Главная Статьи Аз овардани сулҳ то бунёди «Роғун»

Аз овардани сулҳ то бунёди «Роғун»

Аз овардани сулҳ то бунёди «Роғун»
2018-11-14
2557

16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватанамон беандоза бузург аст.

Мо  Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба истифода додани  агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин санаи фархундаро хотирмонтар мегардонад. Дар робита ба нақши тақдирсози Пешвои миллат дар бунёди ин иншооти бузурги аср бо Шоираи Халқии Тоҷикистон МЕҲРИНИСО ҳамсуҳбат гардидем.

АМИТ «Ховар»: Муаллимаи азиз, дар 27 соли даврони истиқлолият баҳри бедорию худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оинҳои миллиямон, рушди фарҳангу тамаддун  корҳои зиёде ба амал бароварда шуданд. Имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки раванди ҷаҳонишавӣ хеле пуршиддат ҷараён дорад ва ҳар соату ҳар лаҳза  дар ҳоли тағйир аст. Ва ин тағйироти босуръати ҷаҳонишавӣ то андозае барои мондагор будани бисёре аз давлатҳову миллатҳо таҳдид ҳам мекунад. Чӣ бояд кард, ки ин раванд монеи пешрафту шукуфоии кишварамон нагардад ва латма бар таъриху тамаддуну фарҳанги солори мо назанад ва чӣ метавонад сипари халқи мо дар муқобили  тазодҳои ҷаҳони имрӯз бошад?

Меҳринисо:  Ба ин суол бо чанд мисраъ метавон мухтасар  посух дод:

Ободии кишвар аст ваҳдат,

Овои паямбар аст ваҳдат.

Озодӣ ба коми дил бихоҳӣ,

Дарёбу ба ҷон параст ваҳдат.

Вале агар муфассал бигӯем, имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин сарзамини  биҳиштии ниёгон, дар ин хоке, ки ҳазорон сол инсонҳои огоҳу бедор ба хотири истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу иттиҳоду шукуфоии ин давлат ин қадар ормонӣ аз ҷаҳон гузаштанд, зиндагии осуда доранд. Дарвоқеъ, таҳкими сулҳу ваҳдат мояи пирӯзӣ ва саодату хушнудиву хушбахтии мардум  аст. Ҳамаи ин файзи истиқлолияти ин мамлакат аст, ки мардуми он шоистаи ин гуна бахту саодат низ ҳастанд. Лекин нақши барҷаста ва созандае, ки Пешвои миллати мо барои таърих ва обрӯи  Тоҷикистон, барои ба сатҳи баланд бардоштани сиёсати давлатдории навин гузоштаанд,  қобили зикри махсус аст. Он иқтидор, тафаккур, хирад, меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва ин қадар ҷоннисорие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, дар ангуштшумор сарварон дида мешавад. Бо гирифтани номашон инсон худро хеле болову воло эҳсос мекунад.

Имсол барои ман соли сафар буд ва дар якчанд шаҳру  манотиқи Тоҷикистон: Бадахшону Раштонзамин ва Хатлону Ҳисор  будам. Ростӣ, ҳар сол як маротиба ман ба сайри ин диёри нозанин мебароям  ва  ҳар дафъае, ки сафар мекунам, мебинам, ки Тоҷикистонамонро  шинохта намешавад. Яъне ин қадар камолоте, ки дар мамлакати мо дида мешавад, ба ҳамон тифлии Рустами паҳлавон монанд аст, ки мегуфтанд ӯ дар як рӯз ба мисли як моҳ калон мешаваду дар як моҳ ба монанди як сол- ҳамин гуна расми паҳлавонӣ дар нашъунамои Тоҷикистон  ба назар мехурад. Душанбе қиёснашаванда аст ва он чеҳраи худро ҳар рӯз чун арӯс дигар намуда, либоси нав ба бар мекунад. Ҳар рӯз як эъҷозу як навкорӣ барои сокинон, меҳмонон ва азизону мухлисони ин кишвари воқеан ҷаннатӣ боби тамошо  мешавад. Албатта, ҳамаи ин аз дастури Сарвари мост. Ҳама аз файзу хосияту баракати раҳнамоии ӯст. Ман ҳамеша эҳсос мекунам, ки як инсон чӣ қадар метавонад эъҷоз ва неру  дошта бошад, ки ҳамон ҳикмати гумшудаҳои мардумро боз гардонад. Ана ҳамин иттиҳод, шукр гуфтан  ва ҳамчунин муҳаббат — ин ҷавҳари асосии зиндагист, ки ба ҳар хонадоне  меравам, ҳатман сухан  дар бораи Сарвари давлат меравад. Эҳсоси  кӯдакро  ҳеҷ кас фиреб карда наметавонад ва мисли Худованд  кӯдак  ҳеҷ гуна ниёзе ҳам надорад ба ғайр аз бозичаҳои худу ҷаҳони худ. Лекин ин қадар муҳаббате, ки кӯдакони мо нисбат ба Сарвари давлатамон доранд… Ҳар як кӯдаки Тоҷикистон  орзу мекунад, ки як маротиба аз наздик Ҷаноби Олиро бубинад. Ман инро дар хонадони худ эҳсос мекунам ва ба  ҳар як хонадоне, ки меравам, ҳамин орзую ормони кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос мекунам. Хушбахтона, саодатмандҳо бисёранд ва Пешвои миллат ҳамаи ҳамон шеърхонӣ, истиқбол ва суханрониеро,  ки кӯдакон мекунанд, бо таҳаммул гӯш мекунанд.

Воқеан ҳам раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари он, ки ҷиҳатҳои мусбат дорад, инчунин дигар ҷанбаҳое дорад, ки халал ба осудагиву амният ва суботи кишварҳои ҷаҳон метавонад ворид созад. Инро мо дар мисоли давлатҳои Ховари Миёна ба чашми худ дидем.

Ҳар қадаре, ки падару модар муаддаб бошанд, аз ғайбату гилаву ношукрӣ дур ва ба оила меҳрубон бошанд, фарзанд инро меомӯзад ва хуб тарбия мегирад. Мо вақте ки хурд будем,  моро ҳеҷ гоҳ ба он хонае, ки калонсолон менишастанд, роҳ намедоданд ва ҳатто намегузоштанд, ки мо чизеро аз берун гӯш кунем. Он чизе, ки ба мо иҷозат мешуд, иҷро мекардем  ва раваду иҷозат нашавад, ҳеҷ гоҳ онро иҷро намекардем. Тайи 10 соли дар мактаб таҳсил карданам ягон муаллимро дар ин муддат дар роҳрав надидам ва садои онҳоро дар роҳрав нашунидам, чунки ҳамаи онҳо дар хонаи муаллимон буданд. Мо дар ҳамин гуна рӯҳия тарбият ёфтем. Яъне хубро аз бад, сафедро аз сиёҳ фарқ мекардем. Ба мо мегуфтанд, ки суханҳои ноҷо гуфтан иҷозат нест, гуноҳ аст.  Шумо сухани қабеҳ нагӯед ва ба ҷои ғайбат кардан ба китобхонӣ машғул шавед, аз дӯстатон наранҷед ва агар ранҷед, китоб хонед. Яъне имрӯз шукрона, ки ҷавонони зиёди қобилиятнок, боистеъдод, соҳибсухан ва зебо дорем.  Симову сурати мардуми мо ба куллӣ дигаргун шудааст, яъне ба ҷиҳати мусбат.

Вале ҳамон лаккаҳо низ дида мешаванд, яъне пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ. Чӣ гуна падару модар огоҳ намешаванд, ки фарзандашон ба ин ё он гурӯҳ пайвастааст? Чӣ гуна инсон метавонад ҳамаи ин бахту иқболеро, ки имрӯз дорад, пушти по зада, ба ин Ватани  дӯстдоштанӣ, ки ҳазорҳо сол ниёгонамон орзуи озодиву ободии онро доштанд,   носипосӣ кунад?

Ман вақте ки  гузаштагони худро ба ёд меорам,  ашкам мерезад, ки чӣ қадар онҳо ин гуна Ватан, асолату рисолат, соҳибдавлативу саодату бахтро  орзу карданд, аммо ба орзуҳояшон нарасиданд. Шояд падарони мо ҳам чунин орзу доштанд, пас мо чӣ гуна имрӯз орзуҳои гузаштагони худро пушти по мезанем? Онҳоро нодида мегирем ва қадр намекунем. Дар ҳеҷ куҷое инсон ин қадар  иззату икром намебинад, чӣ хеле ки дар Ватани худ мебинад. Воқеан,  имрӯз ҷомеа пур аз таҳлука аст, наҳангҳои бузург моҳиёни хурдро фурӯ мебаранд, ба забони мо, фарҳанг ва асолати мо чашмони ҳазор гушна нигарон аст  ва мехоҳанд, ки ин пораи зебои заминро аз они худ кунанд. Агар мо имрӯз танҳо биболем, ки  моро дӯст медоранд, агар огоҳӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст диҳем, кори хуб намешавад. Зеро мегӯянд, ки касе, ки аз фоҷеаи таърих сабақ нагирифт, он фоҷеа бори дигар такрор мешавад. Мо бояд аз фоҷеаҳои таърихие, ки аз сари мардуми тоҷик гузашт, сабақ бигирем, ҳушёр бошем. Муҳим он аст, ки фарзандонамонро хуб тарбият диҳем, назорат кунем, бетараф набошем ва  ин сарзамини биҳиштиро сидқан дӯст дорем.

АМИТ «Ховар»: Дар даврони истиқлолият, бахусус аз ҷониби Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса ба насли наврас ва ҷавонон дода мешавад, ки ин албатта, аз  ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат, бақои давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва босавод қабул гардидаанд. Ва мо бо ифтихори баланд ва, албатта, бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки амалҳои пурбори худи Пешвои муаззами миллатамон барои насли ҷавони имрӯз намои ҷасорату садоқат ва сипару эътимоди сарзамини азизи мост.

Меҳринисо:  Гузашт, таҳаммул ва меҳрубонӣ  нисбат ба мардум  ва ҳамеша аз худ гузаштан дар тамоми  адёни дунё  мавҷуд буда, таъкид ба таъкид гуфта мешавад, ки инсон бояд гузашт кунад ва ҳатто душмани худро бубахшад. Ҳатто онҳоеро, ки ӯро озор додаанд, озор надиҳад ва навозиш кунад. Ҳамин навозиш, азхудгузариҳо  ва   фидокориҳо буд, ки воқеан як инсонро на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон,  балки дар байни ҳамтоёни хориҷиашон низ соҳиби ин қадар эътибору обрӯ ва муҳаббат кардааст. Ман ифтихор мекунам аз он ки зимни анҷуманҳои  ҷаҳонӣ Сарвари мамлакати мо дар баробари аз ҳама зебо будан, аз ҳама дӯстдоштанӣ низ ҳастанд. Вақте ки ба он кас нигоҳ мекунӣ, эҳсос мекунӣ, ки чӣ қадар мардум Сарвари худро дӯст медоранд.  Вақте Ҷаноби Олӣ дар ягон кишвар мукофот мегиранд, ман гумон мекунам, ки худам мукофот гирифтаам. Ҳар як тоҷик, ҳар як зодаи ин сарзамин  низ эҳсос мекунад, ки  ин унвон аз они ӯст. Ин фахри миллат аст.

Як инсони худододро   ба бахти мо Худованд дар давраи мушкилтарину буҳронӣ,  яъне дар сиёҳтарин шабҳое, ки дамидани субҳ ҳанӯз аён набуд, дасте дари умедро ба рӯи касе во намекард ва ҳама аз ояндаи худ умеде надоштанд, барои мо дод. Он кас чун боли ҳумои умед парафшон ва нурафшон  шуда, ин қадар корҳои шоистаро ба анҷом расониданд. Бубинед,  тӯли ин чанд соле, ки дар назди таърих як зарра ва як   саҳифа аст, дар ин як саҳифа ғунҷонидани ин қадар қадамҳои устувор, созанда, афкори ҷаҳонӣ, яъне ҳамон ташаббусҳои нодир оид ба оби тоза, ки ин барнома бо ибтикори давлатҳои зиёде қабул ва иҷро шуд, кори осон нест. Бо ин ҳама иқдом Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба унвони давлати ташаббускор шинохта шуд.

Роҳҳоро бинед, дар ин солҳо беш аз 30 км нақб сохта шуд, ки дар Тоҷикистон ҳаргиз чунин набуд. Ин нақбҳо мардумро ба ҳам оварданд ва тамоми он роҳҳое, ки  моро бо ҳамсояҳоямон мепайванданд,  ҳамаи ин ба инсонҳо хушбахтиву хушӣ меорад ва дуриашонро наздик месозад.

Ин ҳама эҳсоси худшиносӣ, камоли огоҳиву бедорӣ, ҳушёрӣ ва ифтихори ватандориро мо аз Сарвари давлат омӯхтем. Мо вақте  ҳар рӯз тариқи телевизион ҷавононеро мебинем, ки бо ифтихор  «Мо пайравони Пешвои миллатем» мегӯянд,  хеле ифтихор мекунем. Воқеан имрӯз ҳар як нафар- аз тифл то бузург  пайрави Пешво ҳастанд, пайрави ин инсони комил. Вақте ки китоби «Инсони комил»-ро варақ мезанам, тамоми хислатҳои Ҷаноби Олӣ тавъам  ба инсони комил будананд. Ин, албатта боиси хушнудиву хушбахтии мост. Вақте, ки сарони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омаданд,  Сарвари давлат онҳоро ба Турсунзода бурданд. Ман медидам, ки чӣ гуна сарварони кишварҳо бо ҳайрат  ва тааҷҷуб ба ангурбоғҳои пурбори мо менигаристанд, гӯё ки як муъҷиза бошад. Ин воқеан мӯъҷиза аст.

Вақте ки тинҷиву оромӣ ва равшании нур набошад, зиндагӣ низ торик аст. Солҳои 1998 ба Раштонзамин рафтам ва мардум иброз мекарданд, ки тайи чанд сол аст  дарахтонро аз таъсири ҷанг  офат задааст. Имрӯз, ки меравам, ҳама шохаҳои дарахт аз серборӣ ба замин таъзим мекунанд. Ин таъзим барои мардум, Сарвари мо ва осудагии Тоҷикистон, барои сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани манзалати инсон  аст. Бубинед, ки ҳатто дарахтон аз серборӣ ва шодобии худ сари таъзим фуруд овардаанд. Бубинед, ки имрӯз  рӯҳияи инсон чӣ гуна ба табиат таъсир мекунад.

АМИТ «Ховар»: Пас аз чанд рӯз чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. «Роғун»-е, ки ҷабҳаи созандагӣ ва ифтихори баланди ватандорист. «Роғун»-е, ки халқи моро боз ҳам сарҷамъу пурнишоттар мекунад, ба зиндагиямон нур мебахшад ва ояндаи фарзандонамонро дурахшонтар месозад. Шумо, албатта ин ҳама нишоту сарфарозӣ ва хушҳолии худро болои коғаз оварда, дар мисраъҳои шеърӣ таҷаллӣ мекунед?

Меҳринисо: Бале (табассум мекунад). Аз овардани сулҳи нодир то Роғун агар мо хати сурх кашем, ҳазорон ситораҳои пурҷилоро мебинем: ҳамаи гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ амалӣ шуданд. Ҳатто он корҳое, ки иҷро ношуданӣ метофтанд, дар амал татбиқ  шуданд. Дар ҳамон даврае, ки сохтмони НБО-и «Роғун» оғоз шуду мардум саҳмгузорӣ карданд, ман аз ҳамон рӯз эътимод пайдо кардам, ки «Роғун» сохта мешавад. Он муҳаббати мардумро дар он шабу рӯз Шумо ҳам дар ёд доред, албатта, ки чӣ гуна барои саҳми худро гузоштан одамон дар навбат меистоданд. Ин хиради мардуми мо, муҳаббат ба Пешвои мамлакат буд, ки он вақт пиразанҳо низ бо охирин маблағи худ ба хотири Пешвои миллат саҳмия мегирифтанд. Ин як мӯъҷиза аст. Ин ифтихор аст. Ман гуфта будам, ки:

Роғун-Роғун мубашшири иқболӣ,

Шаъну шарафи миллати фаррухфолӣ.

Ту мактаби нангу номуси фахри Ватан,

Зарринварақи китоби истиқлолӣ.

Воқеан, зарринварақи китоби истиқлолияти мо-ин «Роғун» аст. Чунки мо  бо муҳаббат бовар мекардем, ки рӯзи ба кор даромадани он фаро мерасад ва ин орзу ҳамеша  дар як гӯшаи хаёли мо маҳфуз буд.

Хушбахтона,  16 ноябр барои мардуми Тоҷикистон рӯзи пурсаодат ва таърихӣ аст. Ду сол пеш дар ин рӯз мо дидем, ки чӣ гуна Сарвари мо якуним  соат пеши маҷрои дарёро худашон баста, меҳнат карданд. Ҳамроҳи мардум кумак мекарданд. Вақте ки ба чеҳраи Роҳбари давлат нигоҳ мекардам, гумон мекардам, ки агар он кас қудрат медоштанд, танҳо бо тавоноии худ ин неругоҳро месохтанд. Он кас шояд ҳазорон бор дар дил мегуфтанд, ки эй Худованд, ба ман  қудрати бештар бидеҳ, ки инро дар як лаҳза барои мардуми худ бисозам ва нуру навидро ба хонадони ҳар яки онҳо равон созам. Аз соли 2017 маҳдудияти барқ қатъ гардид ва хонаҳо нурафшон шуданд, толорҳои зебо гарм ва ин қадар ободӣ шуд. Ин  анъанаи сулҳу ваҳдати мо ва бузургии миллати тоҷик аст, ки ин неругоҳи азимро сохтанд ва ин неругоҳ барои мардуми тоҷик хизмати шоиста мекунад.

Мо неругоҳи «Норак»-ро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо кумаки тамоми ҷумҳуриҳо ба по рост кардем. Аммо «Роғун»-ро худи мардуми Тоҷикистон ва сохтмончиёни мо бо муҳаббат  сохтанд. Ман  чандин маротиба дар «Роғун» будам. Вақте ки нақби «Истиқлол»- ро месохтанд, ман қариб даҳ маротиба ба он ҷо рафтам. Дилам мехост, ки худам ҳам дар сохтмон иштирок кунам  ва зуд ин роҳҳо маро бо зодгоҳам, бо модари азизам пайванданд, ман дигар зимистон интизор нашавам, ки кай баҳор мешаваду ман ба дидори азизонам  мерасам. Он вақт ҳам мардум бо ҳамин рӯҳия кор мекарданд. Бо ҳамин рӯҳияе, ки зудтар аввалин нақб кушода шавад. Ман гумон мекунам, ки баъд аз «Роғун» боз корномаю корҳои зиёди бузург моро интизоранд, ки  онҳоро низ, албатта, бо муҳаббат  иҷро хоҳем кард.

Имрӯз ман бисёр хушҳолам, ки 30 ҳазор нафар ҷавонони мо дар хориҷ аз кишвар таҳсили илм намуда, маълумоти олӣ мегиранд. Онҳо бо як ҷаҳон муҳаббат ба Ватан бармегарданд ва ин Ватанро баробар бо азизоне, ки дар ин ҷо таҳсил кардаанд ва онҳое, ки ифтихори ватандориро як лаҳзаву як соат фаромӯш намекунанд, якҷоя обод месозанд. Агар мо андаке ғофил монем, ин ғафлат боиси халал ва аз байн бурдани он саодатҳое, ки бо заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллатамон бунёд шудааст, мегардад. Шарм ва хиҷолат аст, агар мо ин ҳамаро қадр ва шукрона накунем. Ношукрӣ куфр аст, зеро шукр кардан яке аз рукнҳои имондории инсон аст, ки ҳар лаҳза бояд шукри ин замину замон ва шукри инсони дӯстдоштатарини ин кишварро кунем. Пешвои миллати мо чун муҷассамаи комили садоқату саодат барои мардум ҳастанд, намои комили садоқати ватандорӣ ҳастанд, намои зебои сиёсати имрӯзи ҷаҳонӣ ҳастанд. Ман вақте ки дар Ҷумҳурии Чин будам, дар ҳар хонадони тоҷикони Тошқӯрғон акси Сарвари давлатамон буд  ва ҳар як хонадон аз тоҷик будану аз доштани чунин Сарвар ифтихор мекарданд.

Таманно мекунам, ки нури чун хуршеди НБО «Роғун» ҳамеша дар қалби мардуми азизам- миллати сарбаланди тоҷик ҷӯш занад ва ин муҳаббат  моро ба шоҳкориву ободгариҳои бештару беҳтар раҳнамун созад.

Чун обу ҳаво ба мо зарурӣ, Роғун,

Оҳанги ҳама савту сурурӣ, Роғун.

Майдони набарди родмардони Ватан,

Пирӯзии нуриёну нурӣ, Роғун.

Сарбайти баёзи қаҳрамонони замон,

Дарси шарафу шаъну ғурурӣ, Роғун.

Оғози саодати ватандории мо,

Аз сарҳади бандагӣ убурӣ, Роғун.

Саҳмияи мо далели ваҳдат бошад,

Бар ҳамватанон суфраи пурӣ, Роғун.

Бар миллати сарбаланду огоҳи Ватан,

Фардои накӯ ғарқаи нурӣ, Роғун.

Эй коргаҳи азими неруву навид,

Барномаи мардони ҷасурӣ, Роғун.

Паймонаи нанги шаҳсаворони хирад,

Бо набзи Ватан ҳамеша ҷӯрӣ, Роғун.

Сарчашмаи ифтихору оини вафо,

Умеди Хуросон ба зуҳурӣ, Роғун.

Андар дили меҳани баландиқболам,

Ганҷинаи лаълу кони дурӣ, Роғун.

Чун  обу ҳаво ба мо зарурӣ, Роғун.

Сайрам БАҚОЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Время намаза в Душанбе

29.11.2024

Подробнее
Фаджр05:44
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее