Главная Статьи ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАНША АЗ ОЁТУ СУННАТ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАНША АЗ ОЁТУ СУННАТ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАНША АЗ ОЁТУ СУННАТ!
2024-01-16
308

  Чуноне, ки ҳамагон шоҳидем, 28 – уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки мазмуну муҳтавои Паём «Самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар бар гирифта буд.

     Дар паёми худ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, дин, фарҳанг, маъориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

      Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ҳамчунин дар бораи софдилона хизмат намудан барои халқ, таълиму тарбияи фарзандон, шукргузорӣ аз тинҷию оромии Ватан, саҳмгузорӣ намудан дар ободии ин сарзамини зебоямон ва ҳифзу ҳимояи марзу буми кишварамон аз ҳар гуна фитнаю хатарҳо суханронӣ намуданд.

       Инчунин Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомали Раҳмон, зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки баҳри беҳтар гардонидани сатҳи некўаҳволии мардум, ҳамаи донишу малакаамонро истифода бурда ба халқ хидмат кунем, то мардуми ин кишвар ҳамеша хурсанд бошанд. Дар ҳақиқат хидмат ба халқи Худо, яке аз амалҳои беҳтарин дар назди Парвардигор ба ҳисоб рафта, он нафари хидматкунанда беҳтарин ва маҳбубтарин банда дар пешгоҳи Худованд ба шумор меравад.

         Пайғамбарамон (с) фармудаанд:

        «Маҳбубтарин инсон дар назди Худованд ҳамоне аст, ки манфиату некиаш барои мардум бештар расида бошад…» (аз Абдуллоҳ ибни Умар, бо ривояти Тирмизӣ)

       «Беҳтарин инсон дар назди Парвардигор ҳамоне аст, ки барои мардум некӣ ва хидмат мекунад» (аз Ҷобир, бо ривояти Табаронӣ).

       Пешвои миллат, дар рафти суханрониашон дар бораи таълиму тарбияи фарзандон ва аз ҷониби волидайн соҳиби илмҳои муосир ва касбу ҳунар кардани онҳо, баён карданд.

       Дар зиндагӣ аз муҳимтарин масоил, ки падару модар мебоист ба он таваҷҷуҳи комил дошта бошанд, тарбият ва омўзиши илму дониш ба фарзандон аст. Тарбияи фарзанд кори басо душвор буда онро аз рўзҳои аввали ҳаёт бояд шурўъ намуд. Мутаассифона баъзе волидон ба дарки ин маънӣ намерасанд ва ба тарбияи фарзандонашон аҳамият намедиҳанд. Андешаи волидон дар мавриди он, ки кўдакро баъди боақл шуданаш тарбият намуда ба роҳи дурусти зиндагӣ равона кардан лозим аст, комилан ғалат аст. Табиист, ки волидон бо рафтори худ ба ҳолати рўҳии кўдак ва мафкураи таъсир мерасонанд. Аз рафтори падару модар сифати ахлоқу одоби кўдак вобастагӣ дорад, ки дар ин замина мутафаккири бузург имом Ғаззолӣ(р) чунин гуфтаанд:

  «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис аст ва нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ чун мушк бахуд бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки бикорӣ бирўяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд».

   Ҳамчунин Пайғамбарамон Муҳаммад (с) оиди таълиму тарбияи фарзандон ва некў гардондани одобу ахлоқи онҳо, барои волидайн дастуру супориш ва роҳҳои пурсамареро нишон додаанд. Аз он ҷумла Анас ибни Молик аз он Ҳазрат (с) чунин ривоят карданд:

  «Фарзандонатонро ҳурмату эҳтиром ва икром намоед ва одобу ахлоқи онҳоро некў намоед». (ривояти ибни Моҷа)

Ҳамчунин Ҷобир инби Сумра аз Пайғамбарамон (с) чунин ривоят карданд:

   «Одобу ахлоқи некў таълим додани шахсе барои фарзандаш, беҳтар аст барои ў аз хайру эҳсон кардан барои дигарон». (ривояти имом Тирмизӣ)

Инчунин Саъд ибн Ос аз Расули акрам (с) чунин ривоят кардааст:

  «Падару модарон барои фарзанд аз одобу ахлоқи некў дида, дигар ҳеҷ чизи қиммату арзишмандеро ҳадя карда наметавонанд» (ривояти имом Тирмизӣ).

         Сарвари давлат дар паёми навбатиашон ҳамчунин оиди боз ободу зебо кардани ин кишвари азизамон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист таъкид карда гузаштанд, ки мо бо дасти худамон ин диёри биҳиштосоямонро бунёд ва ободу зеботар мекунем.

         Дар мавриди рафтори ношоистаи баъзе аз шаҳрвандони кишвар, ки партов, шишаҳои пластикӣ ва дигар чизҳоро аз дохили мошинҳояшон ё ҳангоми гашту гузорашон ба роҳраву ҷўйборҳо мепартоянд, эроди ҷиддӣ гирифтанд. Дар ҳақиқат ин рафтор аз хислату маданияти миллати тоҷик ва муъмину мусулмон нест. Мо бояд мисли оне, ки хонаи худамонро тозаю озода нигаҳ медорем, макони зистамонро (маҳалла, деҳа, шаҳр, давлат) ки барои мо ҳамчун хонаи худамон ҳисоб меёбад, низ тозаю озода нигаҳ дорем.

