ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
2024-01-11
1352
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
Шукр бо соли навин аз Пешво омад Паём,
Баҳри миллат раҳгузору раҳнамо омад Паём.
Зиндагӣ осуда шуд, сулҳу саодат пойдор,
Бо садоқат байни мардум ҳамнаво омад Паём.
Пешворо матлаби дил бахту тахти миллат аст,
Дар ҳадаф бар дарди миллат чун даво омад Паём.
Мактабу илму ҳунар, ҳам зиндагии бомаром,
Бар раҳи оянда бо нуру сафо омад Паём
Пешворо ҳар сухан андар радифи кори хайр,
Бемуҳобо дар ҳадаф баҳри бақо омад Паём.
Мешавад обод деҳот, рӯзгор андар нишот
Дар раҳи бахти Ватан муҳри ризо омад Паём.
Шукр месозам, Ҳусайно, зиндагӣ пурнур гашт,
Бар бақои миллатат ҳамчун дуо омад Паём.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


