Главная Статьи КОНСТИТУТСИЯ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГУ НОДИР ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

КОНСТИТУТСИЯ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГУ НОДИР ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

КОНСТИТУТСИЯ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГУ НОДИР ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
2024-11-08
120

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз Ў ёфт,

Фалак гардиш замин ором аз Ў ёфт.

Шукри Худои таоло ва шукронаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки сокинони диёри мо дар фазои озодӣ ва тинҷию оромӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Ин неъмати бузургест, ки шукронаи он воҷиб мебошад. Чунонки Худованд фармудааст: 

             «Агар шукр кунед, неъматамро зиёда мекунам». (Сураи «Иброҳим», ояти 7)

            Дар тамоми олам низоми ҳаёти башарӣ ва дараҷоти ҳуқуқиро қонунҳо муайян мекунанд, ки онҳо мутобиқ ба Қонуни асосӣ ва ё Конститутсия мебошанд. Аслан қонунҳо маҷмӯи муқаррароту қоидаҳоест, ки аҳли башар дар давоми ҳазорсолаҳо таҷрибаи ҳаётро барои манфиати халқу миллатҳои ҳамон замон ва замони оянда ҳамчун дастурамал ба мерос гузоштаанд.

Конститутсияи  Тоҷикистон бо ризоияти раъйи озоди мардуми кишвар қабул шуд, он Қонуни асосист, ки ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба тартибу низом медарорад ва ба он оромии миллат таъмин гардида, молу мулк, шараф, обрӯву номус ҳифз шуда, дину диёнат кафолат дода мешавад, тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутобиқ ба Конститутсия қабул карда мешаванд.

             Вақте ки кас ба муҳтавои Конститутсияи Тоҷикистон бо назари эътибор менигарад, бе шакку шубҳа иқрор мешавад, ки инсон ва ҳуқуқҳои фитрии он аз рӯзи таваллуд то дами марг аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешавад. Конститутсияи  Тоҷикистон озодии дину диёнат ва арзишҳои онро кафолат медиҳад. Дар моддаи 8 омадааст, ки  ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвари мо дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, мафкураи ягон ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятие мамнӯъ аст, ки хилофи арзишҳои башарӣ амал мекунанд.

         Дар Тоҷикистон фазои озоди андешаи динӣ тибқи талаботи Конститутсия ташаккул ёфта, ҳамчун як рукни фарҳанги миллӣ амалӣ мегардад. Аз нигоҳи дини мубини Ислом ҳамзистии арзишҳои динӣ ва дунявӣ аз ибтидои зуҳури ин дин тарғиб карда шудааст. Зеро Парвардигори олам дар Қуръони азимушшаън дар сураи «Бақара» ояти 201 мефармояд: «Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор», яъне Парвардигори мо, мо аз ту ҳам ободии дунё ва ҳам ободии охиратро талаб мекунем.

         Дини мубини Ислом дар ҳар асру замон тарафдори адолат, раиятпарварӣ, раҳму шафқат ва ҳамзистии ҳамаи миллатҳо мебошад. Конститутсияи Тоҷикистон низ ба ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳурмату эҳтироми пайравони динҳои дигар далолат мекунад. Ин нуктаҳоро мазҳаби мо низ талқин мекунад. Худованд дар Қуръони азимушшаън насрониён ва яҳудиёнро «аҳли китоб» хитоб кардааст, ки ин ҳам моро водор мекунад, ки ба пайравони динҳои ғайри ислом бо эҳтиром муносибат кунем. 

           Агар ба таърих назар кунем, бисёр бузургони дину мазҳабро мебинем, ки нисбат ба пайравони динҳои дигар бо эҳтиром ва самимият муносибат кардаанд, ки ҳаёти онҳо ва рафтору кирдори онҳо бояд барои мо намунаи ибрат ва пайравӣ бошад. Масалан, вақте ки ҳазрати Умар (р) бо сипоҳи ислом шаҳри Байтулмуќаддасро фатҳ карда буданд, нисбат ба насрониён беҳурматӣ зоҳир накарданд ва ба хотири он ки минбаъд мусулмонон нисбат ба насрониён беҳурматӣ накунанд, дар як гӯшаи масҷиди Ақсо намоз гузошта буданд. Ва ё ин ки Имоми Аъзам (р) таҳаммулгароӣ ва ҳамзистиро дар асоси фаъолияти худ қарор дода буданд ва ё ин ки Мавлавии Румӣ дар байни пайравони динҳо чунон дӯстӣ ва рафоқатро тарғиб намуда буданд, ки баъди вафоташон аз пайи ҷанозаашон насрониёну яҳудиён низ рафта буданд.

             Паёмбари Ислом (с) аз аввали интишори ин дини муқаддас ҳамзистии арзишҳои ҳамаи дину миллатҳо, минҷумла дар ҳамаи замону макон баробарии инсонҳоро эълон карда гуфтанд: «Байни Арабу Аҷам фарқе нест магар ба худотарсӣ». Ва дар ҳадиси дигар мегӯянд: «Ҳамаи шумо аз Одам ва Одам аз хок офарида шудааст». Агар мо аз рӯи адолат нигоҳ кунем, дини мубини Ислом дини тинҷию оромӣ, дини инсонпарварӣ, дини иззату эҳтиром байни одамон мебошад. Яке аз ҳадафҳои асосии саодати башарият дар дунёву охират мебошад.

Шукри Худо, ки имрӯзҳо дари масҷидҳо кушода аст. Конститутсия озод будани муносибат ба динро кафолат додааст.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз он ки ба  кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба кори он мудохила намекунанд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба иттиҳодияҳои динӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»  танзим карда мешаванд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит қайд карда шуд. Худи ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар таҳрири нав қабуд карда шуд, ки он ҳам мутобиқ ба Конститутсияи Тоҷикистон аст. Дар дебочаи ин қонун оварда шудааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад». Қабул гардидани қонуни мазкур дар соли бузургдошти Имоми Аъзам боз як бори дигар далели он аст, ки давлат  ва мақомоти қонунгузор барои танзими одилонаи муносибатҳои динӣ кӯшиш мекунад. Дар қонуни мазкур тамоми самтҳои танзими эътиқоди динӣ шарҳи худро ёфтааст ва дар моддаи 4-и қонуни номбурда - Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, -  дар 15 бахш алоҳида-алоҳида шарҳ дода шудааст. Тибқи ин модда ҳар кас барои пайравии дин озод аст. Расман таъкид карда шудааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ пайрави кадом дин будани шаҳрванд сабт карда намешавад.

         Аввалин ваҳйи Парвардигор ба Расулуллоҳ (с) «иқраъ» яъне “бихон” буд. Бо иќдоми Сарвари давлатамон тарҷумаи Қуръон ба забони тоҷикӣ дастраси мардум гардида, инчунин «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расидааст. Давоми беш аз ҳазору чорсад сол уламои зиёд масъалаҳои диниро баён карда, онҳоро ҳал намуда, то ба имрӯз оварда расониданд. Айни замон барои кишвари мо, ки қонунгузорияш ба мазҳаби ҳанафия эҳтиром зоҳир кардааст, метавонад роҳу равиш ва мазҳаби Имоми Аъзам дар байни мусулмонони кишвар ваҳдати воқеиро ба вуҷуд орад ва ҳам муносибати эҳтиромонаро нисбат ба пайравони адёни дигар таъмин намояд. 

         Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати мавҷудияташ муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро дар ҳаёти мамлакат танзим кард. Бино бар гуфти коршиносон Конститутсияи Тоҷикистон аз лиҳози илмӣ ва мукаммалӣ яке аз конститутсияҳои намунавии кишварҳои олам аст. Шукронаи онро кунем, ки имрӯз Тоҷикистон тинҷу ором аст ва Конститутсияи он кафили ҳамзистии пайравони адёни гуногун, мавҷудияти арзишҳои динӣ ва дунявӣ мебошад.

          Рўзи 6-уми ноябр дар кишвари мо 30-юмин солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва ба ин муносибат ҳамаи шуморо муборакбод мегӯем.

Время намаза в Душанбе

21.11.2024

Подробнее
Фаджр05:36
Зухр12:40
Аср15:16
Магриб17:11
Иша18:41
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее