Главная Статьи АГАР ҶОНИ ВАТАН БОШЕМ, Ӯ ҲАМ ҶОНИ МОСТ

АГАР ҶОНИ ВАТАН БОШЕМ, Ӯ ҲАМ ҶОНИ МОСТ

АГАР ҶОНИ ВАТАН БОШЕМ, Ӯ ҲАМ ҶОНИ МОСТ
2024-02-20
444

"Ифтихори миллӣ, аз силоҳу

техника низ тавонотар аст".

(Некрасов Н.А.)

         Дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо масъалаҳое, ки ба ҳалли фаврӣ ниёз доранд, ангуштшумор нестанд. Яке аз онҳо масъалаи ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ аст. Дар садаи XXI ифтихори миллӣ гӯё мақсади дуюмдараҷа шудааст. Ифтихори миллӣ на танҳо муҳаббат ба Ватан доштан, балки боз дӯст доштани таърихи халқи хеш, садоқат ба Ватани худ, саъю кӯшиш барои дифои Ватан ва номбардори миллату давлати худ шудан, барои рушди диёр кӯшиш намудан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми оину фарҳанги миллиро ба ҷо овардан ва муҳимтар аз ҳама манфиатҳои Ватанро ҳимоя кардан аст. Ифтихори миллӣ ин аст, ки вақте тоҷике як нафар варзишгари тоҷикро ғолиби Олимпиада мебинад, ё нафареро, ки дар ҷодаи санъат номи Тоҷикистонро вирди забонҳо месозад, ё худ шоиру нависанда ва ё олимеро ҳаммиллати худ мебинад, ё аз саҳифаҳои таърих дар бораи қаҳрамонони ҶБВ, ки зодаи Тоҷикистонанд, огаҳӣ пайдо мекунад, шод мешаваду ифтихор мекунад. Ифтихор аз он, ки ҳаммиллату ҳамватанаш истеъдод дорад, қаҳрамон аст ва ному парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштааст.

       Ҷаҳони муосир одамонро аз маънавиёту ахлоқ батадриҷ дур карда истодааст. Олими бузурги миллати тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтааст: «Гузашта чароғи оянда аст». Дар ҳақиқат, агар мо хештаншинос набошем, агар патриоти Ватани худ нашавем, агар ифтихори миллӣ надошта бошем, гузаштаи худро низ аз даст медиҳем, ки бе он фардо нест. Ифтихори миллӣ худ аз худ ба вуҷуд намеояд, онро дар худ парваридан лозим аст. Мӯ ба мӯ дар ҳар тору пуди худ ҷой кардан лозим аст. Баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ пеш аз ҳама аз дарки худшиносии фардӣ шурӯъ мегардад. Дар ин замина бояд нерӯи фарҳангӣ, арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва маънавии миллат тақвият дода шаванд. Таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро бояд ба омӯзиши таърихи миллат бахшид. Аз таърихи миллати тоҷик, бурду бохтҳое, ки дар тӯли таърих ниёгони мо кардаанд, аз қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди тоҷик огаҳ будану ибрат гирифтан барои насли имрӯзи мо зарур аст.

        Ҳифз намудани ифтихори миллӣ вазифаи ҳар яки мост, зеро он таърихи моро ба вуҷуд овардааст. Дар ҳама давру замонҳо ҳимояи марзу буми Ватан аз нангу номус ва ифтихори милливу ватандорӣ гувоҳӣ медод ва медиҳад. Ҳар як шахси солимфикр, бахусус ҷавонписарон, баҳри дифоъи Ватан ҷонро фидо мекарданд. Қаҳрамониҳои онҳо дар асарҳо ва достонҳои шоирону нависандагон ва муҳаққиқону таърихнигорон тасвир гаштааст.

         Ватандўстӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Тарбияи ватандўстї аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Воқеан ҳам, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода карда, зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи худ донад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

         Барои он ки мамлакатамон қудратманду пешрафта ва зиндагии мардуми кишвар беҳтар гардад, бояд пеш аз ҳама ватандӯст бошем. Бояд ҳар кунҷу канори Тоҷикистон бароямон азизу муқаддас бошад, бояд ба қадри забони модариамон расида, дар ҳама макон ва ҳолат ҷойгоҳашро болотар аз ҳама донему интихоб намоем. Агар ҳар кадоми мо дар ҷодаи хеш содиқона хизмат ва меҳнат кунем, агар ҳар як амаламон ба нафъи Ватан - ба нафъи кору коргоҳ, ба нафъи ҷомеа бошад, пас мо ватандӯсти асилем ва Тоҷикистони азизи мо гулгулшукуфон мешавад!

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее