Асосӣ Мақолаҳо Бадӣ пинҳон нахоҳад монд

Бадӣ пинҳон нахоҳад монд

Бадӣ пинҳон нахоҳад монд
2018-11-30
2215

Ҳодисаи ба қатл расидани як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ва ба ин амали нанговар бевосита даст доштани ТЭТ ҲНИ дар фазои байналмилалии иттилоот оқибат рӯ зад. Телевизиони муштараки радиои «Озодӣ» ва «Садои Амрико» бо унвони «Настоящее время» дар гузориши вижаи хеш оқибат ба хулосае омадааст, ки ин сайёҳонро маҳз аъзои ҳизби номбаршудаи мамнӯъ дар Тоҷикистон, яъне Ҳизби наҳзати исломӣ ба қатл расонидаанд.

Ин хабари видеоӣ аз телевизиони муштараки «Озодӣ» ва «Садои Амрико» рӯзи 21-уми ноябр пахш шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки «ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ҲНИ Қорӣ Носир муддати зиёде гурӯҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд». Ҳамчунон зикр мегардад, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) – роҳбар ва ягона узви зиндамондаи гурӯҳи қотилони сайёҳони хориҷиро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ду сокини Норак – Беҳрӯз Сафоев ва Кароматулло Ғаниев – барои кумак ба террористон 16-солӣ ва 12 тани дигар, аксар сокинони Норак ва асосан бо иттиҳоми хабар надодан ба мақомот, аз як то якуним сол маҳкум ба зиндон шуданд.

Аз минбари чунин дастгоҳи иттилоотии сертамошобин ва ниҳоят бонуфуз бори дигар баррасӣ шудани қазияи кушта шудани сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон, дар ҳоле ки имсол Соли рушди сайёҳӣ эълом шуда, Ҳукумати мамлакат вобаста ба ин иқдом чорабиниҳои зиёди таблиғотӣ мегузаронд, оқибат яхи хомӯширо дар васоити байналмилалии иттилотӣ шикаст.

Хабаргузорон ба тафтишоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон шинос шуда, ҳатто бо гунаҳкорон суҳбат ҳам кардаанд. Дар ниҳояти кор, бо супориши бевоситаи ТЭТ ҲНИ амалӣ шудани ин ҳодисаи даҳшатбор хулосаи бисёр муҳим аз ҷониби журналистони хориҷист.

Ҷамолиддин Хомӯшов,

сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар