Главная Статьи МАВЛОНО ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ – МУРШИДИ ТАРИҚАТИ НАҚШБАНДИЯ

МАВЛОНО ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ – МУРШИДИ ТАРИҚАТИ НАҚШБАНДИЯ

МАВЛОНО ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ – МУРШИДИ ТАРИҚАТИ НАҚШБАНДИЯ
2023-09-26
433

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

    Дар самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе Ҳазрати Мавлоно ном деҳкадае воқеъ  аст. Дар ин деҳкада оромгоҳи пешвои тариқати нақшбандия ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ мавҷуд аст. Ин ному насаб дар Тоҷикистон ва олами Ислом машҳур мебошад. Вале на ҳама одамон аз шахсияти ин бузургвор ва саранҷоми зиндагии ў огоҳанд. Мо дар ин навишта кўшидаем бо такя ба аснодҳои таърихӣ то андозае аз рўзгор ва осори Мавлоно Яъқуби Чархӣ-мутафаккир ва файласуфи барҷастаи форсу тоҷик хонандаи худро ошно созем.

   Мавлоно Яъқуб ибни Усмони Чархӣ дар нимаи дуюми асри XV дар деҳаи Чархи Афғонистон дар оилаи рўҳонӣ ба дунё омадааст. Он замон Чарх деҳкадаи бузург буд. Толибилмон даставвал дар он ҷо маълумоти муқаддимавӣ гирифта, сипас ба Балх, Бухорову Самарқанд барин марказҳои илмӣ барои таҳсил мерафтанд. Мавлоно ҳам дар ибтидо дар деҳкадаи Чарх дар назди падар хату савод омўхта, баъд ба Ҳирот меравад. Ин шаҳри бостонӣ дар он рўзгор маркази илму адаб ва тамаддун буд. Мавлоно дар назди бузургону донишмандони асри хеш сабақ омўхта, аксари илмҳои маъмули замонашро аз худ мекунад. Дар он замон таъсири сўфия, хусусан тариқати нақшбандия хеле ривоҷ дошт. Мавлоно Яъқуби Чархӣ ҳам ба ин ҷараён майл пайдо кард ва осори Боязиди Бостомӣ, Абдуллоҳи  Ансорӣ ва дигар пирони тариқатро омўхт.

Алалхусус, асарҳои поягузори ин ҷараён Баҳовуддин ибни Муҳаммади Бухороӣ, ки бо номи Баҳоуддини Нақшбанд машҳур аст, ба ояндаи Мавлоно Яъқуби Чархӣ таъсири беандоза расонданд. Аз ин хотир, Мавлоно роҳи Бухороро пеш мегирад. Дар Бухоро бевосита бо хоҷа Баҳоуддин шинос шуда, як фурсати кўтоҳ аз фазлу дониши устод баҳра мебардорад ва аз шогирдони вафодори ў мешавад.

Азбаски ҷараёни нақшбандия нав таҳаввул меёфт, дар вилояту ноҳияҳо пайравонаш кам буданд. Хоҷа Баҳоуддин шогирдони донишмандашро ба кишварҳои дуру наздик мефиристод, то дар он ҷойҳо таълимоти нақшбандияро таблиғ намоянд. Ба ҳамин мақсад дастур дод ва Мавлоно Яъқуби Чархӣ ба сарзамини Чағониён-ба водии Ҳисори Шодмон омад. Мавлоно дар маркази Ҳисор маскун нашуда, дуртар аз Қалъаи Ҳисор дар деҳаи Алғату хайма мезанад ва то охири умр дар ҳамин ҷо рўзгор ба сар мебарад.

Аҳли деҳа бо Мавлоно ошноӣ пайдо карда, аз илму дониш ва фаҳму фаросаташ дар шигифт мемонанд. Овозаи камолоту одаму одамгарии ин марди шариф ба Ҳисоршаҳр, ба гўши ҳокимону амлокдорон мерасад ва онҳо ба наздаш ба дидорбинӣ меоянд. Аз ў моҳияти тариқати нақшбандияро фаҳмида, бештарашон ба Мавлоно муриду мухлис мегарданд.

Пас аз чанд сол бо ёрию мадади шогирдон ва мардуми деҳаҳои гирду атроф бинои масҷиди ҷомеъ қомат меафрозад, ки таърихи бунёди он «Кулоҳи сурх» аст ва ин ибора дар пештоқи масҷид кандакорӣ шуда буд. Ибораи «Кулоҳи сурх» баробари 817 соли ҳиҷрист, ки он мутобиқ ба 1414 мелодӣ мебошад. Мавлоно дар ин масҷид бо муридон ва меҳмононе, ки аз дуру наздик ба зиёраташ меомаданд, намоз мегузошт, барояшон Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари Ислом (с) –ро қироат мекард ва тафсиру шарҳ медод. Рўз то рўз шумораи муридон ва толибилмон торафт меафзуд. Мардуми авом низ аз ҳар гўшаву канор ба хотири равшан намудани чароғи диёнати худ ба зиёрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ меомаданд. Номи деҳаи Алғату аз ҳамон рўзгор ба номи ҳазрати Мавлоно мансуб шуд ва рўз то рўз ободу сокинонаш ҳам меафзуд.

Ҳазрати Мавлоно асосан бештари вақти худро ба кор, яъне ба меҳнати ҷисмонӣ сарф мекард. Чанде дуртар аз оромгоҳи ҳазрати Мавлоно дар лаби дарёи Кофарниҳон заминҳои ҳосилхез, обҳои равон бисёр буданд ва Ҳазрати Мавлоно дар ҳамон соҳил боғҳо, киштзорҳо, полезҳо кард.

Ў меҳнат кардан ва аз меҳнати ҳалол нон хўрданро фазилати олии инсонӣ медонист. Зиндагияш пурҳашамат набуда, фақирона мегузашт. Ҳар чизе, ки зиёраткунандагон меоварданд, ба бечорагону дармондагон тақсим мекард. Худ бошад аз оғози баҳор каланд гирифта, ба кишту кор машғул мешуд. Манзили тобистонаи Мавлоно бо мурури замон ба деҳкадаи зебое табдил ёфт ва номи Сабзикорро ба худ гирифт, ки имрўз ҳам деҳа бо ҳамин ном вуҷуд дорад.

Ҳазрати Мавлоно доимо ба муридону шогирдонаш як чизро ёдовар мешуданд, ки устоди бузургворам Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ба мо шогирдонашон бештар мегуфтанд, ки меҳнат ҳама чизро ширин мекунад, охиратро ҳам. Инчунин доимо мегуфтанд: «Даст ба кору дил ба ёр», «дар зоҳир ба халқ, дар ботин ба ҳақ».  

 Ровиёни ахбор мегўянд, ки Хоҷа Аҳрори Валӣ ва Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ба дидори Мавлоно Яъқуби Чархӣ шарафёб гардида, аз мактаби тариқати ў таълим гирифтаанд.

Аз Мавлоно Яъқуби Чархӣ асарҳои хеле зиёд  ба мерос мондааст, ки то имрўз чун ганҷи бебаҳо дар осорхонаи таърих ниҳонанд.

Бештари асарҳои Мавлоно мазҳабӣ буда, дар онҳо моҳияти таълимоти нақшбандия, ақоиди намояндагони он шарҳ ёфтаанд. Муҳимтарини асари ў «Мухтасар дар баёни силсилаи нақшбандия» аст. Дар он Мавлоно аз рўзгор ва осори намояндагони ин тариқат ҳикоят менамояд. Баъдан муносибат ва нуқтаи назари хешро нисбати ақоиди пешгузаштагон равшан намуда, равандҳои умдатарини ҷараёни нақшбандияро дар асоси гуфтаҳои Баҳоуддини Нақшбанд муайян месозад. Мавлоно ба гузаштагон истинод оварда, таъкид менамояд, ки яке аз шартҳои асосии ин маслак аз обилаи дасти худ нон хўрдан аст. Аз ин хотир «зоҳир бо халқу ботин ба ҳақ», «даст ба кору дил ба ёр» гуфтаанд, ки фикри болоро тақвият медиҳад.

Ин раванд, мақом ва таъсири ин маслакро дар байни омма афзуд ва бисёр мусалмонон ба ин ҷараён рў оварданд.

Ҳазрати Мавлоно ҳангоме ки дар бораи пешвоёни ин тариқат Абдухолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Азизи Ромитанӣ, ҳазрати Азизон Амири Кулол ва махсусан ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд сухан меронад, афкори ҳар кадомеро ҷамъбаст намуда, гўшрас месозад, ки онҳо ҳамеша дар байни мардум дўстӣ, ҳамфикрӣ ва сулҳу салоҳро мепарвариданд. Инсон гавҳари ноёб, шариф аст ва онро бояд ҳурмат кард.

Ин андешаҳои инсондўстонаи Мавлоно минбаъд дар эҷодиёти Хоҷа Аҳрори Валӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ боз қимати зиёд пайдо карда, таҳаввул ёфтаанд.

     Ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ соли 1447 мелодӣ баробар ба 851 ҳиҷрӣ дар деҳаи Алғату вафот кардааст.

Шукри истиқлолият, ки масҷиди ҷомеъи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ рўз то рўз ободу зебо гашта истодааст. Имрўзҳо ба зиёрати оромгоҳи ин бузургвор аз гўшаву канори кишвар ва берун аз он меҳмонони зиёд меоянд. Мақсади онҳо аз зиёрати Мавлоно дидани қадамгоҳи ашхоси бузург ва осори таърихист. Маҳз дар ҳамин ҷойҳо дар байни пайравони динҳои мухталиф дўстӣ густариш меёбад. Осори Мавлоно Яъқуби Чархӣ низ мардумро ба тақвою парҳезгорӣ ва дўстиву бародарӣ даъват мекунад.

Осор

Дар «Рашаҳот» танҳо ба мусаннафоти сершумор доштани Мавлоно Чархӣ ишорае рафта, вале аз онҳо ном бурда нашудааст. Муҳаққиқон теъдоди гуногуни осори Мавлоно Яъқуби Чархиро аз 2 то 10 номгӯй зикр кардаанд. Дар дастрасӣ 8 номгӯй китобу рисолаҳои зерини Яъқуби Чархӣ қарор дорад:

  1. «Тафсири Яъқуби Чархӣ».
  2. «Найнома» ё рисолаи «Ноия».
  3. Рисолаи «Абдолия».
  4. Рисолаи «Унсия».
  5. Рисолаи «Шарҳи асмоулҳусно».
  6. Рисолаи «Ҳавроия» ё «Ҷамолия».
  7. «Китобулфароиз».
  8. «Тариқаи хатми аҳзоб».
Время намаза в Душанбе

29.04.2024

Подробнее
Фаджр03:49
Зухр12:40
Аср17:27
Магриб19:26
Иша20:57
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее