ФАЗИЛАТИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Алҳамду лиллоҳи Раббил-оламин вал-оқибату лил-муттақин вассалоту вассалому ало Расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин. Аммо баъд…
Худои таъоло инсонро офарид ва ўро дар замин мустақар сохт. Барои ҳар кас ватане қарор дод ва ободонии дунёву охиратро ба зиммааш гузошт. Мусулмон касест, ки дар ободонии диёри худ кўшиш мекунад ва дигаронро ба он ташвиқ менамояд. Зеро покизагӣ ва ободкорӣ нишонаи имондорӣ ва шиори дини мубини Ислом аст.
Чунончи маълум аст, дини Ислом дини кору амал ва саъйу кўшиш аст, кору талош барои ҳам дунё ва ҳам охират. Худованди Мутаъол мефармояд:
«Ва дар он чи Худо ба ту ато кардааст, (салоҳи) сарои охиратро биҷўй ва аз дунё ҳиссаи худро фаромўш макун». (Сураи «Қасас», ояти 77).
Дар ин оят Худованд бандагонашро хотиррасон мекунад, ки неъматҳо ва зарфиятҳову истеъдодҳои ҷисмию равонии ба онҳо атокардаи ўро истифода намуда, ҷаҳони охираташонро обод созанд ва ҳамзамон барои ободонии дунё саъйу талоши худро дареғ надоранд. Дар ояти дигаре Худованди Мутаъол мефармояд:
«Ў Он аст, ки заминро барои шумо ром сохт, то дар рўи он роҳ равед ва аз ризқи Худо бихўред. Ва барангехтан ба сўи Ўст». (Сураи «Мулк», ояти 15).
Дар ҳар давру замон мусулмонон бо тамаддуни қадима ва шаҳрҳои обод машҳур буданд ва ихтирооту иншоотҳои бузург мероси оламшумули мусулмонон аст. Имрўз мо низ бояд камари ҳиммат баста дар ободонии ватани худ ҳарис бошем, кўчаву маҳаллаи худро обод намуда, онро ба гулгашту мусалло табдил диҳем. Вақти он расидааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутараққӣ ва сарсабзу хуррам муаррифӣ намоем.
Мегӯянд, садақаи ҷория он аст, ки мардум аз он нафъ баранд. Сохта ба истифода додани иншоотҳои ниёзи мардум аз қабили мактабу беморхона, масҷид, пулу роҳҳо, обанбору нерӯгоҳҳо ҳамааш садақаи ҷория аст, ки ба инсон ҳам дар дунё ва ҳам дар охират манфиат дорад. Бинобар ин, ҳар мусулмони боимон бояд дар чунин корҳо кӯшишу ғайрат кунад. Аз анъанаҳои қадими халқи мо ин тозаву озода намудани кўчаву маҳалла, хиёбону майдонҳои диёр мебошад. Аҷдодони мо пайваста гирду атрофро обод мекарданд, аз ҳоли калонсолону ятимон, муҳтоҷону барҷомондагон хабар мегирифтанд, ки чунин амалҳои хайр барои ҳар яки мо низ воҷиб мебошад.
Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегўяд: «Барои дунёят чунон кор кун, ки гўё ба таври ҳамеша зинда ҳастӣ ва барои охиратат чунон кор кун, ки гўё фардо мемирӣ».
Худованди мутаъол бандагони худро дар баробари адои маросими ибодот ба кору пайкор дар умури зиндагӣ дастур дода, мефармояд:
«Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед». (Сураи «Ҷумъа», ояти 10).
Ҳар як мусулмони кишвар огоҳ аст, ки ҳамарўза дар миқёси ҷумҳурӣ мардум остин барзада ба ободонии диёри азиз саҳм мегузоранд, гулгашту боғҳоро обод мекунанд, кўчаву хиёбонҳоро тозаву озода намуда, буттаву гулҳои тоза мешинонанд. Хусусан, дар пойтахти кишвар тамоми мардуми бо нангу номус рўзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, дар маъракаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва ободониву тозагӣ ватани азиз саҳми худро мегузоранд.
Намунаи барҷаста ва боиси пайравии ҳамагон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат баҳри ободонии ватани азиз ҳамеша дар талош буда, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то кишвари мо боз ҳам ободтар гардад.
Ҳар ҷо, ки қадами подшоҳ расад, гулистон мешавад – гуфтаанд бузургон. Ҳақиқатан чун Пешвои миллат ба минтақае сафар мекунанд, он мавзеъ гулистон мешавад. Ҳамагон огоҳанд, ки Роҳбари давлати тоҷикон бо дасти худ дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонда, бо ин амали худ барои ҳамагон намунаи ибрат гаштанд. Шумо худ воқифед, ки боғҳои бунёднамудаи Пешвои миллат аллакай самараи неке ба бор меоваранд.
Ҳамин тариқ бунёди даҳҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим, ободии минтақа, сарсабзии ҳар хонадон, шодиву сурури хурду калон аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Тоҷикистон роҳи пешрафту тараққиётро интихоб карда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мемонад. Некиву накўкорӣ одамонро ба ободиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунанд. Ҳамин ободиву бунёдкорӣ аст, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон мавқеи худро дорад ва ин ҳама аз дастовардҳои истиқлол аст.
Мо бояд аз хотир набарорем, ки Худованд хушбахтии ҳар халқ ва ободии ҳар кишварро ба дасти худи ў вогузор кардааст. Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кўшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта обод мешавад, зеро Қуръони карим фармудааст: «Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд».
Пас моро лозим аст, ки ба тағйир ва такмили замири худ дар хештаншиносиву ватандорӣ рў оварем. Аз ин рў, ҳамаи моро зарур аст, ки бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намуда, дар тарбияи фарзандон ва ободии ватани худ саҳмгузор бошем.
Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба мову шумо изҳори боварӣ намуда, чунин гуфтанд:
«Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Аз ин хотир мо ҳамагон шабу рўз ба даргоҳи Худованди таъоло шукрона аз он кунем, ки дар фазои амну оромӣ ва озодию якдигарфаҳмӣ ибодатҳои худро адо менамоем. Шукрона кунем, ки Ватан дорем ва моро дар тамоми дунё бо фарҳанги ғании тоҷикиамон мешиносанд ва қадр мекунанд. Набояд фаромўш кард, ки ин ҳама озодиҳо ва дастовардҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ фароҳам омадааст ва чун гавҳараки чашм онро бояд ҳифз намоем.