Бадӣ пинҳон нахоҳад монд
Ҳодисаи ба қатл расидани як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ва ба ин амали нанговар бевосита даст доштани ТЭТ ҲНИ дар фазои байналмилалии иттилоот оқибат рӯ зад. Телевизиони муштараки радиои «Озодӣ» ва «Садои Амрико» бо унвони «Настоящее время» дар гузориши вижаи хеш оқибат ба хулосае омадааст, ки ин сайёҳонро маҳз аъзои ҳизби номбаршудаи мамнӯъ дар Тоҷикистон, яъне Ҳизби наҳзати исломӣ ба қатл расонидаанд.
Ин хабари видеоӣ аз телевизиони муштараки «Озодӣ» ва «Садои Амрико» рӯзи 21-уми ноябр пахш шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки «ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИ Қорӣ Носир муддати зиёде гурӯҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд». Ҳамчунон зикр мегардад, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) – роҳбар ва ягона узви зиндамондаи гурӯҳи қотилони сайёҳони хориҷиро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ду сокини Норак – Беҳрӯз Сафоев ва Кароматулло Ғаниев – барои кумак ба террористон 16-солӣ ва 12 тани дигар, аксар сокинони Норак ва асосан бо иттиҳоми хабар надодан ба мақомот, аз як то якуним сол маҳкум ба зиндон шуданд.
Аз минбари чунин дастгоҳи иттилоотии сертамошобин ва ниҳоят бонуфуз бори дигар баррасӣ шудани қазияи кушта шудани сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон, дар ҳоле ки имсол Соли рушди сайёҳӣ эълом шуда, Ҳукумати мамлакат вобаста ба ин иқдом чорабиниҳои зиёди таблиғотӣ мегузаронд, оқибат яхи хомӯширо дар васоити байналмилалии иттилотӣ шикаст.
Хабаргузорон ба тафтишоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон шинос шуда, ҳатто бо гунаҳкорон суҳбат ҳам кардаанд. Дар ниҳояти кор, бо супориши бевоситаи ТЭТ ҲНИ амалӣ шудани ин ҳодисаи даҳшатбор хулосаи бисёр муҳим аз ҷониби журналистони хориҷист.
Ҷамолиддин Хомӯшов,
сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


