ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳамду сано ба Парвардигори оламиён, дуруду салом бар Паёмбари охирзамон ва ҳамаи хонадону ёрони ў бод.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди тоҷик ва дигар сокинони гуногунмиллати ин сарзамин, онҳое, ки дар ин ватан зиндагӣ ва фаъолият ихтиёр кардаанд, ҷашни муборак ва ниҳоят азизу гиромӣ – 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Истиқлол мафҳумест, ки онро наметавон ба як-ду ҷумла шарҳ дод: он фарогирандаи буду набуди мост, фазо ва муҳитест, ки моро дар бар мегирад, озодӣ ва мустақилияти комили мо чӣ дар дохили ватан ва чӣ дар беруни он аст.
Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон онро 31 сол пеш ба даст овард, бо хости Парвардигор ва натиҷаи кўшишу талоши тўлонии халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат дар роҳи пуршебу фарози таърих мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва кўшиши расидан ба давлатдории миллӣ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму технология ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Агар истиқлолият ҳастии миллату давлат бошад, пас фарҳангу маънавияти исломӣ дар пайкари ин ҳастӣ нақши қалбро дорад. Мардуми мусалмони Тоҷикистон аз он ифтихорманданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳофизи исломи асил ва мухолифи таассубу хурофот борҳо аз минбарҳои баланд ба ҳимояти арзишҳои исломӣ садо баланд карда, динро ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ эътироф намудааст.
Истиқлолият ҳамон неъмати бебаҳоест, ки бо саъю талошҳои тўлонии фарзандони ҷонфидои ин миллат дар натиҷаи паси сар кардани чандин имтиҳоноти вазнин дар масири таърих ба мардуми шарифи Тоҷикистон муяссар шудааст.
Ба қавли Мавлонои Балхӣ:
Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
ҳеҷ дигар ҷойи қилу қол нест.
Халқи тоҷик дар тўли таърих ба ҳайси халқи тамаддунофар шинохта шудааст. Яъне мардуми мо тавассути хиради азалии худ тавонистаааст, ки дар таърих дар бунёди кишвардориҳои бузург саҳми арзандае гузорад ва мондагории худро дар саҳифаҳои таърихи башар таъмин намояд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дармеёбем, ки чеҳраҳои дурахшоне бо қаҳрамонию диловарӣ, эҷодкорию ҳунармандӣ ва муборизаҳои ватанхоҳонаи худ боиси ифтихор ва намунаи ибрати аҳли башар гардида, дар даврони мухталиф пешвои сиёсию динӣ ва фарҳангию илмии тамаддунҳои гуногун гардидаанд. Корнамою муборизаҳои Куруши Кабир, Спитамен, ақлу фазилати волои Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Исмоили Сомонӣ, эҷодиёти Рўдакӣ, Фирдавсӣ, ҷалолиддини Балхӣ, дастовардҳои илмии Ибни Синою Закариёи Розӣ ва ҳазорҳо тани дигар тавонистаанд, ки миллати тоҷикро дар тўли қарнҳои гуногун дар арсаи ҷаҳонӣ пойбарҷо нигаҳ доранд. Хидмати чунин афроди муътабар на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми башарият аҳаммияти бузург доштанд ва то имрўз моҳияти худро аз даст надодаанд.
Миллати тоҷик баъд аз муборизаҳои зиёди сиёсӣ тавонист, ки дар асрҳои IX-X тавассути корнамоиҳои сулолаи Сомониён давлати мустақили худро ба даст орад. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ба анҷом расид ва забони порсии дарӣ ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳими давлати мустақил забони расмии давлати Сомониён гардид. Ин мустақилият то андозае тавонист, ки дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҳамон замон мусоидат намояд ва мардум то андозае дар шароити осоишта умр ба сар баранд.
Дар даврони мо бо розигии Худованди мутаъол ва тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сол то сол истиқлолияти миллати мо истеҳком меёбад ва дар арсаи байналмилалӣ миллати тоҷик ба ҳайси миллати сулҳпарвар эътироф мегардад. Дар ин замина обрўю эътибори миллат тавассути сиёсати инсонпарварона ва сулҳҷўёнаи Роҳбари сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле афзоиш ёфтааст. Дар доираи мамлакатҳои мусулмоннишин низ мавқеи Тоҷикистон хеле боло рафтааст. Ин аст, ки Тоҷикистонро ба узвияти аксар созмонҳои гуногуни исломӣ пазируфтаанд.
Обрўю эътибори Сарвари кишвари мо дар доираи мамолики исломӣ аз он ҷиҳат аст, ки он кас мудом аз дини мубини Ислом дифоъ карда, аз сарони давлатҳои дигари ҷаҳон тақозо мекунад, ки ҳамагуна ваҳшонияту терроризмро ба Ислом нисбат надиҳанд, чунки Ислом ба зоти худ дини инсонпарвар буда, зўроварию кушторро маҳкум менамояд. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, террористон аслан дину миллат надоранд, онҳо ба муқобили дину миллати худ мубориза мебаранд ва барои манфиату ғаразҳои худ ба ягон арзиш эҳтиром намегузоранд.
Яке аз фазилатҳо ва амалҳои ибратпазири Пешвои миллат ҳамин аст, ки доимо мардумро, хусусан, насли наврасро ба омўхтани илму дониш ва касби камол кардан аз навгониҳои замони нав огоҳ мекунад. Бидуни илму дониш наметавон ҷомеаро пеш бурд, наметавон тараққӣ кард, наметавон истиқлолиятро нигаҳ дошт. Бесаводӣ заминаи хурўҷи хурофот ва ҷаҳолату сарсониҳои фикрист. Ба андешаи Пешвои миллат, ҷавонони дур аз илму хирад, холӣ аз маънавият ва тарбия на фақат барои муҳити хонавода, балки барои ҷомеа низ хатар эҷод мекунанд. Айёми ҷавонӣ марҳилаи ҷустуҷўҳост, марҳилаест, ки инсон мехоҳад мавқеи хешро дарёбад, зўру тавони худро истифода кунад ва истиқлоли андешаву ҷоҳу ҷалол дошта бошад. Иқболи бузург дар ин хусус мефармоянд:
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.
Бояд донист, ки илму донишро дар дини мубини Ислом дорои қурбу манзалати бузург аст ва далелаш нахустин ояти Қуръони карим мебошад, ки ба Пайѓамбар (с) нозил шуда: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид». (Сураи «Иқраъ», ояти 1). Суннати набавӣ низ ба ҷойгоҳи волои илму дониш таъкиди фаровон дорад ва саъю талош дар роҳи касби илмро василаи расидан ба биҳишти барин қарор додааст. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: «Шахсе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷўяд, Худованд барои ў роҳе ба сўи биҳишт омода мекунад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Донишманди гиромии ислом Абдуллоҳ ибни Масъуд мефармояд: «Дониш омўзед, чун онро фаро гирифтед, пас ба он амал кунед». Ҳамчунин мегўяд: «Вой бар касе, ки намедонад ва агар Худо бихоҳад, ба ў илм медиҳад. Вой бар касе, ки илм дорад, аммо ба он амал намекунад».
Ҳамин тавр, аз ҳама авомили тақвиятдиҳандаи истиқлол барои ҳар давлат ва дар ҳама давру замон дар баробари адолати иҷтимоӣ, худогоҳии шахсӣ ва иҷтимоию миллӣ, рушди иқтисод ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум – ташаккули ҷаҳонбинӣ тавассути аз бар намудани илму дониш ва мусаллаҳ шудан ба дунёфаҳмии муосир аст, ки бидуни он наметавон роҳи тўлониро дар масири истиқлол тай кард.
Хомўшов Ҷамлоиддин-Сардори Раёсати фатвои Маркази исломӣ