Главная Статьи ФАЗИЛАТИ ХУШЎЪ ДАР НАМОЗ

ФАЗИЛАТИ ХУШЎЪ ДАР НАМОЗ

ФАЗИЛАТИ ХУШЎЪ ДАР НАМОЗ
2024-11-30
79

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).

 «Ва онҳое, ки бар намозҳояшон мувозибат менамоянд» (сураи «Мӯъминун», ояти 9).

«Онҳое, ки ҳамвора бар намозашон мудовим ва пойдоранд» (сураи «Маориҷ», ояти 23).

Бояд ҳар як намозгузор ин се вижагиро дошта бошад. Аммо медонед, ки бояд чӣ гуна намоз бихонем? Расули акрам (с) фармудаанд:

«ҳамон тавре намоз бигузоред, ки маро дидед намоз мегузорам».

Аввалин чизе, ки Паёмбар (с) баъд аз тавҳид баён фармудаанд, барпо намудани намоз мебошад, зеро намоз асоси ибодати баданӣ ва закот асоси ибодати молӣ ба шумор меравад. Паёмбар (с) аз саҳобагон барои барпо намудани намоз байъат мегирифт, чунонки дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ Ҷарир ибни Абдуллоҳ гуфтааст:

«Бо Паёмбар (с) паймон бастам, ки намозро барпо дошта, закотро бидиҳам ва барои ҳар мусулмон насиҳат кунам ва хайрандешӣ намоям».

Масъалаи дигаре, ки лозим аст дар намоз мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, ҳадаф аз барпо доштани намоз аст. Яъне чаро бояд намоз хонд, оё ҳадафе дар ин амал ҳаст, ё на? Агар ба сураҳои қуръонӣ мурур намоем, ин оятро мебинем, ки:

«Ва ба дурустӣ, ки он намоз душвор аст, магар бар соҳибони хушӯъ» (сураи «Бақара», ояти 45).

«Ва барпо кун намозро барои ёд кардани ман» (сураи «Тоҳо 14»).

«Ва барпо кун намозро ду тарафи рӯз ва соате чанд аз шаб, ҳаройина тоатҳо (намозҳо) гуноҳонро дур мекунанд» (сураи «Ҳуд», ояти 114).

Намозгузор бояд хошиона ва фурӯтанона намозро ба ҷой оварад, то ба ёди Парвардигораш бошад ва намози ӯ вайро аз фаҳшо ва мункар боздорад. Бомдодону шабонгоҳон ва лаҳзаҳое аз шаб монанди кӯҳе устувор биистад ва бо Худояш ба розу ниёз бипардозад ва ризои Ӯро ҷӯяд ва зиндагӣ ва марги ӯ барои Худо бошад. Намоз вақте ибодат ба ҳисоб меравад, ки бо хушӯъ, ҳузури қалб ва барои Худо адо шавад ва намозгузорро аз фаҳшо ва мункарот ва дигар ахлоқи бад дур кунад ва ба ӯ эҳсоси гармӣ ва расидан ба камолро бибахшад, агар чунин набошад, пас он одат аст, на ибодат. Маҳалли хушӯъ қалб аст ва самароти он дар аъзои бадан зуҳур мекунад. Аъзои бадан тобеи қалбанд, аз ин рӯ, вақте фурӯтании қалб ба сабаби ғафлату васваса аз байн рафт, фурӯтании дигар аъзои бадан ҳам аз байн меравад, зеро қалб монанди фармондеҳ ва аъзои бадан сарбозҳои он мебошад ва аз он пайравӣ мекунанд. Вақте фармондеҳ аз байн равад ва ё нобуд шавад, сарбозонаш ҳам аз байн мераванд, пас бидонед, ки хушӯи аъзои бадан вобаста ба хушӯи қалб аст. Паёмбар (с) дар бораи хушӯъ дар намоз ва фазилати он фармудааст:

        «Худованд дар намозҳои фариза бар инсон панҷ чизро воҷиб кардааст, касе, ки дуруст таҳорат кунад ва намозҳояшро дар вақти худ адо кунад ва рукӯъ, суҷуд ва хушӯи онҳоро ба камол анҷом диҳад, Худованд мутааҳҳид мешавад, ки ӯро мавриди омурзиш қарор диҳад ва касе, ки чунон накунад, Худованд бо ӯ тааҳҳуде надорад, агар бихоҳад ӯро мебахшад ва агар бихоҳад ӯро азоб медиҳад».

        Асбоби хушӯъ ва фурӯтанӣ дар намоз бар ду қисм аст:

1. Он чи, ки хушӯъро эҷод ва тақвият мебахшад.

2. Аз байн бурдани он чӣ, ки монеи хушӯъ мешавад ва онро коста мекунад. Паёмбар (с) фармудаанд:

«Он гуна Худовандро парастиш кун, ки гӯё Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, Худованд туро мебинад».

Асбоби тақвияти имон бисёр зиёданд ва ба ҳамин хотир аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд:

«Се чиз назди ман маҳбуб аст: зан, атр ва нури чашми ман дар намоз аст».

Дар ҳадиси дигаре фармудааст:

«Билол, моро бо намоз хушҳол кун». Яъне азон бигӯ, то намоз бихонем ва аз шарри дунё роҳат шавем.

Ором гирифтан дар намоз: Паёмбар (с) дар намоз чунон ором мегирифт, ки бо тамоми аъзои баданаш рост меистод ва ба касе, ки нодуруст намоз мехонд, мефармуд:

«Намози ҳеҷ яке аз шумо ба итмом намерасад, то ин корро анҷом диҳад». Яъне мисли ман намоз бигузорад.

Абӯқатода (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Дуздтарин мардум касест, ки аз намозаш бидуздад. Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), чӣ гуна инсон аз намозаш медуздад? Фармуданд: Рукӯъ ва суҷудашро комил ба ҷо намеоварад».

Зикри марг дар намоз: Дар ин маврид Паёмбар (с) ба Абӯайюби Ансорӣ (р) супориш мекунад, ки:

«Агар намоз хондӣ, он гуна бихон, ки гӯё охирин намози ту ва намози худоҳофизии туст».

Яъне монанди касе бош, ки баъд аз он мемирӣ ва баъд аз марг намоз соқит мешавад, дар натиҷа охирин намоз аст ва лозим аст дар он хушӯъ ва фурӯтаниро риоят кунад, зеро инсон ғайбро намедонад ва шояд ин охирин намози ӯ бошад.

Бидонад, ки Худованд садои ӯро мешунавад: Паёмбар (с) гуфт: Худованд (ҷ) фармудааст: Намозро миёни худ ва бандаам тақсим кардаам ва он чӣ мехоҳад ба ӯ ато мекунам. Вақте банда мегӯяд: «Алҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин», Худованд (ҷ) мегӯяд: Бандаам Маро сутуд. Вақте банда мегӯяд: «ар-Раҳмони-р-Раҳим», Худованд (ҷ) мегӯяд: Бандаам маро ситоиш кард. Вақте банда мегӯяд: «Молики явми-д-дин», Худованд мегӯяд: Маро таъзим ва тамҷид кард. Вақте банда мегӯяд: «Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин», Худованд (ҷ) мегӯяд: Ин миёни Ман ва бандаам мебошад ва он чи бихоҳад, ба ӯ мебахшам. Вақте банда мегӯяд: «Иҳдино-с-сирота-л-мустақим, сирота-л-лазина анъамта алайҳим, ғайрил мағзуби алайҳим ва ла-з-золлин». Худованд мегӯяд: «Ин аз они бандаам мебошад ва он чи хост, ба ӯ ато мекунам. (Имом Муслим).

Ҳадиси мазкур ҳадиси пурмаъноест, ки агар ҳар намозгузоре онро мадди назар қарор диҳад, хошеъ ва фурӯтан мегардад ва мефаҳмад, ки сураи «Фотеҳа» асари бисёр бузурге мегузорад, зеро эҳсос менамояд, ки бо Худованд (ҷ) суҳбат мекунад ва Худованд ниёзҳои ӯро бароварда месозад. Пас сазовор аст, ки намозгузор ин муноҷотро бузург ҷилва диҳад ва бисёр ба он таваҷҷуҳ кунад.

Паноҳ бурдан ба Худованд (ҷ) аз шарри шайтон: Шайтон душмани инсон буда, аз ҷумлаи душманиҳои вай васваса аст. Шайтон дар намоз моро дучори васваса мекунад, то намози моро барҳам бизанад ва хушӯи онро аз байн бубарад. Ин васвасагар ба сӯйи касе меояд, ки ба Худо рӯй оварда ва ба ёди Ӯ бошад, ё вақте ки бандаи Худо мехоҳад, ки бо тамоми вуҷуд ба Худо рӯй оварад. Вақте банда ба сӯйи намоз меравад, шайтон хашмгин мешавад ва бар ӯ ғайрату ҳасодат меварзад. Зеро дар бузургтарин ва наздиктарин макон ба Худо ва сахттарин ҷабҳа дар муқобили шайтон истода аст. Ба ҳамин далел иблис талошу кӯшиш мекунад, то ӯро аз барпо доштани намоз монеъ шавад ва ӯро ба тарки намоз фаро хонад. Агар аз ин тариқ маъюс шаваду банда аз васвасаи ӯ сарпечӣ кунад, шайтон боз талош мекунад, то васвасае ба дили ӯ бияндозад ва миёни ӯ ва қалбаш деворе гузорад. Ба ҳамин далел ба хотири намозгузор дар намоз чизҳоеро меоварад, ки пештар дар гӯшаи хаёлаш набуданд.

Аз Худованди меҳрубон талаб дорем, ки қалбҳои моро лабрез аз имон гардонад ва пардаҳои торики ғафлат ва ҳавову ҳавасро аз он дур намуда, ба ҳама мўъминон тавфиқи намоз гузоридан бо ҳузури қалбу хушуъи комилро ато фармояд. Омин!

Время намаза в Душанбе

04.12.2024

Подробнее
Фаджр05:49
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:10
Иша18:40
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее