Главная Статьи АЗ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ ТО ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

АЗ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ ТО ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

АЗ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ ТО ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
2024-06-21
474

Ба номи он ки њастї ном аз Ў ёфт,

Фалак гардиш, замин ором аз Ў ёфт…

        Ваҳдати миллӣ аз бузургтарин неъмати ҳаётӣ ва сарчашмаи орзуву омоли неки мардуми шарафманди Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ифодагари ҳастии миллат, пойдориву таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқоли мо, ояндаи ҷомеа ва зиндагии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Маҳз уствуориву пояндагии ваҳдати миллӣ заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди ҷомеа ва давлат гузошта, асоси ҳама пешрафту дастовардҳо ва инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногуни маҳсуб меёбад.

         Таърих гувоҳ аст, ки гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 соҳибистиқлол гардида бошад ҳам вале бинобар ноуҳдабароии сиёсатмадорони вақт ҷомеаи кишвари мо таҷрибаи сангини ҳаводиси шаҳрвандиро паси сар карда, танҳо дар Иҷлоссияи 16 Шӯрои Олӣ ва аз ҷониби вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди сулҳ оғоз ёфта, баъди 7 соли саъю талошҳо ва гузаронидани музокиротҳои давомдор, дар таърихи 27-июни соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ  ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтан, сиёсати сулҳҷӯёнаро пеш гирифта, ба аҳли башарият собит намуд, ки меросбарони илму фарҳанги воло - миллати тамаддунофари тоҷик, иродаи қаввии ваҳдатгароӣ дошта, бо иттиҳоду сарҷамъӣ кишвари ҷангзадаро ба як сарзамини сарсабзу шукуфо табдил дода метавонанд.

        Пешвои муаззами миллат дар баробари баррасии як қатор мавзӯъҳои  ҷолиби таъсиргузорашон  атрофи сулҳу оромии кишвар  тинҷиву осудагї  дар мамлкати биҳиштосо ва устувор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳамзамон дар суханрониҳои хеш андешаҳои бузургеро баҳри мардуми тоҷикистон ва оламиён ироа намудаанд: “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳолии халқамон ва таҳкурсии  боэътимоди пешрафту ободии Ватани  маҳбубабмон мебошад”.

         Бале, бо шарофати Ваҳдати миллӣ зиндагии мардуми шарафманди кишвар тинҷу ором буда,  дар радифи  ҷаҳду талошҳои дастаҷамъонаи мо, пайравони Пешвои миллат, баҳри саҳмгузорӣ дар рушду тараққиёти кишвар моро лозим аст, ки сулҳу ваҳдату осоиштагии Ватани худро  чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои хатарзо ҳатто кишварҳои аз лиҳози ҷуғрофӣ бузургу абарқудратро ҳам ба ташвиш овардааст, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва маънавиёти ҷомеа аз ҳамагуна ҳуҷумҳои ифротгароӣ масъулияти ҷонии ҳар фарди меҳандӯст ба ҳисоб меравад. Аз сӯи дигар, ваҳдати миллӣ пойдевори мустаҳками ҷомеаи сулҳовару ваҳдатсарои кишвари мо ба ҳисоб рафта, бидуни он ҳеҷ миллату давлат наметавонад рушду нумӯ намояд. Агар якдигарфаҳмӣ, эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон коҳиш ёбад, амнияти мамлакат низ зери хатар мемонад, ки ҳанӯз аз гузаштаи начандон дур мо бо чунин  мушкиливу сарсонӣ рӯ ба рӯ шудани миллату давлатро шоҳид гашта будем.

        Муҳимтарин роҳи пос доштани ин неъмати бебаҳо, шукргузор будан аст, ки бо ин матлаб Худованди таоло дар Қуръони карим фармудааст;

       “Агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам” (Сураи “Иброҳим”, ояти 7).

        Набояд фаромӯш кард, ки шукр гуфтан низ бояд сидқан буда, нишонаҳои ин эҳсоси нек аз амалу гуфтори ҳар фард ҳувайдо мегардад. Яъне, бо шукргузорӣ  ҳар яки моро лозим аст, ки барои миллату давлати худ манфиатовар бошем. Дар ин масири ифтихор, яъне, ҳомии Ватан будан, нагузорем, ки нотавонбинон нисбати ҳукумати мамлакат ва давлату миллатамон суханони носазо гӯянд.

       Мутаассифона, чунин мушоҳида мешавад, ки баъзе аз зодагони кишвар, ки бештарашон ҷавононанд шомили ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо гардида, асолати хешро аз даст дода, ҳатто аз дур истода сӯи Тоҷикистон санги маломат меафкананд. Бешубҳа метавон гуфт, ки аксарияти инҳо ҷавонони фиребхӯрда мебошанд, ки аз ҳуввияти милливу рисолати ватандорӣ, расму оини ниёгону ақидаҳои диниву мазҳабиамон дур мондаву ба кадом як равияву ақидаҳои беасосу  даҳшатбор дилбастаанд. Ҳоло он ки давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ Ватани азизи мо рушду инкишоф ёфта аст, барои ҳаёти хушбахтонаву саодати рӯзгор кофӣ аст, ки содиқона заҳмат намоем. Инчунин,  беҳтарин мазҳаб мазҳаби Имоми Аъзам (рз) аст, ки  ними сайёраи Заминро фаро гирифта, мардуми зиёди  олам  онро пазируфтаанд, аммо бархе аз роҳгумзадагон роҳи дигарро интихоб намудаанд.

        Чунин амалу рафтори номатлуби онҳо боиси нигаронӣ гардида аст ва моро мебояд, ки саъю талошамонро ба он равона намоем, то насли наврасу ояндагони Тоҷикистонро аз ин гуна хатарҳои ҷаҳони муосир наҷот бахшем.

         Аз ин хотир, дар чунин рӯзҳои фарҳабахш моро лозим аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ва дигар  арзишҳои муқаддас тарбия ва ба воя расонем. Зеро бо хости Худованд ва бо шарофати Ваҳдати миллӣ аст, ки зиндагӣ ба худ ҳусну тароват, зебогиву латофат пайдо карда, сол аз сол сатҳи зиндагии мардум беҳтар гашта истодааст. Умедворам, ки сулҳу Ваҳдати миллии мо пойдору ҷовидон монда, мо ходимони динро лозим аст, ки баҳри иттиҳоду сарҷамъии ҷомеа ва роҳнамоии халқ ба корҳои ободониву созандагӣ саҳми муносиб гузошта бошем.

Время намаза в Душанбе

22.11.2024

Подробнее
Фаджр05:37
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее