НАЗАРИ МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ ДАР БОРАИ ШАХСИЯТИ ИМОМ АБӮҲАНИФА

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Дар бораи Имом Абӯҳанифа бисёр мутафаккирону олимон чӣ дар тӯли таърих ва чӣ дар даврони муосир назари худро баён доштаанд ва нисбаташ тадқиқотҳои илмӣ ба анҷом расонида, ҷавҳари таълимоти ин шахсияти маъруфро, ки дар ҷаҳони ислом корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст, пешкаши хонандагон кардаанд. Яке аз мутафаккирони барҷастаи асримиёнагии Шарқ Муҳаммади Ғаззолӣ низ назари хешро нисбати шахсият ва таълимоти асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафия ва олими шинохтаи илми фиқҳ Имом Абӯҳанифа баён доштаанд. Аз нигоҳи Муҳаммади Ғаззолӣ Имом Абӯҳанифа бисёр шахси ботақво, зоҳид, ориф ва худотарс буд, ки мақсади бо донишҳои худ дар роҳи Аллоҳ хизмат карданро дошт.
Муҳаммади Ғаззолӣ оид ба омезиш надодани масъулияти динӣ бо вазифаҳои сиёсӣ аз ҷониби Имом Абӯҳанифаро ёдовар шуда, аз Робеъ ибни Осим чунин ҳикояте меорад: «Язид ибни Умар ибни Ҳубайра маро бо супорише назди Имом Абӯҳанифа фиристод ва ман бо Имом Абӯҳанифа ҳамроҳ ба назди ӯ омадем. Язид мехост, ки Имом Абӯҳанифа мудири хазина (байт-ул-мол) шавад, вале ӯ ин мансаби давлатиро рад намуд ва ба ҷазои зарбаи бист тозиёна гирифтор шуд». Оиди ин воқеа инчунин Ҳакам ибни Ҳишшоми Сақафӣ мегӯяд, ки дар Шом (Сурия) ба ман ҳикоят намуданд, ки Имом Абӯҳанифа яке аз шахсони бисёр росткор буда, султон ба ӯ фармуд, ки ӯ ё мудири хазинаи вай мешавад ё ҷазои тозиёнаро қабул менамояд ва Имом Абӯҳанифа ба худ масъулияти эътиқодиро аз ҷазои рӯизаминӣ дороии ин дунёӣ болотар дониста, онро қабул накард. Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд, ки бинед Имом Абӯҳанифа чи хел аз соҳиб шудан ба мансаби давлатӣ ва дар даст гирифтани ҳокимияти давлатӣ худдорӣ менамояд.
Мутафаккир дар ҷои дигар оид ба рад кардани мансаби қозигӣ аз ҷониби Имом Абӯҳанифа маълумотҳо овардааст. Ривоят мекунанд, ки ба Имом Абӯҳанифа мансаби қозикалони Бағдодро пешниҳод карданд ва ӯ гуфт, ки ман ба ин мансаб муносиб нестам. Ӯро пурсиданд, ки барои чӣ? Ӯ ҷавоб дод, ки агар ман дар муносиб наомаданам ҳақ бошам, пас ба ин мансаб муносиб нестам ва агар муносиб наомаданам дуруғ бошад, пас дуруғгӯй ҳуқуқ надорад адолати қазоиро ба амал барорад.
Мутафаккир мегӯяд, ки аз суханҳои Муҳаммад ибни Шуҷоъ яке аз ҳамсафони Имом Абӯҳанифа ривояте аст, ки мувофиқи он ба Имом Абӯҳанифа гуфтанд, ки ҳокими муъминон Халиф Абуҷаъфари Мансур фармуд, ки ба шумо ба сифати мукофот даҳ ҳазор дирҳам диҳем. Имом Абӯҳанифа ба гирифтани он розӣ нашуд. Дар рӯзи овардани инъом Имом Абӯҳанифа саҳар намоз хонда ба сараш ҷома кашида суҳбаткуниро қатъ кард. Ҳасан ибни Каҳтаба намояндаи Халифа бо пулҳо ба назди Имом Абӯҳанифа омад, вале ӯ бо вай гап назад. Яке аз ҳозирбудагон ба Ҳасан ибни Каҳтаба гуфт, ки ӯ бо мо низ бо калимаҳои алоҳида гап мезанад, яъне одати ӯ чинин аст. Ҳасан ибни Каҳтаба супориш дод, ки пулҳоро дар халтачае гузошта дар кунҷи хона гузоранд. Баъди ин воқеа Имом Абӯҳанифа моликияти худро ба мерос гузошта, ба писари худ гуфт, вақте ки ман аз дунё мегузарам баъди дафн карданам ин ҳамёнро гирифта ба назди Ҳасан ибни Каҳтаба рав ва ба ӯ гӯй, ки пулҳои дар нигоҳдории Имом Абӯҳанифа гузоштаашро гирад. Писараш гуфт, сипас ман ҳамон тавр рафтор кардам. Ҳасан ибни Каҳтаба гуфт, ки Худо дар раҳматаш падари туро нигоҳ дорад, ки ӯ дар дини худ бисёр аниқ буданд.
Мувофиқи ривояти дигар дар бораи Имом Абӯҳанифа дар назди Ибни Муборак суханҳои на он қадар хуб гуфтанд ва ӯ ба эшон гуфт, ки шумо шахсе, ки ба ӯ тамоми нозу неъмати дунёро пешниҳод карданд ва ӯ онҳоро қабул накард, боло бардоред. Мақсад аз рад кардани мансабҳои давлатӣ ва хизматчии давлатӣ шудан эҳтимол он буд, ки Имом Абӯҳанифа ҳаёт ва фаъолияти худро пурра ба инкишоф додани илм ва ташаккули инсони порсо бахшидан буд ва ин ҳамон тавр ҳам шуд.
Муҳаммади Ғаззолӣ назари худро дар бораи саҳми Имом Абӯҳанифа дар инкишоф додани ҳуқуқи мусулмонӣ низ баён намудааст. Бояд қайд кард, ки аз чор се ҳиссаи илми муосири фиқҳ аз ҷониби Имом Абўҳанифа таълиф гардида, як ҳиссаи боқимондаи он низ дар асоси асарҳои ӯ коркард шудааст. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда таълимоти ақлиро дар ҳалли масоили фиқҳӣ инкишоф додаст. Аз назари Муҳаммади Ғаззолӣ Имом Абӯҳанифа шахсе буд, ки ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ машғул гардида, дар таҳияи сарчашмаҳои дуюминдараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ камар бастааст. Алалхусус, аввал ба эҷоду таҳкиқи иҷмову қиёс ва баъдан ба иҷтиҳоду фатво. Аз таълимоти Имом Абӯҳанифа сар карда, тамоми уламои ҳанафӣ ба иловаи сарчашмаҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ – Қуръон ва Суннат инчунин иҷмоъ ва қиёсро расман пазируфтанд.
Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд, ки Имом Абӯҳанифа инчунин дар амалигардонии сарчашмаҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ низ иштирок намуда, саҳми худро гузоштааст. Хусусан, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Имом Абӯҳанифа дар коркарди усулҳои амалигардонии сарчашмаҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ – Қуръон ва Суннат бағоят калон аст. Дар такя бо ақл ҳанафиён бо сарварии Имом Абӯҳанифа дар татбиқи сарчашмаҳои дуюминдараҷаи ҳуқуқи мусулмонӣ низ васеъ машғул гардиданд. Муҳаммади Ғаззолӣ доир ба фаъолияти фиқҳии Имом Абўҳанифа ривоятҳои хеле зиёд овардааст. Беҳуда нест, ки мутафаккир назари худро дар бораи Имом Абӯҳанифа бо суханҳои зерин ҷамъбаст намудааст: «Ин ҳама нишонае аз доштани донишҳои иҷтиҳодӣ, шуғлдорӣ ба корҳои асосию зарурии динии Имом Абӯҳанифа шаҳодат медиҳанд, чунки ба касе ки хомӯшӣ ва парҳезкориро Худованд ато кардааст, ба ӯ низ тамоми донишҳоро додааст».
Баъди омӯзишу тадқиқи мавзӯи мазкур ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:
1. Имом Абӯҳанифа ба рушди ҳуқуқи мусулмонӣ машғул гардида, мактаби ҳуқуқии ҳанафияро дар Ислом асос гузошта, дар ҳалли проблемаҳои ҳуқуқии замони худ хизмати бузург кардааст.
2. Омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани таълимоти олими шинохтаи илми фиқҳ Имом Абӯҳанифа, ки он саршори меъёрҳои ахлоқӣ, диннӣ ва ҳуқуқист, дар шароите, ки гурӯҳҳои мухталиф имони мардумро сӯистифода менамоянд, аз аҳамият холи нест.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее