ХУДКУШӢ АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ
Солҳои охир дар ҷомеаи шаҳрвандии мо як ҳодисаи нангин ва падидаи манфӣ ба назар мерасад, ки ҳар шахси солимфикрро ба андеша водор менамояд. Ин ҳодисаи нангин ба худкушӣ даст задани як зумра ҷавонони бетаҷриба мебошад. Чунин падидаи манфӣ нишонаи имони ноқис ва ё имони бемор аст, зеро дидаву дониста ба худкушӣ даст задан дар шариати исломӣ ҳам гуноҳ ҳаст, ҳам ҳаром. Ҳар гуноҳе, ки дар мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, ба худкушӣ низ бевосита дахл дорад, зеро худкушӣ бо кадом як сабабе рух надода бошад, ин пешгирӣ кардани ҳукми илоҳӣ ҳисобида мешавад. Худкушӣ аз байн бурдани нафс ба ҳисоб меравад, ки Худованд онро ба амонат гузоштааст. Ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, на танҳо хиёнат кардан, балки нисбати ба ин амонат бетаваҷҷуҳӣ кардан низ иҷозат дода намешавад. Худованд дар ояти 29-уми сураи «Нисо» мефармояд:
«…Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст».
Ҳадафи таълимоти Ислом дар самти тарбияву парвариши инсон гуногунҷабҳа буда, собитқадам ва соҳибирода ба воя расонидани муъминро дар баробари мушкилоти зиндагӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа меҳисобад. Ислом ҳаргиз тарсончаку нотавон ба воя расонидани муъминро тарафдорӣ намекунад ва аслан ин ҳолатро имону ахлоқи исломӣ иҷозат намедиҳад, чунки тарс аз мушкилоти зиндагӣ нишонаи заъфи имон дониста мешавад. Пайғамбари Ислом (с) онҳоеро, ки даст ба худкушӣ задаанд, аз лутфу карами Худованди меҳрубон маҳрум дониста, аз зумраи ба ғазаби Худованд гирифторшавандагон медонад. Дар ҳадиси саҳеҳ аз Расули Худо (с) оварда шудааст, ки як нафаре аз пешиниён захмӣ шуда, ба дарду алами захмаш тоб наоварда, бо корде рагҳои дасташро буридааст ва дар натиҷа вафот кардааст. Худованд фармудааст: Бандаи Ман нисбати ҷони худ аз Ман пешдастӣ кард ва Ман ҳам ӯро аз биҳишт маҳрум кардам (Ривояти Бухорӣ).
Биёед андеша намоем, модоме касе ба хотири бардошт накардани дарди захми худ ба худкушӣ даст зада бошад, Худованд ӯро аз биҳишт маҳрум сохтааст, пас ҳоли касоне, ки ба хотири дар муомила шикаст хӯрдан, аз имтиҳон нагузаштан ё ба висоли маъшуқаи хеш нарасидан ё ба хотири камбизоатӣ даст ба худкушӣ мезананд, чӣ гуна бошад?
Дар ин маврид ба ҳадисҳои зерин таваҷчуҳ намоед:
- «Ҳар касе бо корд худкушӣ мекунад, рӯзи қиёмат бо ҳамон корд ба таври ҳамешагӣ ба оташи ҷаҳаннам партофта мешавад».
- «Ҳар касе худро қасдан аз кӯҳ партофта худкушӣ кунад, дар оташи дӯзах абадӣ мемонад».
- «Ҳар касе ба воситаи истеъмоли заҳр худкушӣ кунад, ҳамон заҳр дар дасташ дар дӯзах абадӣ мемонад».
- «Ҳар касе бо роҳи буғӣ кардан ё ресмон худкушӣ мекунад, бо ҳамон роҳ дар дӯзах азоб дода мешавад».
- «Ҳар касе бо кадом воситае, ки набошад худкушӣ кунад, бо ҳамон чиз дар охират азоб дода мешавад».
Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки худкушӣ дар шариати Ислом комилан раво набуда, ҳаром дониста шудааст. Аз Абӯҳурайра (раз.) ривоят шудааст, ки ҳеҷ кас барои худ маргро орзу накунад. Агар накӯкор бошад, пас накӯияшро зиёда гардонад ва агар бадкирдор бошад, пас дар назди Худованд аз амалҳои бади хеш тавба намояд (Ривояти Бухорӣ).
Аз Абӯҳурайра (раз.) ҳамчунин ривоят аст: «Шахсе Кирмон ном дошту даъвои ислом мекард, вале мунофиқ буд. Пайғамбар (с) гуфтанд, ки ӯ дӯзахист. Дар муҳорибаҳо корнамоиҳои зиёде нишон медод, аз ин корнамоиҳои ӯ дар майдони ҷанг мардум ба ҳайрат омада аз Пайғамбар (с) пурсиданд: Эй Муҳаммад (с) он шахсеро, ки ӯро дӯзахӣ хондаӣ, бубин чӣ қадар корнамоиҳо нишон медиҳаду чӣ қадар ҷароҳатҳо бардоштааст. Пайғамбар (с) боз ҳам посух гуфт, ки бале ӯ дӯзахист. Баъзеҳо ба ин суханони Пайғамбар (с) шак оварданд. Билохира, он шахс дар ҷанг ҷароҳатҳои зиёд бардошта, ба дарди он тоқат наоварда, худро бо тир мекушад. Марде ба назди Пайғамбар (с) омада воқеаро баён мекунад. Пас Пайғамбар (с) гуфтанд: «Ман шаҳодат медиҳам, ки банда ва Пайғамбари Худоям». Сипас такбир гуфта, ба Билол ибни Рабоҳ (раз.) амр намуданд: «Бигӯ! Дохил намешавад ба ҷаннат магар муъмин, ҳарчанд бо воситаи марди фосиқе низ Худованд ба динаш нусрат бахшида бошад» (Ривояти Бухорӣ).
Ба ҷавонон оқибатҳои худкуширо бо ҳар роҳу восита бо истифода аз ҳар лаҳзаи муносиб бояд фаҳмонд, шояд аксари онҳо аз ҳаром будани худкушӣ бохабар набошанд. Илова бар ин ривоятҳои зиёде низ вуҷуд доранд, ки хондани ҷанозаи шахси ба худкушӣ дастзадаро иҷозат намедиҳанд.
Дар ҳадисе аз Ҷобир ибни Самура (раз.) ривоят шудааст, ки мардеро назди Пайғамбар (с) барои ҷаноза оварданд. Он мард худро ба қатл расонида буд. Паёмбари Худо (с) аз хондани ҷанозаи ӯ худдорӣ карданд (Ривояти Бухорӣ).
Аз ин рӯ, Имом Абӯюсуф яке аз шогирдони машҳури Имоми Аъзам (раҳ.) бар асоси ҳадиси мазкур фатво додааст, ки хондани намози ҷанозаи шахси худкуш дуруст намебошад.
Дини мубини Ислом ҳамеша инсонро ба роҳи покӣ аз ҳар гуна фасодҳо, эҳтироми ҳуқуқҳои якдигар, зарурати амнияту солимии ҷомеаро аз роҳи омӯхтану таълим гирифтан ташвиқу тарғиб менамояд. Худованд дар Қуръони карим инсонро ба сӯи Худову худшиносӣ, саодат ва хушбахтии ҷовидонӣ роҳнамун месозад. Беҳуда нест, ки инсонро аз дигар офаридаҳояш мукаррамтару воломақомтар тавсиф кардааст.
Дар ояти 70-уми сураи «Банӣ Исроил» омадааст: «Худованд барои инсон беҳтарин неъмат - ақлро ато намудааст, то ки одамизод ба шарофати он ба сарфарозӣ расидааст». Ҳаким Форобӣ дар ин маврид қайд намудааст, ки одами боақлу бофаросат бояд бо худ баҳс кунад, рафтори хешро зери назорат қарор бидиҳад, зеро танҳо ҳамин ҳисоби нек ӯро ба роҳи рост ҳидоят хоҳад кард.
Инсони оқил набояд асири дасти шайтон ва васвасаҳои ӯ шуда, гирифтори ҳаловату лаззату шавқу рағбатҳои шаҳвонӣ гардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки агар одам нафсро ба ихтиёри худ гузорад, аз оқибати бади он эмин намемонад. Ақл бояд нафсро идора карда тавонад, зеро аксари музаффариятҳои одамӣ танҳо аз ҳамин роҳ ба даст меоянд. Рафтори номақбул боиси пайдо шудани одами бад хоҳад шуду аз байн бардоштани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ. Мутаассифона, одамоне низ ҳастанд, ки асири васвасаҳои нафси шайтонӣ шуда, неъмати Худовандӣ – ақлро қурбони ҷаҳолату таассуб намуда, оқибат даст ба худкушӣ ва дигар корҳои номатлуб мезананд. Ҳам қатли одам ва ҳам худкушӣ дар шариати исломӣ ҳаром аст. Худованд дар Қуръони карим фармудааст:
«Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маяфканед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад» (сураи «Бақара», ояти 195).
Мутаассифона, бештари онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, ҷавонон мебошанд. Онҳо ба сабабҳои ночизи зиндагӣ сабру тоқат наоварда, ба ин кори нолоиқ даст мезананд. Боварии комил дорем, ки ҳамаи ин натиҷаи бекорӣ ва бефарҳангию ҷоҳилӣ мебошад. Бахту саодати одам ба донишу ҷидду ҷаҳди худи ӯ вобаста аст. Форобӣ шарти асосии саодати инсонро иборат аз некӣ кардан медонад. Афлотуни ҳаким низ роҳи саодатро дар донишу ахлоқи ҳамида дидааст.
Тибқи ваҳйи ба Ҳазрати Муҳаммад (с) нозилшуда ҳаёти инсонӣ танҳо ба як давраи маҳдуди замони зиндагии ӯ дар замин интиҳо намеёбад. Яъне, фарорасии марг маънои интиҳои ҳаётро надошта, маънои дигар шудани шакли ҳаётро дорад. Дуруст аст, ки бо фарорасии марг рӯҳи инсонӣ аз ҷисм то рӯзи қиёмат ҷудо мешавад. Рӯзи қиёмат бошад, рӯҳ аз нав ба ҷисм барои ҷовидонӣворид шуда, инсон ба назди Офаридгори худ барои ҳисобот аз кору аъмоли худ ҳозир мешавад. Танҳо баъди анҷом ёфтани суди одилонаи илоҳӣ инсон ба биҳишт ва ё дӯзах равон карда мешавад.
Аз суханҳои боло метавон натиҷа гирифт, ки марги табиии инсон - тавлиди дубораи инсон мебошад. Ҳаёту марг дар дасти Худованди бузург аст. Ҳеҷ кас бо майлу рағбати худ ба дунё наомада, рафтани ҳеҷ касе низ ба ӯ вобаста намебошад.
Дар ҳадисе оварда шудааст, ки «Ду хайре вуҷуд дорад, ки мардум онро эҳсос намекунанд: тани сиҳат ва вақти фориғ» (Саҳеҳи Бухорӣ).
Мақсад аз вақти фориғ умр ва зиндагии инсон аст. Ҳаёт сармояи бандаи муъмин аст, зеро ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳар лаҳзаи вақти худро ба воситаи наздикӣ ёфтан ба Зоти поки бениёз аз роҳи донишомӯзӣ ва анҷоми корҳои хайр истифода намояд.
Ҳаёти инсонӣ эҳдои Худованд аст ва ҳеҷ кас ҳуқуқи онро надорад, ки касеро аз ҳаёт маҳрум намояд. Бандаи муъмин бояд ба қадри ҳаёт бирасаду эътиқод намояд, ки ҳаёти ин дунёӣ имтиҳон аст ва ҳаргиз маъюсу ноумед нахоҳад шуд. Бояд бовар дошта бошад, ки ҳама чиз дар дунё ба ризоияти Худованд рух медиҳад. То вақте корҳои ӯ хубу шоиста мебошанд, бояд шукри Худовандро ба ҷой оварад ва ҳар гоҳ мушкилие пайдо шавад ба лутфу карами Худованд умед бибандад.
Ҳаёт ҳадяи Худовандист, ки онро барои омодагии қаблӣ барои ҳаёти дигари ухравӣ дар корҳои хайр истифода бояд бурд.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи мо дар назди Худованд барои ҳастии худу ҳаёти дигарон масъулем. Мо бояд аз ҳар лаҳзаи он истифода бурда, барои дарёфти ҳаёти ҷовидон дар биҳишт, ки он ҷо машокили зиндагӣ, яъне ноумедӣ вуҷуд надорад, ҷаҳду талош намоем.
Ҳаёти инсон муқаддас аст, зеро он аз нафаси раҳмонӣ сарчашма гирифтааст, барои ҳамин ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҷони худ ва дигаронро бо роҳҳои ғайри илоҳӣ ба ҳалокат расонад. Худованд мефармояд:
«Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ мекушед! Ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, пас вориси ӯро қуввате додааст, пас, бояд, ки дар куштан зиёдаравӣ накунад…» (сураи «Исро», ояти 33).
Дар ояти 34-и сураи «Аъроф» Аллоҳ таоло фармудааст:
«Ва ҳар гурӯҳеро муҳлате ҳаст. Пас чун муҳлаташон биёяд, на як соат таъхир кунанд ва на пеш раванд».
Дар ояти 78-и сураи «Нисо» омадааст:
«Ҳар ҷо, ки бошед марг шуморо дармеёбад, агарчи дар кохҳои баланд бошед…».
Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки барои аз байн бурдани ингуна ҷиноятҳои мудҳиш, ки хилофи шариати исломӣ ва сиришти инсонӣ мебошад, якҷо мубориза барем ва нагузорем ҷавонони зебою баркамоли мо бо ин кори бешарафона худро аз неъматҳои ҷовидонаи биҳишт маҳрум созанд.
Имрӯз дар ҷомеа ин падидаи номатлуб, яъне худкушӣ, бештар дар байни духтарон ва ноболиғон ба назар мерасад.
Ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани он нақши падару модар, ходимони дин ва ҳар як фарди ҷомеа хеле назаррас аст. Моро зарур аст корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро бештар намуда, ба ҷавонон қиммати зиндагӣ ва ба қадри неъматҳои Худованд расиданро талқин намоем, зеро ҳаёт беҳтарин неъмат буда, паёмадҳои нек, хушиву хурсандӣ ва лаҳзаҳои хушбахтӣ дорад, ки онро бояд қадр кард.