ДЎСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ НИШОНАҲОИ ИМОНДОРИСТ!
Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон
Дар оғоз Худовандро шукргузорӣ мекунем, ки дар фазои амну осоиши Ватани маҳбубамон зиндагию кору фаъолият ва ибодати Худованди Маннонро карда истодаем. Бешак, ин шукргузорӣ ба он маъност, ки агар сулҳу субот ва оромиши комил вуҷуд надошта бошад, мову шумо ҳам наметавонем дар радифи садҳо масъалаи кору рӯзгор бо ҳузуру хушуъ ибодатҳои худро анҷом диҳем. Пас, бояд аз ин неъмати Худодод ғофил намонем ва пайваста ҳам бо забон, ҳам бо қалб ва ҳам бо амали худ аз ин неъмат қадрдонӣ кунем. Он ҷо ки Расули акрам (с) мефармоянд: Ду неъматест, ки мардум баъди аз даст додан қадри онро мешиносанд: яке тани сиҳат ва дуюм амну офият. Дар ин ҳолатҳо мақоли арабиро мисол мезананд, ки чунин садо медиҳад: “Иснатани муҳиматани вал сиҳат-ул-амани”, яъне “дар зиндагӣ ду чиз бархӯрдори аҳамияти бузург аст: амният ва сиҳат”. Худо кунад, ки мо аз ҷумлаи бандагони қадршинос бошем.
Вақте мо дар мавриди сулҳу субот ва аҳамияти ҳифзи ҳамаҷонибаи он сухан мегӯем, мебинем, ки ин масъала яке аз мавзӯъҳои меҳварии Қуръони карим низ ҳаст. Зеро мо дар Қуръони маҷид ва аҳодиси Паёмбари акрам (с) чандин ояту ҳадисҳоеро дармеёбем, ки мусулмононро ба сулҳу салоҳ, дӯстиву бародарӣ даъват менамоянд. Худованд дар Қуръони карим сароҳатан баён медорад, ки “...ва-с-сулҳу хайр...” , яъне, сулҳ кори беҳтаре ҳаст. Инчунин, ба сифати “Раҳмате барои оламиён” баргузида шудани Паёмбари акрам (с) низ аз ҷойгоҳи бузурги раҳму шафқат дар дини мубини Ислом шаҳодат медиҳад.
Дӯст доштан ва хизмати Ватанро аз гӯшаи имон хонда, ҳадисеро аз Расули Худо ёдовар мешавем, ки омадааст: фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: Якум, овози қалами нависандагон, зеро барои осудаҳолӣ ва бародарии мардум заҳмат мекашанд. Дуюм овози чархресии занон – ҳамчун фазилати меҳнати ҳалол. Сеюм овози қадами марзбонон, ки шабҳо бедорӣ мекашанд, то ки дигарон дар амон бихобанд ва ҷони худро дар мемонанд, то мардум осуда бошанд.
Имрӯз воқеан ҷои шукру қадрдонист, ки Худованди таъоло аз тариқи заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллатамон барои мо неъмати сулҳро арзонӣ доштааст. Ин заҳмату талошҳои пайваста мову Шуморо ба имрӯзи пурсаодат расонидааст. Мо Худоро шукргузорем, ки ҳар рӯзамон аз дирӯз беҳтару пешрафтатар гардида истодааст. Худо аз он рӯз нигаҳ дорад, ки ҳар рӯз аз дирӯз бадтар бошад. Дар дунё хеле зиёданд давлату миллатҳое, ки ҳар рӯзашон аз дирӯз пурмашаққаттар, пурдардтар ва пурқурбонитар аст. Мо тақрибан дар ҳар намози худ дар ҳаққи он мардуме, ки имрўз дар кишварашон ҷангу нооромӣ аст, дуои хайр мекунем ва аз Худои маннон масъалат дорем, ки ҳарчи зудтар амну осоиш ва рӯзгори осударо барои он мардум ато намояд. Зеро мо худ натиҷаи ҷангу вайронӣ ва азобу кулфати онро дар ҷисму ҷон, дар хонадону дастурхон ва дар иҷрои ибодатҳои худ дидаем ва медонем, ки ҷанг ба чӣ паёмадҳои ҳалокатбор мерасонад. Худованд он рӯзҳои мудҳишро дигар асло ба сари мардуми тоҷик наорад. Омин.
Борҳо иброз доштаем ва боз ҳам таъкид мекунем, ки шукри неъматҳои илоҳиро бояд бо кору амали содиқонаи худ адо намоем. Зеро инсони мусулмон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорад, ки дидаву дониста нисбат ба тақдири худ ва тақдири Ватану миллати худ бепарвоӣ кунад. Бепарвоӣ кардан аз сарпечӣ дар адои хизмати ҳарбӣ, то содиқона анҷом надодани кори худ дар кадом соҳае набошад, зоҳир мегардад.
Имрӯз, ки бо Фармони Сарвари давлат маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз шудааст, ҳар як ҷавон бояд дар ин амри хайр бетарафу бетафовут набошад. Мо шоҳид мешавем, ки афроди алоҳида бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ талош мекунанд, ки бо нашру паҳн кардани ахбори бардурӯғу фитнаангез ҷавонони моро аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ, ки бешак як мактаби бузурги мардонагӣ аст, дилсард намоянд. Аммо инсони муъмин набояд ба чунин иғвову дасисаҳо дода шавад. Зеро сарбоз бо рафтан ба хизмати Ватан дар баробари адои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат, инчунин соҳиби аҷру подоши азиме аз ҷониби Парвардигори карим мегардад. Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси худ мефармоянд, шахсе, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми ватанаш бедорхобӣ мекашад, ҳаргиз чашмҳои ӯ дар оташи ҷаҳаннам намесӯзанд.
Пас, вақте мову шумо мебинем, ки нафаре муғризона аз ҳар роҳе талоши инкори зарурати хизмат ба ватанро мекунад, бояд аз мавқеи худ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчун як шахси мусулмон дифоъ намоем. Дар ҳоли бетафовутӣ ба масъалаи хизмати ҳарбӣ бояд бидонем, ки чӣ сарнавиште моро интизор хоҳад буд.
Вақте масъалаи дӯст доштани Ватан ва ҳифзу ҳимояи он аз нигоҳи дини мубини Ислом ин қадар аҷру подоши баланд дорад, пас чаро мо низ бо корҳои неку шоиста муҳаббати худ ба сарзамини аҷдодиро изҳор насозем? Яъне, дӯст доштани Ватан ва ҳифзи он барои инсони муъмин як рисолати муқаддас ва як қарзи мардонагист. Гузашта аз ин, ин рисолат дар навбати худ суннате аз суннатҳои мубораки Паёмбари гиромии Ислом (с) низ ҳаст. Махсусан, дар шароити феълӣ масъалаи дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми он, истодагариву устувории том дар муқобили душманону ғосибон аҳамияти бештар касб кардааст. Хуш ба ҳоли он ҷавонмардоне, ки ин рисолати муқаддасро дарк карда, барои ҳифзи нангу номус, хонаву дар, падару модар ва пайвандонашон камари ҳиммат мебанданд. Расули Акрам (с) мефармоянд: “Иҷтанибу – с-сабъал-мубиқот: аш-ширку биллоҳ ва...ат-тавалӣ явма-з-заҳф, яъне “Аз ҳафт чизи ҳалоккунанда дурӣ ҷӯед: - Ширк овардан ба Худо ва ... саркашӣ аз хизмати Ватан”.
Тоҷикистон хонаи ободи ҳар яки мост. Ҳеҷ як бегонае омада хонаи моро обод намекунад. Ҳеҷ кишвари дигар, ҳеҷ созмони хориҷӣ ҳаргиз барои хайри мову шумо кор намекунанд. Танҳо худи мо, ҳамчун як оилаи калони тоҷикистониҳо бояд ин Ватани бо заҳмату ҷоннисориҳо ободкардаамонро, дастовардҳои бузургу азими Истиқлолро ҳифз намоем ва барои фарзандону ояндагонамон ба мерос гузорем. Бовар дорем, ки ҳеҷ инсони солимақл намехоҳад, ки хонаву дараш, падару модараш, зану фарзандаш зери таҳдиду хатар бошад. Барои дар амон будан аз ҳама гуна хатар имрӯз бояд мо рисолати муқаддаси ватандории худро дарк карда, барои ҳифзи сулҳу суботи он, таҳкими дастовардҳои он кори аз дастамон меомадаро дареғ надорем. Шоир мефармояд:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сарукоре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Пас, бояд дар шароити кунунӣ ҳар яки мо ҳамин Ватани азизу маҳбубамонро бо заҳмату меҳнати ҳалолу содиқона дӯст дорем ва барои ҳифзу таҳкими суботу шукуфоии он ҷаҳду талош намоем.
Заррае гар ҷаҳди ту афзун бувад,
Дар тарозуи Худо мавзун бувад.
Дар ин роҳи хайр аз Худои таоло масъалати тавфиқ дорем ва дуо мекунем, ки Ватани моро аз ҳар гуна офату газанд дар ҳифзи Худаш нигаҳбон бошад. Омин, ё Раббал Оламин!