         Дар як ривояте омадааст, ки Пайғамбарамон (с) чунин фармудаанд: «Ҳар шахсе, ки дар роҳрав ва ҷойҳои гашту гузори мардум чизҳои халалрасону зиёнрасонро мепартояд, лаънати мардум бар гардани он шахс воҷиб мешавад». Пас мо бояд аз дуои бади мардум худамонро эҳтиёт карда, арзандаи дуои неки мардум шавем. Ба ҷойи дар ҳар куҷо партофтани чизҳои зиёнрасону халалрасон, баръакс мо ҳамчун уммати Муҳаммад (с) аз роҳраву ҷойҳои гашту гузори мардум ин хел чизҳоро дур кунем, зеро аҷру савоби зиёд дорад. Пайғамбар (с) фармудаанд: «Як нафар аз як роҳе мегузашт ва дид, ки шохаи дарахте дар роҳгузари мардум аст, онро ба як тараф гирифта монд. Худованд аз ин амали ў хурсанд шуда, гуноҳҳои ўро мағфират кард» (аз Абўҳурайра, бо ривояти имом Бухорӣ ва Муслим).

      «Нафаре дар роҳгузари мардум шохаи дарахтеро дид ва ба худаш гуфт: қасам ба номи Аллоҳ, ки ман ҳаминро аз роҳ гирифта ба як тараф мегузорам, то мардум зиёну озор наёбанд ва ба як тараф гирифта монд. Худованд бо сабаби ин рафтораш ўро дохили ҷаннат кард» (аз Абўҳурайра, бо ривояти имом Бухорӣ ва Муслим).

          Худованд барои мо бандаҳояш амр кардааст, ки:

     «Дар рўйи замин баъди он, ки ман онро тозаю пок офаридаам фасодкорӣ, ҳаромкорӣ, қатлу куштор ва ифлосу нопок накунед. Агар шумо худро муъмину мусулмон медонед, ин корҳоро накардан барои шумо хуб аст» (сураи Аъроф, ояти 85).

       Мо ки дар кишвари азизамон 99,9% мусулмон ҳастем, ҳамчун мусулмон бояд мо ба тозаю озодагӣ ва хушмуомилагию хушрафторӣ хеле ҷиддӣ эътибор диҳем. Зеро меҳмонону сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, маданияту урфу одат ва рафтору кирдори мардуми моро дида, ба миллати мо ва ба мусулмонии мо баҳо медиҳанд.

       Имрўз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳнамоиҳои сарвари худ тамоми мушкилоту монеаҳоро паси сар карда, бо заҳмату мардонагӣ ва ғайрату шуҷоат ба ҳадафи хеш ноил гардид. Мардуми тоҷик бори дигар номус, виҷдон ва ҳимматбаландии худро исбот намуд, зеро ин миллат бо хиради азалӣ, меҳнатдўстиву фидокорӣ пайваста дар пайи амалҳои созандагию ободкориҳост. Роҳнамоиҳои Пешвои миллат низ ба ҳамин самт нигаронида шудааст. Мову шумо ҳар як нафаре, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ медонад, вазифадорем беш аз пеш заҳмат кашида баҳри ободии ватани азизамон хидмату ҳиммати худро дареғ надорем.

        Бузургон фармудаанд: «Кофӣ нест, ки инсон барои Ватанаш хидмат карда бошад, балки ҳаргиз то охири ҳаёт аз хидматгузорӣ худдорӣ нанамояд».

         Солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаи ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтааст. Сарвари давлат дар баромади худ зикр намуданд, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеъа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

          Амният ва сулҳу субот яке аз мсъалаҳои муҳимтарину муқаддастарини ҷомеа мебошад. Бояд Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар як фарди миллат муқаддасу муътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад. Сулҳу оромӣ – яке аз неъматҳое мебошад, ки Худованд ба сабаби он миллатро ба дурахшонтарин қуллаҳои мурод мерасонад. Тамоми пешравиҳое, ки дар давлат ба вуҷуд меоянд, заминаи асосиашон сулҳу субот аст. Барои ҳамин таъмини сулҳу субот қарзи ҳар фарди ҷомеа мебошад.

          Дар шариати ислом низ бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти зиёди амният ва оромиш дар саъодати башар аз манзари Қуръон ва аҳодиси набавӣ баёнияҳои зиёде, бо тариқи зебову равшан ва фаҳмо зикр шудаанд.

  Нигоҳе ба дархости амният аз сўи Ҳазрати Иброҳим пайғамбар:

“Парвардигори ман! Ин маконро (Макка) шаҳри боамн бисоз....” (сураи Бақара, ояти 126), миннатгузорӣ бар Қурайш ва аҳли Макка ба сабаби таъмини амният: “Пас, бояд Парвардигори ин хона (Каъба)-ро ибодат кунанд. Он Худоеро, ки аз баҳри он ки гурусна буданд – таъом дод ва ба онҳо – аз баҳри он ки тарсон буданд – амн дод” (сураи Қурайш, оятҳои 3-4) ва “Ва қасам ба ин шаҳри боамн (яъне шаҳри Макка)” (сураи Тин, ояти 3) ва ёдоварии баъзе аз қавмҳои баҳрамнд аз неъмати амният: “Худо достони деҳаеро баён кард, ки мардумаш дар амну оромӣ умр ба сар мебурданд, ризқу рўзии онҳо аз ҳар куҷо барои онҳо мерасид.... ”  (сураи Наҳл, ояти 112) нишонгари ҷойгоҳ ва арзиши амният дар фарҳанги Қуръонӣ аст. Худованд дар оёти Қуръон бар аҳамият ва арзиши амният таъкиди бисёр доштааст.

Аз дидгоҳи Пайғамбар (с) амният яке аз неъматҳое аст, ки бо он неъматҳои илоҳӣ комил мешаванд. Он кас мефармоянд: “Ҳар касе, ки дар байни аҳлу хонаводааш ба ҳолати оромию осоиш субҳ кунад, тану ҷонаш солим бошад ва хўрокаву таъоми он рўзаашро дошта бошад, ў монанди касе аст, ки ҳамаи дунё барои ў фароҳам ва барқарор бошад” (аз Убайдуллоҳ ибни Муҳсин, бо ривояти имом Тирмизӣ ва ибни Моҷа).

       Дар як ривояте низ омадааст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:“Дар гуфтори бекирдор, дидани беозмудан, зиндагии бидуни саломатӣ ва Ватани бидуни амнияту шодмонц, хайре нест”

        Пас дар ҷомеае, ки амният нест хайре нест. Касе, ки амният надорад ва ҳамеша тарсону ҳаросон аст, зиндагии осуда надорад. Ин ба он маъност, ки ҳаловату ширинии зиндагиро бо ҳастӣ ва вуҷуди амният, чашида мешавад. Ба ҳамин хотир Худовандро шукру сипосгузорӣ намоем, ки барои мо мардуми ин сарзамини зебо, бо фазлу карамаш ва ба сабаби заҳмату талошҳои Роҳбари давлатамон, неъмати сулҳу субот ва амну оромиро насибамон кардааст.

         Агар ба Паёми Роҳбари давлат хуб эътибор дода, ба тарозуи ақлу иймон баркашем, дар ҳақиқат мефаҳмем ва дарк мекунем, ки ҳама манша аз Қуръону суннат аст. Он чиро, ки ҳадафу мақсади дини мубини Ислом аст, Пешвои миллат ҳамонро баён карданд, аз он ҷумла:

шукргузорӣ аз неъматҳои сулҳу субот ва амну оромӣ, ҳурмату эҳтироми волидайн (хоссатан модаронро зиёдтар зикр карданд, ки Пайғамбар (с) низ модарро зиёдтар зикр кардаанд), таълиму тарбияи фарзандон, соҳиби касбу ҳунар ва одобу ахлоқи хуб кардани онҳо аз ҷониби падару модар, тозаю озода нигоҳ доштани макони зист, некию хубӣ кардан ба мардум, барои боз ҳам хубтар бохабар шудан аз ҳуқуқҳои динию дунявии худ, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардан, ба илму дониш диққати махсус зоҳир кардан, ҳифзи марзу буми Ватан, риояи урфу одатҳои неки ниёгон, шароити хуби зиндагиро барои мардум фароҳам овардан ва хиёнату ношукрӣ накардан ва ғайраҳо. Ҳама панду насиҳат ва роҳнамоиҳо дар ин Паём, манша аз оёту суннат аст.

          Ба ҳамин хотир мо ходимони дини Тоҷикистон бояд дастуру роҳнамоиҳои Роҳбари давлатамонро сармашқи кори хеш намуда, ба ҳар гуна дасисаву фитна ва фиребу найрангҳои душманону хоинон дода нашавем ва пайваста барои ободиву созандагӣ, амнияту оромии Ватани азизамон ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзандаи худамонро гузорем. Зеро зиндагии моро ба ҷуз худи мо касе беҳтару хубтар ва осудаву хотирҷамътар намекунад.

        Ҳамчуноне, ки Парвардигори бузург дар яке аз оятҳои Қуръони маҷид мефармояд:

        «То он замоне, ки мардуми як кишвар кўшишу ғайрат ва ҷидду ҷаҳд намуда қалбҳои худашонро ислоҳ накунанд ва нисбати ҳамдигар дўстиву бародарӣ ва меҳру муҳаббату дилсўзиро мустаҳкам накунанд, Худованд сарнавишт ва ҳолату гирифториҳои он қавму миллатро таъғир намедиҳад».  (сураи Раъд-11).

Имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво» -и

шаҳри Хуҷанд

Хусрав Ҳомидов

Время намаза в Душанбе

27.04.2024

Подробнее
Фаджр03:53
Зухр12:40
Аср17:25
Магриб19:24
Иша20:55
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее