи «Усул» сабт мегардид.

         Яке аз сабабҳои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вусъат ёфтани омўзиш дар мактаби фиқҳи ҳанафӣ ба шогирдон меҳрубон будан ва шогирдонро баробари фарзанд азиз доштан аст, чунонки дар васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди гиромиқадраш Абўюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ омадааст: «Бо шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гўё ҳар як аз ононро фарзанди худат медонӣ, зеро ин амр рағбат ва алоқаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард».

           Абўҳанифа ҳеҷ маблағеро барои омўзиш ва парвариши шогирдонаш дареғ намедошт. Ҳамеша аз эҳтиёҷоти онҳо хабардор шуда меистод ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекард. Ин имкон медод, ки шогирдони болаёқат ва хушзеҳни ў дар пайи касби маоши оила шуда аз омўзиш дур намонанд. Чунончи, ҳангоме ки шогирдаш Абўюсуф маҳфили Абўҳанифаро тарк намуд, сабаб пурсид. Чун донист, ки барои ба даст овардани маблағ ин корро кардааст, ба ў ҳамёни пул дод ва таъкид намуд, ки ҳар гоҳе тамом шавад, боз дирҳам хоҳад дод. Абўюсуф нақл мекунад: ҳар гоҳ ки пули ман тамом мешуд, ҳарчанд ман намегуфтам, ҳолро ҳис мекард ва боз дирҳам медод.

            Дар таълимоти Имоми Аъзам ҷиҳати дигар ин буд, ки пайваста омўхтани илмро дар мадди аввал мегузошт ва шогирдонро талқин менамуд, ки дар андўхтани илму дониш саҳлангорӣ накунанд, омўзишро ба вақти дигар нагузоранд. Чунончи, Абўҳанифа (рҳ) ба беҳтарин шогирдаш мефармояд: «Сараввал дониш биҷў,  баъдан ба маблағи зарурӣ соҳиб шав, баъд ба ҷустани зан бош. Агар аввал боигарӣ ҷўӣ, дигар дониш ҷуста наметавонӣ ба корҳои дигар банд мешавӣ. Ва агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ биафтӣ, мумкин аст маҷбур шавӣ, то барои аёл ва фарзандон талош кунӣ ва шояд аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар он сурат на илм омўхтӣ ва на мол ба даст овардӣ».

           Усули тадриси Имом Абўҳанифа барои мо имрўзиён низ шоистаи пайравӣ ва омўзиш аст. Он усулҳои таълимӣ, ки бо унвонҳои мусоҳиба, мубоҳиса, муаммогузорӣ, пажўҳишӣ ва дигарҳо дар таълими имрўза роиҷҳастанд, дар тарзи тадриси он Ҳазрат ба сифатҳои болотар ва дар шаклу намудҳои мувофиқтар истифода шудаанд. Усули берун овардани нуҳуфтаҳои замири шогирдон, ҷаҳду ҷадали ҳамагонӣ ва бардавому ғайратмандона дар таҳқиқи масоили фиқҳи исломӣ, расидан ба хулосаҳои саҳеҳ дар ҷараёни мубоҳисоти солим, хор надоштани илм, эҳтироми мақому манзалати олим ва монанди инҳо аз афзалиятҳоест, ки дар таълимоти ин омўзгори бемисол ва нотакрор ба ҳам омадааст. Аз ин рў, моро зарур аст, ки дар ҷодаи омўзишу парвариш барои ба даст овардани натиҷаҳои боз ҳам беҳтар аз мактаби арзишманди ҳазрати Имоми Аъзам бозомузӣ намоем.

           Хулоса, мазҳаби Имоми Аъзам, ки ташвиқкунандаи арзишҳои меҳварии дини мубини Ислом аст, дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғановатманд гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии башарият нақши судманду муассир мегузорад. Инчунин дар такя ба арзишҳои аслии инсонӣ, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳу амнияти халқҳо метавонад мусоидат намояд.

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее