Имом Абӯҳанифа ва бунёди фиқҳи ҳанафӣ

Имом Абӯҳанифа пас аз касби илм аз олимони бисёри Кӯфа, Басра ва Ҳиҷоз ба унвони барҷастатарин шахсяти илмиву маънавӣ ва сарчашмаи судури фатвову омӯзиши фиқҳ шинохта шуд. Ӯ бо ин макони илмии худ дар муддати қариб сӣ сол вазифаи тадрис ва ифторо тавре ифо кард, ки имрӯз асоси мазҳаби ҳанафӣ пиндошта мешавад. Таи ин солҳо ӯ ба қавли баъзе ба шаст ҳазор ва ба қавли дигарон ба ҳаштод ҳазор масоили ҳуқуқӣ посух дод, ки дар замони зиндагии вай ба унвонҳои мухталиф матраҳ шуда буданд.
Имом натанҳо қонуни исломиро бори аввалин тадвин намуд, балки корнамоии азими дигареро ба ҷо гузошта, бузургии безавлро ба таърихи ислом бахшид, зеро ӯ нахустин касе буд, ки хидматҳои бузургеро дар замони фитнаву ихтилофоти мазҳабӣ ба ислом анҷом дода, уммати исломиро аз ақидаҳои ботил наҷот дод ва посухҳои маъқулеро дар баробари пурсишҳои аҳли ботил ироа дошт. Барои расидан ба ин ҳадаф китоби арзишмандеро таҳти унвони «Фиқхи Акбар» таълиф карда дар муқобили ин гурӯҳҳои мазҳабӣ акидаи аҳли суннат ва ҷамоатро собит намуд ва дар мавқеи устувор қарор гирифт.
Имом ҷиҳати умумӣ гардонидани фиқҳи исломӣ аз роҳҳои гуногун сайъу талоши зиёде анҷом медод, барои ин ҳадаф ӯ борҳо бо пайравони гуруҳҳои хусуматдор мунозиротеро анҷом дод.
Абӯҳанифа халои бузургеро, ки баъд аз хулафои рошидин дар низоми қонунгузории исломӣ ба вуҷуд омад ба василаи нерӯи илми ва нубуғи фикрии худ пурра сохта, натиҷа ва самараи наҷотбахшеро ба наслҳои оянда гузошт.
Замоне ки аз як қарн аз вазъи ногувори ба миён омада гузашта буд, ҳар инсони соҳиби фикр ва андеша дигаргунӣ ва нобасомониҳои дар низоми қонунузории исломӣ ба вуҷуд омадаро дарк мекард, зеро аз як тараф марзҳои ҳукумати аз Ҳинд то Испания густариш ёфта буд ва миллатҳои мухталиф бо доштани тамаддунҳои ҷудогона ра расму оинҳои мутфовит дар он шомил шуда будан, аз тарафи дигар бошад дар дохили кишвар масоили молиётӣ, тиҷоратӣ, зироати, санъатӣ, талоқу никоҳ ва идораи дохилӣ қонунҳо ва муқаррароти низоми ҳамарӯза ба вуқӯ мепайваст. Дар хориҷ аз кишвар давлати бузурги исломӣ бо кишварҳои дигари ҷаҳон дар ҷанбаҳои мухталиф робитаҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, рафту омади хушкиву баҳрӣ ва масоили гумруки дар сулҳу ҷанг доштанд ва мусалмонҳо дорои дини комил ва назарияи мустақилли усули зинндаги ва қонуни исломӣ буданд, аз ин рӯ ногузир буданд, то ҳаммаи ин масоили ҷадидро дар партави низоми қонуни и сломии худ ҳаллу фасл намоянд.
Матлаб ин ҷост, ки ислом ва пайравонаш аз як тараф дар муқобили ин талаботи бузурги замон қарор гирифтанд ва аз тарафи дигар дар замони ҳукмронии Уммавиён ва Аббосиён ба таври умум идораи солим ва қонунманди сарпо набуд, ки фуқаҳо гирдиҳам омада ҳаммаи ин масоилро мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва ҳалли муносиберо мутобиқ ба усули шаръи ва талаботи замони худ пешниҳод кунанд, то идораҳои давлатиӣ ва судӣ онро дар тамоми кишвар ба ба сифати қонунҳои амалкунанда татбиқ намоянд.
Ин камбудиро хулафо, волиён, ҳокимон ва қозиён ҳама эҳсос мекарданд, вале барои берун рафтан аз ин мушкилӣ чорае надоштанд, зеро ҳалли ин гунна масъалаҳо ба нерӯи фикри ва тавоноиву маълумоти фардии ҳар ҳоким ва қозӣ вобаста буд ва агар перомуни ҳалли як мавзӯъ якчанд фикр пешниҳод мешуд мушкилӣ ба ҷои худ боқӣ буд.
Зеро муфтиву қозиён бо пешниҳоди назарҳои мухталиф ва гоҳо бо ҳам зид масъалаҳои ба вучуд омадаро баррасӣ ва ҳукм мекарданд ва ягон намуди тасмимгирӣ ва ҳамоҳангсозӣ вуҷуд надошт. Шояд сабаби вуҷуд надоштани чунин шӯро ин буд, ки хукумате, ки аз ӯҳдаи чунин амал мебарояд вуҷуд надошт.
Чунончи Ибни Муқаффаъ яке аз наздикони халифа Мансур барои пур кардани ин холигӣ пешниҳод мекунад, ки халифа бояд шӯрое аз аҳли илм ташкил диҳад, то дар он олимони гуногун бо афкори мухталиф гирди ҳам ҷамъ шуда, барои масоили чадид баҳс намоянд ва ҳар кадоми инҳо дар ин маврид назари хешро иброз кунад, шахси халифа (баъд аз шшунидани назарҳои эшон) дар бораи ҳар як масъалаи матраҳшуда ҳукм содир намояд, ки ҳукми ӯ қонун аст. Аммо ин пешниҳоди Ибни Муқаффаъ аз ҷониби халифа пазируфта нашуд.
Дар чунин шароит Имом Абӯҳанифа бо дороияте, ки дошт мушкил ва ниёзи ҷомеаи исломиро дарк намуда, роҳи ҷудогонаеро пеш гирифт ва бо ибтикори мӯъҷизаосои хеш маҷмааи илмии ғайридавлатиро ба ҳадафи қонунгузорӣ таъсис намуд ва халои азимеро дар сатҳи чаҳони исломӣ пур сохт.
Андеша ба чунин амали бузург ва иқдом бар анҷоми он аз ӯҳдаи шахсе меомад, ки аз нерӯи фикрӣ, нубуғи ақлӣ ва ғинои илмӣ комилан бархӯрдор бошад ва воқеан имом аз чунин имтиёзҳои фавкулода бархӯрдор буд. Илова бар ин ин абармарди таъри ҳиммат ва ҷуръати онро дошт, ки агар ӯ ба таъсиси чунин идорае иқдом кунад ва қавонини исломиро тадвин намояд, қавонини тадвинёфтаи ӯ бидуни нерӯи сиёси ва қувваи нофиза танҳо бар асоси ҳусни нияти тадвинкунандагон ва мутобиқати он бо раванд ва авзои замон ва билохира ба нерӯи илмиву ахлоқиашон амалӣ шавад. Имом ва ёрони тавонмандаш бар истеъдоди кори ва виқори аҳлоқии хеш онқадар эътимод доштаанд, ки иқдоме ба ин амали бузург намуданд ва ҳол он ки ҳатто ҳукуматдорон бо доштани тамоми нерӯи моддӣ ва сиёсӣ иқдом бар он накардаанд.
Ифтихори узвият дар ин шӯрои илмӣ, ки дар сари он шахсияте чун Абӯҳанифа қарор дошт шогирдони ҳозиқи ӯ касб кардаанд, ки худаш солҳо тӯлонӣ онҳоро дар мадрасаи дарс ва даъват барои тафаккур дар бораи масоили қонунӣ ва ковишҳои илмиву равиши истинбот тарбият карда буд. Ҳар яке аз онҳо илова бар имом устод ва мутахассисҳои бузурги замонии худ дар улуми Қуръон, ҳадис, фиқҳ, луғат ва наҳв, таърих ва сияр будаанд. Шогирдони зиёди имом дар улуми мухталиф маҳорат доштаанд, масалан якеро дар қиёс ва райъ мақоми ниҳоӣ ҳосил буд, дигаре маълумот ва сайъ дар илми ҳадис ва фатвоҳои саҳобаву қозиёни гузашта ва касе дар илми тафсир ё риштаи хосе аз қонун ё дар илми мағозиву сияр маҳорат дошт.
Худи имом дар баёни шогирдонаш чунин фармуд: «Онҳо 36 тананд, ки минҷумла 28 танашон истеъдоди вилояти қазоро доранд, 6 тан аз онҳо барои исдори фатво аҳлият доранд ва ду тан аз онҳо феълан барои қазо ва фатво гумошта шудаанд»
Аз шогирдони машҳури имом, ки дар сафи аввал қарор доштаанд чун Қозӣ Абӯ Юсуф, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Зуфар ибни Ҳузайл, Ҳасан ибни Зиёди Лӯълӯъӣ буданд ва хусусан нақши ду шогирди бузурги имом, ки ба унвони соҳибайн ёд мешаванд дар тадвини қонун ва фиқҳи ҳанафӣ аз назари ҳеҷ кас пӯшида нест.
Чунончӣ Қозӣ Абӯ Юсуф то шонздаҳ сол пас аз имом Абӯҳанифа мадрасаи ӯро аз иртибот бо давлат ба дур нигоҳ дошт. Дар ин даврон вай фаъолиятҳои илмӣ ва таълими устодашро дунбол кард ва тавъам бо он хидмати бузургеро анҷом дода, китоби ҷудогонаро перомуни бахшҳои мухталифи қонун омода кард, ки дар он натиҷаҳои маҷлисҳои имом Абӯҳанифа ва ақволи худро ҷой дода аст. Ин китобҳо натанҳо ҳалқаҳо илмиро таҳти таъсири худ гузошт, балки тавонист таваҷуҳи кормандони идороти давлати ва маҳкамаҳоро ба худ ҷалб намояд, зеро дар он замон сармояи дигари муназзам ва мураттаби қонунӣ мавҷуд набуд, то ба заруратҳои ҷомеа посух кунад.
Албатта фоидаи ин хидмати арзишманди илмӣ натиҷаи он буд, ки қонуни тадвиншуда қабл аз ба сари қудрат расидани тадвинкунандагони он бар афкор ва муомилоти мардум ҳукмрон шуда буд ва танҳо ин амр боқӣ монда буд, ки иқтидори сиёсӣ онро ба унвони қонуни кишвар эълом дорад, ки баъдҳо чунин ҳам шуд.
Равиши илми ва шеваи кори шӯро
Имом Абӯҳанифа ҷиҳати майл ба аҳдофи олиаш шеваи хосаеро дар полони кори хеш ҷой дода буд, ки таърихнигорон онро чунин ҳикоят мекунанд:
Абӯҳанифа мазҳаби худро бо машварати онҳо (шогирдони фозили худ) асос гузошта буд, ҷазбаи фидокории,ки ӯ дар ҳудуди тавони худ ба хотири дин дошт ва ихлосе, ки бо камоли дараҷа ба Худованд ва Паёмбараш ва аҳли имон дар қалбаш мавҷуд буд, ба хотири он бидуни ҳузурдошти шогирдонаш анҷоми корашро аз тариқи қазовати инфиродӣ написандид. Ӯ як-як масоилро ба шогирдонаш матраҳ мекард ва ҷанбаҳои мухталифи онро мавриди баҳсу мутолиаи дақиқ карор медод, ончӣ дар фикр ва илми онҳо буд мешунид ва ончӣ назари шахсиаш буд иброз медошт, ҳатто дар баъзе ҳолат баҳс дар атрофии як масъала ҳафтаҳо, моҳҳо ё бештар аз онро дар бар мегирифт ва билохира як райъи мӯҳкаме меомад, ки онро Қозӣ Абу Юсуф дар кутуби усул «Зоҳир ар-ривоёт» дарҷ мекунад.
Ибни Баззози Кардарӣ дар хусуси шеваи кори ин шӯро чунин менависад: «Шогирдони ӯ пиромуни масъалае бидуни шак ба бахс мепардохтанд ва аз нуқтаи назари ҳар фан дар мавриди»он гуфтугӯ менамуданд, имом дар аснои баҳс бо хомӯшӣ суханонашро гӯш мекард, сипас ҳангоме, ки имом дар бораи он суханони хешро оғоз мекард чунин сукуте дар маҷлис ҳукмфармо мешуд, ки гӯё ҷуз ӯ кассе дар инҷо ҳузур надорад.
Абдуллоҳ ибни Муборак яке аз аъзоёни шӯро ва шогирди барҷастаи имом аз равиши кори шӯро чунин ҳикоят мекунад: «Боре дар он маҷлис дар хусуси масъалае се рӯз паиҳам баҳс сурат гирифт».
Аз ин гуфтаҳо ва ҳикоёт чунин бар меояд, ки ин шӯро аз шеваи олӣ дар бахшҳои илми бархӯрдор буда, қарор ва тасвибҳои ин шӯро дар ҳамон маҷлис сабт мешуд ва таҳти унвонҳои ҷудогона ба шакили китоб ва фаслҳо дароварда мешуд, ки баъдан онҳоро китоби усул ва зоҳири ривоёт номидаанд.
Оре! Имом Абӯҳанифа нахустин донишманде буд, ки илми шариатро ба системаи маводи қонунӣ тадвин намуд, Қабл аз ӯ касе ин амалро анҷом надода буд ва ӯ бо андешаи олиаш барои аввалин бор қонуни исломиро бо доманаи васеъ дар китоб ва унвонҳои ҷудогона ба шакли бобҳои фиқҳӣ тартиб намуда, сармояи бузургеро дар арсаи фиқҳ ва қонуни исломӣ аз худ боқӣ гузошт. Имом Абӯҳанифа тавонист дар ин шӯро хаштоду се ҳазор масъалаи қоннуниро ҳаллу фасл намуда ба тасвиб расонад. Дар ин шӯро танҳо масоиле таҳти баррасӣ қарор намегирифт, ки то он вақт амалан мардум ё ҳукумат бар он рӯ ба рӯ шуданд, балки суратҳои масоили эҳтимолиро фарз карда мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, роҳи ҳалли онро ташхис мекарданд, то ҳукми масъалаҳои ҷадиди то ба он замон рух надодаро пайдо кунанд. Ҳамаи ин масоил тақрибан бо ҳар шӯъбаи қонун иртибот дошт, масалан, қонуни ҷиноятӣ, қонуни ҳарбӣ, қонунҳои иқтисодӣ, қонунҳои маданӣ ва муомилот, аҳкоми ибодат ва масоили фаровони дигар, ки ҳамаи инро метавон дар феҳристи китобҳои аз маводи қонунӣ фароҳамшудаи ин шӯро метавон дарёфт, ки тавассути имом Абӯ Юсуф сабт ва баъдан тавассути имом Муҳаммади Шайбонӣ мураттаб шудаанд. Ҳамин тавр имом Абӯҳанифа хидмати бузургеро анҷом дод, ки на танҳо мусалмонҳо, балки тамоми башарият аз он баҳраманд шуд.
Мутассифона насли имрӯза дар як нофаҳмӣ ва иштибоҳи бузурге афтодаанд ва мегӯянд, ки қонуни байналмилали падидаест ҷадид ва аз ҷониби қонунгузорони ғарбӣ таъсис дода шудааст, аммо кассе ки китоби «Сияр» - и навиштаи имом Муҳаммади Шайбонӣ шогирди Имом Абӯ Ҳанифаро варақ зада бошад ба хубӣ дарк мекунад, ки ин бо тафсили васеъ дар мадрасаи Имом Абӯҳанифа ва шогирдонаш тадвин ёфта аст ва дар он ҷанбаҳои гуногуни қонуни байналмилалӣ бо тамоми масълаҳои печидаи он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта аст. Имрӯз ин ҳақиқатро гурӯҳ аз аҳли илм низ пазируфтанд ва дар Олмон қонуни байналмилалии ҷомеаи Шайбонӣ низ таъсис дода шуда аст.
Таъсири шӯро ба мазҳабҳои дигар дар тадвини қонун
Ин шӯро, ки бо тадбири дақиқи илми ташкил ёфта буд барои ҳадафҳои хеш бо тамоми диққат амал мекард ва қонунҳои муназзамеро тадвин дод, ки таъсири он дар ҷомеа ба куллӣ эҳсос карда мешуд. Аз чумла ин таъсир ин буд, ки фаъолиятҳои инфиродии уламо ва муҷтаҳидин, қозиву муфтиҳо яксара аз эътибор соқит шуд, зеро ин маҷлиси илмӣ таҳти сарварии шахсияти тезҳуш чун Абӯҳанифа фаъолият мекард ва зимни пажӯҳиш аҳком Қуръон ва ҳадис,фатвои саҳобагон ва уламои гузашта бо дарназардошти воқеияти ҳаррӯза татбиқ мекарданд.
Аз ин рӯ ҳангоме ки самараи ин шӯрои илмӣ ба маҳзари ом ба номоиш гузошта шуд, мусалмонон аз қозиву ҳоким то оммаи васеъ мардум ҳама ба он руҷӯъ карданд, зеро он ба талаботи аср ва эҳтиёҷи ҳаррӯзаи мардум ҷавобгӯ буд.
Дар ин маврид фақеҳи машҳур Яҳё ибни Одам чунин мегӯяд: «Дар баробари ақволи Абӯҳанифа ақволи соири фуқаҳо сард ва беравнақ гардид, илми ӯ дар манотиқи гуногун пахш шуд ва аз рӯи он хулафо, аимма (имомон) ва ҳукком (ҳокимон) ҳукм содир мекарданд ва ҳакмаи муомилот ба меҳвари он мечархид»
Чунин вазъият то замони ҳукмронии халифа Маъмун (солҳо 813 – 833 мелодӣ) идома ёфт, то яке аз фуқаҳои рақиби Абӯҳанифа ба Фазл ибни Саҳл, ки нахуствазири халифа буд машварат медиҳад, то ҳукми мамнӯъияти истифода аз фиқҳи ҳанафиро содир кунад. Нахуствазир ашхоси бо истеъдод ва соҳибтаҷрибаро гирдиҳам оварда, дар ин маврид ба машварат пардохт ва онҳо якдилона гуфтаанд, ки чунин ҳукм ҳаргиз қобили қабул нест ва агар чунин ҳукм қабул шуд ҳамаи сокинони кишвар бар зидди шумо юриш хоҳанд кард, ҳароина шахсе ба шумо чунин машваратро дода ноқисулақл аст. Нахуствазир гуфт: «Ман низ бо ин назар (манӯъият аз истифодаи фиқҳи ҳанафӣ) мувофиқ нестам ва амиралмӯъминин низ бо он хушнуд нахоҳад шуд»
Чун қавонин ва аҳком тадвинёфтаи ин шӯро аз як тараф бо нерӯи илмии фавқулода муҷаҳҳаз буд, аз сӯи дигар имом дар ҳудуди ҳафтсад то ҳаштсад шогирдро тавре тарбият карда буд, ба шаҳрҳои мухталифи чаҳони ислом сафар намуда, ба марказҳои таълимӣ ва фатвои исломӣ сарвар шудаанд. Аз шогирдони ӯ панҷоҳ нафар дар аҳди салтанати Аббосиён ба мансаби қозӣ гумошта шуданд, аз ин сабаб мазҳаби имом ба ҳайси қонуни расмии қисми зиёди ҷаҳони исломӣ пазируфта шуд.
Дар давраҳои гуногун қонунҳо ва аҳкоми тадвиннамудаи ин мазҳаб ба ҳайси қонуни расмии давлати Аббосиён, Салҷуқиён, Усмониҳо, хонигариҳои Осиёи миёна шинохта мешуд ва имрӯз хам аз Ҳиндустону Чин то Мисру Туркия садҳо миллион мусалмон пайравони ин мазҳабанд. Илова бар гуфтаҳои боло як асари дигари тадвини қонуни исломӣ он буд, ки ин шеваи ҷадиди қонунгузорӣ барои муфаккирон ва донишмандони мусалмон боби ҷадидеро дар тадвини қонунҳои исломӣ кушод ва мазҳабу низомҳои бузурге, ки баъдан ба вуҷуд омадаанд ба навъе аз ин шӯро мутассир шудаанд. Агарчӣ натиҷаҳои иҷтиҳоди эшон аз аҳкоми ин шӯро фарқ мекард, вале қавонин тавассути ин шӯро тадвинёфта барои эшон намунае буд, ки роҳи эшонро ҳамвор сохт. Бадин тартиб ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ба пояи камол расид ва хидмати бузурге дар арсаи қонуну шариати исломӣ тавассути абармарди таърих имом Абӯҳанифа анчом ёфт. Ин қавонини тадвинёфта бар асоси авсофи ихлос ва қувваи илмву ихлоси динии тадвинкунандагони он ба унвони қонуни аксарияти кишварҳои мусалмоннишин шинохта шуд ва натанҳо мусалмонон, балки тамоми башарият аз он баҳраманд гардид.
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее