Мазаммати талоқ

Имрўзҳо аз сабаби сатҳи пасти маърифатнокӣ ва камогоҳӣ аз асли шариати исломӣ, қонуну қавоиди зану шавҳардорӣ қисмати зиёди ҷавонон ба ҳамсарони худ зиндагӣ карда натавониста, аз ҳам ҷудо мегарданд. Дар ҳоле, ки Расули акрам (с) мефармоянд:
«Талоқ бадтарин ҳалол дар назди Худо мебошад».
Талоқ ин амри оддӣ нест, ки ҳар вақт, мард биҳоҳад онро амалӣ гардонад, балки он аз ҷониби шариат танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки имконияти идома додани ҳаёти хушбахтонаву ширини оиладорӣ номумкин гардад.
Талоқ ва ҷудоӣ аз ҳамдигар, зиндаятим мондани фарзандон дар ислом куллан ҷонибдорӣ карда намешавад. Ба қавли Мавлавӣ:
То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,
Абғаз-ул-ашёи индӣ ат-талоқ.
Имрўз мо шоҳиди онем, ки баъзе ҷавонон дониставу надониста «талоқ» гўён, оилаҳои худро вайрон мекунанд, ҳамсарони худро меронанд, аз баҳри фарзандон мебароянд. Афсўс, сад афсўс, ки дар ин кор саҳми баъзе хушдоманҳо низ «назаррас» аст. Чунин хушдоманҳо оташи кинаву адоватро дар оилаи фарзандони худ баланд карда, келинро ҳамчун хизматгор қабул доранд ва нисбат ба ӯ муносибати ғайри қобили қабулро анҷом медиҳанд. Ҳатто чунин рафтор баъзан он гуна таъсирнок мегардад, ки дар натиҷа, писар аз хориҷа истода, ҳамсари худашро тавассути телефон ё хабари «СМС» «талоқ» медиҳад. Огоҳ бошед, ки бузургон гуфтаанд: Вақте калимаи талоқ садо диҳад, Арши азим ба ларза меояд.
Тибқи фармудаи Худованд дар оилае, ки муноқиша бармехезад, калонсолон вазифадоранд, ки ба миёни онҳо даромада, зану шавҳарро муросо диҳанд. Аз ин рў, мо бояд ба ҷавонон насиҳат кунем, онҳоро тарбия намоем, агар аз чунин ҳолатҳо огоҳ шавем, бетарафиро ихтиёр накарда, дар солим мондани оилаҳо ва дар маҷмуъ тамоми ҷомеа саҳмгузор бошем.
Муҳаммаднуъмон Маҳмудов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Носири Хусрав
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее