Главная Статьи Меҳри меҳан

Меҳри меҳан

Меҳри меҳан
2018-12-26
3063

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки  мардуми кишвар имкониятҳои васееро дар роҳи бароварда сохтани ниёзҳои динӣ дар ихтиёр дошта бошанд.

Мутаасифона имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзан аз фарзандони нохалафи миллат ба монанди буқаламун мехоҳанд ба ҳар даре ворид гашта, зидди ватани худ, зидди модари худ санг партоб менамоянд. Мутаассифона, ин гурӯҳ аз инсонҳо фаромуш кардаанд, ки шахсе хонааш аз шиша бунёд гаштааст, набояд тарафи дигар инсонҳо санг партоб намояд. Таҷриба ва суханҳои олимони муосири тоҷик собит сохтаанд, ки таблиғгароне, ки аз хориҷ меоянд ё он нафарони гумроҳе, ки аз хориҷ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ мехоҳанд ҷавонони моро гумроҳ намоянд, зарур аст, ки бидонанд, ин намуди инсонҳо ҳамеша ва дар ҳама давру замон ғаразҳои сиёсии гуногун доранд.

Метавон дар ин маврид чунин ишора намуд, ки ин намуд махлуқот аз меҳру муҳаббати инсонӣ бӯй набурда, аз рӯзи пайдоишашон то ин ҷониб меҳру муҳаббати миҳан, ватан ва модарро дарку эҳсос накардаанд. Дар як вақт суханҳои бештари ин қишри одамсуратон далолат менамояд, ки таассуб, худпарастӣ ва кӯтоҳандешӣ мағзи онҳоро фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар, даъвои диндорию диёнат намуда, дар робита ба ҳифзи арзишҳои миллӣ дар сукути мутлақ қарор доранд.

Чӣ тавре мегӯянд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Ин гуфта маънои онро дорад, ки бадхоҳони миллат ҳамеша оятҳо ва ҳадисҳои диниро ба манфиати хаҷагони худ тафсир карда, оиди меҳру муҳаббати ватан ҳеҷ сухане нагуфта, дар ин маврид хомӯширо интихоб намудаанд. Ин ҷо суол ба миён меояд, ки ростгӯӣ ва ростқавлӣ куҷо шуд? Адлу адолат магар ҳамин аст? Инсоф куҷо шуд?

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки душманони ватан ва миллати мо ҳеҷ вақт ба мақсаду муроди бади худ нахоҳанд расид.

Сулҳу субот, тинҷию осоиштагӣ, фазои муносиб барои зиндагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз бузургтарин неъматҳое аст, ки мардуми соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд. Ва мебояд шукри онро карда, барои бардавомии он саъю кӯшиш варзид. Аз сулҳу оромиши мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони миллати тоҷик нороҳат буда, баҳри нооромии ин сарзамини соҳибистиқлол кӯшида истодаанд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки танҳо дар ҳолати амнияту осудагӣ метавон ба ҳадафҳои худ расида, баҳри амалишавии умеду орузуҳо саъю талош варзид. Инчунин ҳодисаҳои баъзан аз кишварҳои давлатҳои араб ба монанди Сурия, Ироқ, Либия ва Яман барои ҳар як фарди соҳибақл дарси ибрат ва дарси омӯзиши зиндагонӣ аст. Душманони ватану миллат мехоҳанд чунин рӯзҳо ба сари миллати тоҷик баргардад. Ҳол он ки миллати тоҷик ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро фаромӯш накардааст. Умедвор ҳастем, ки то абад чашми ҳасуд кӯр бошаду дар меҳани азизамон сулҳу субот бардавом. Зеро гузаштагони миллати мо ҳамеша моро ба дӯст доштани Ватани маҳбуб ва ҳифозати он аз душман водор кардаанд. Дар ин замина зикри намунае аз ашъори марғуби устод Абулқосим Лоҳутӣ бамаврид мебошад. Зеро тааммул кардани шеъри устод донистани қадру қимати ватан, эҳтиром гузоштан ба он, аҳамияти ватану меҳан ба инсон, шукри неъмат, дар ҳама ҳолат ҷонибдори ватан будану бо ватан монданро меомӯзонад.

Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй меҳан!

Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, меҳан, эй меҳан!

Ту будам кардӣ аз нобудию бар меҳр парвардӣ,

Фидои номи ту буду набудам, меҳан, эй меҳан!

Фузунтар гармии меҳрат асар мекард, чун дида,

Ба ҳоли пуразобат мекушудам, меҳан, эй меҳан!

Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ, ба ҳар мотам,

Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, меҳан, эй меҳан.

Агар мастам, агар ҳушёр, агар хобам, агар бедор,

Ба сӯи ту бувад рӯи суҷудам, меҳан, эй меҳан.

Ба дашти дил гиёҳе ҷуз гули рӯят намерӯяд,

Ман ин зебозаминро озмудам, меҳан, эй меҳан.

Ҷавонони даврони истиқлолиятро зарур аст, ки ҳамеша аз осори илмии гаронарзиши бузургони миллат ба монанди: Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Аҳмади Дониш, Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода меҳри меҳан омӯхта, меҳру муҳаббати ватанро дар дили худ устувор гардонанд.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бисёр бамаврид таъкид намудаанд, ки: «Шинохти оламу одам аз муҳимтарин шартҳои шинохти худ аст, аз омилҳоест, ки барои ҷунбиши андеша роҳ мекушояд. Вале барои амиқбурди худшиносии берунӣ ҳаргиз даст кашидан аз маънавияти худ, пайвастан ба миллати дигаре, пазируфтани роҳу равиши фарҳанги бегонагон шарт нест. Баръакс, садоқати комил ба ватани худ ва миллати худ, садоқати комил ба анъанаҳои волои маънавияти бобоӣ ба дини мубини ислом заминаи расидан ба манзили мақсуд аст». Суханҳои зикргардида барои ҳар як ҷавон зарур аст, ки сармашқи зиндагӣ гарданд, баҳри худшиносӣ, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва мероси ниёгон нақшгузор гарданд.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси Кумита

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее