Мо зи ёрон чашми ёрї доштем…

Аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои олам робитаҳои дўстона барқарор намуда, муносибатҳои худро вусъату густариш дод. Чунки мо тоҷикон ҳамеша дар ҷустуҷўи дўстон ҳастем, табиатан мардуми мо кўшиш мекунанд, ки ҳатто бо рақибони худ бо меҳру муҳаббат, садоқату лабханд муносибат дошта бошанд. Аз ҷумла байни Тоҷикистону Эрон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд ва мо ҳамеша мегўем, ки як сарзамини таърихӣ ва фарҳанги муштарак дорем. Илова бар ин, дар гузашта ва имрўз мо бо нобиғаҳои ин кишвар амсоли ғазолию Фирдавсӣ, Саъдию ҳофиз ифтихор дорем ва ин бузургворонро аҷдоди умумии хеш мепиндорем. Пешрафти дўстро пешрафти хеш донистан ва дар рафъи мушкили дўст саҳм гирифтан ойини деринаи тамаддуни форсии тоҷикист. Аммо мушкил ин аст, ки дар ин дунёи ҳар замон тағйирёбанда ва хеле ҳассос баъзан дўстон фаъолиятҳое зоҳир мекунанд, ки ҳатто душманони умумиро ба ҳайрат мегузоранд. Дўстӣ якрўӣ ва поктинатиро мепазирад ва дар муқобилаш мунофиқӣ ва дурўӣ қарор дорад, ҳамон гунае, ки бад дар муқобили нек ва зулмот дар муқобили рўшноист.
Баъд аз пахши наворҳо дар шабакаҳои телевизионӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти миллӣ инсон ба чунин хулоса меояд, ки на ҳар нафаре шоистаи дўстӣ аст. ҳамаи ин воқеот ба сурати филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд, ки онро тамоми мардуми Тоҷикистон тамошо карданд ва андешаҳои худро нисбати он иброз доштанд.
Муҳтаво ва хулосаи филм бо далелу аснод собит менамуд, ки кишвари «дўст»-и Эрон дар паси парда чӣ корҳое нисбат ба кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ анҷом додааст. Чигуна аз ҷониби ин кишвари ба ном дўст шаҳрвандони Тоҷикистон бо маблағҳои ҳангуфти ин кишвар маблағгузорӣ шуда, вазифаҳо ва супоришҳои кишвари Эронро анҷом медодаанд. Даст ба террор зада, тавре ки худи қотилон ба ин эътироф карданд, чӣ қадар нобиғаҳои ин миллат аз қабили Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур ва даҳҳо тани дигарро аз байн бурдаанд. Бархе дигарашон ҳамчун Муҳиддин Кабирӣ ва баъзе афроди сатҳи пасти динӣ дошта хизматҳои хирсона анҷом додаанд. Чунки худро ҳомии манфиатҳои миллату кишвар вонамуд мекунанд, ҷавонони содалавҳро ба сўи худ мекашанд, тариқи телевизионҳои хориҷии ғаразнок ва сомонаҳои интернетии зархарид баромад намуда, худро сарсупурдагони роҳи ҳақ ва мазлум нишон медиҳанд, сиёсати пешгирифтаи давлатро мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мутаассифона дар ин гуфтори кирдори онон ба ҷуз иғвогарӣ чизеро намебинем. Маҳз чунин рафтору кирдор хиёнат ба амонати илоҳӣ мебошад.
ҳазрати Анас мегўяд: ҳеҷ гоҳе набуд, ки Паёмбар (с) ба мо хутба хонад, магар ин ки дар он мегуфт: «Имон надорад он, ки амонат надорад. Ва дин надорад он, ки паймон надорад» (Байҳақӣ). ҳар ки амин бошад, Худоро итоат кардааст ва он ки хиёнатпеша аст, Худои хешро осӣ шудааст. Амонат фақат нигаҳ доштани моли мардум нест, балки муҳимтарин амонате, ки Худои таоло ба мову шумо ато кардааст, ин сулҳу субот, оромиву амнияти кишвари маҳбубамон мебошад. Оромиву осоиштагии ҷомеа бузургтарин амонати Парвардигор аст ва мо вазифадор ҳастем, ки аз рўи қуръону суннат ин амонатро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем ва барои наслҳои оянда кишвари обод, фазои ором ва диёри шукуфоро ба мерос гузорем. Мо бояд дарк намоем, ки дар назди Худову Расул (с), дар назди ҷомеаву наслҳои оянда барои ин амонати бузург масъулем. Чунонки Паёмбар (с) фармуданд: «... Дониста бошед, ки ҳар яки шумо масъулияте доред ва ҳар яки шуморо аз он мепурсанд» (Бухорӣ ва Муслим).
Ин ҷо суоле пеш меояд, ки Эрон дар ноором кардан ва ба хоку хун кашида шудани чанд кишвари ҷангзада ба мисли Афғонистону Ироқ, Сурия ва Яман даст дорад, аз ин чӣ фоидае дидааст, ки боз мехоҳад тавассути чанд нафар иғвогарони ҳамзабони худ кишвари ободи Тоҷикистонро ноором кунад. Мо яқинан медонем, ки агар Эрон андаке суд ва манфиат бинад, дар ноором кардани ҳар минтақае нақш мебозад ва сипас корро ба дасти душманони ислому муслимин вогузор хоҳад кард. Кишвари Эрон, ба хусус сарони ин кишвар дар баробари муносибати беғаразонаи мо бояд андешаи некбинона дошта бошанд. Робитаи дўстӣ бо ҳар кишвар новобаста аз эътиқоду фарҳангашон бояд дар сатҳи олии инсондўстӣ ва хайрхоҳӣ нисбат ба якдигар бошад. Чунки инсон дорои ақлу хирад ва ҳушу идрок аст, бояд аз ақлу хиради хеш кор гирад, на ин ки роҳи бадхоҳӣ ва адовату душманӣ паймояд.
Раёсати Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее