Фоидаҳои китобхонӣ дар зиндагӣ
Китоб манбаи ягонаи илму дониш барои инсони комил ба шумор меравад. Агар фард як умр бо мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари инсон буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро ба инсон меомӯзонад. Пас инсонро мебояд дар умри гузарон бисёр шитоб намояд, то китобҳои арзишманду нодир дарёфт намуда, илму маърифат омӯзад, бедор зиндагӣ кунад, бо омӯхтааш амал намояд, то ба зинаи инсони асил бирасад. Зеро калиди дари илму манбаи маърифат, ҳаёти хурраму пурнишот ва илму адаби пойдору устувор ин китоб мебошад.
Афсӯс, бархе аз инсонҳо аз китоб хондан ва мутолиаи китобҳои хуб дуранд. Бо рӯзе 10 дақиқа ё бештар аз он китоб хондану мутолиаи китобҳои хубро намудан, инсон метавонад вориди як дунёи ҷадид гардад ва бо ёд гирифтану фаҳмидани чизҳои нав аз ин дунё , зиндагии худро рӯ ба беҳбуду пешрафт қарор диҳад. Пас инҷо мо аз таҳқиқу пажӯҳишҳои олимон роҷеъ ба фоидаҳои китобхониро барои хонандагони азиз пешкаш менамоем.
1.Афзоиши оромиш ва коҳиши хастагӣ.
Агар дар зиндагии рӯзмарраи хеш хастагии зиёдро ҳис мекунед, китобҳои хубро бештар бихонед. Таҳқиқоти анҷомшуда дар соли 2009 дар яке аз донишгоҳои Амрико нишон додааст, ки мутолиа кардан, муассиртарин равиш барои муқобила ба ҳолати нооромии инсон аст. Ҳатто аз шуғлҳои дӯстдошта, монанди корҳои тафреҳӣ китоб хондану мутолиа намудан дар ҳифзи оромиш дар муқобили афсӯрдагиҳо таъсирбахштар мебошад.
Яке аз муҳақкиқони ин самти пажӯҳиш доктор Давид Левис байён кардааст:
«Фарқе намекунад, ки чи китоберо барои хондан интихоб кунед, замоне ки ғарқ дар моҷаро ва мавзӯи китоб мешавед, аз дунёи нигаронӣ ва хастагиҳои рӯзмарра фосила мегиред, замонеро барои кашфи тахайюлот ва дунёи нависанда сарф менамоед.»
Фарқе намекунад ки чи қадар ё чаро хастагӣ доред. Ғарқ шудан дар дунёи як китоби хуб, ҳол ва ҳавои инсонро ба дунёи дигаре мебарад ва як навиштаи ҷаззоб ҳаввоси касро аз мушкилот ва нороҳатиҳои инсонӣ бартаф сохта муҷиби оромиш мешавад.
2.Тақвияти зеҳн ва ҳифозат аз он.
Тибқи таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи Анолийни Норвегия анҷом шудааст, хондани китоб дар тамоми тӯли умри инсон сабаб мешавад, ки мағзи сари инсон дар солҳои пирӣ тавоноии худро ҳифз кунад. Натиҷаҳои таҳқиқот собит кардааст, ки раванди коҳиши қудрати ҳофизаи инсонҳое ки дар тӯли умри худ фаъолиятҳои ҳаракатдиҳандаи зеҳн, мисли китоб хонданро ба таври мураттаб анҷом медоданд, бисёр камтар аз касоне аст, ки чунин амалҳоро дар барномаи рӯзонаи худ қарор надода буданд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мо набояд амалҳои таҳрикдиҳандаи зеҳниро бар худ ва фарзандон дар ҳайёти рӯзмарраамон нодида бигирем. Ва баръакс ин хондану навиштани китобҳоро ягона роҳои солим мондани зеҳн аз зуд косташавӣ бидонем.
3. Ҳарактдиҳии зеҳн ва косташавии ақл дар солҳои пирӣ
Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки ҳаракатдиҳии зеҳн ва фаъол нигоҳдории он аз мубтало гардидан ба фаромушхотирӣ ва косташавӣ дар солҳои пирии инсон эмин нигоҳ медорад. Чунки мағзи сари инсон ҳам мисли дигар узвҳои инсонӣ барои солим ва қавӣ мондан ниёз ба тамрин дорад ва тамрини зеҳн ин китобхонӣ, навиштан ва бозиҳои фикрӣ мисли шатранҷ ва ва амсоли он мебошад.
4.Таҳкими ҳамдилӣ.
Ҳамдилӣ ва дарки дигарон, ки танҳо бо қарор додани худ дар ҷои дигарон пайдо мешавад, метавонад дар натиҷаи ғарқ шудан дар баҳри мутолеот ба вуҷуд ояд. Тибқи таҳқиқоти паҳншуда дар маҷаллаи ONE PLOS (Ван Плос) хондани достонҳо ва афсонаҳои ҷолиб метавонад ҳамдилӣ ва ҳамэҳсосиро дар инсон тақвият диҳад.
5.Афзоиши огоҳӣ.
Ҳар чизе, ки мехонед, ба донишҳои қаблиатон чизи наверо изофа мекунед. Агарчи чизҳои кӯчак ҳам бошанд, итминон дошта бошед, ки рӯзе ба коратон меояд. Ҳар чи дониш ва огоҳии бештаре дошта бошед, барои ғалаба намудан ба мушкилиҳои зиндагӣ огоҳтар мегардед. Ҳар чизе ки дар инсон аст, аз қабили пул, кор, мансаб ва ҳатто саломатӣ, мумкин аст рӯзе аз дасти инсон биравад, аммо дониш ва огоҳӣ маҳоратҳои Шумост, ки ҳамвора бо Шумо мемонад.
8.Густариши доираи калимаҳо.
Ҳарчи бештар китоб бихондед, бо калимаҳои нав бештар вомехӯред, ки дар гуфтори рӯзмарраатон истифода мебаред ва фанни баёну гуфтор дар Шумо сатҳи болоро пайдо карда, бо боварӣ ба ба худ бештар суҳбат мекунед, ки боиси баланд шудани шарафу иззати шумо мегардад.
Инчунин хондани китоби бисёр барои омӯзиши забонҳои дигар дар муддати кӯтоҳ бисёр муҳим ва пуртаъсир мебошад.
9.Тақвияти ҳофиза.
Мағзи сари инсони як узви шигифтангезе аст, ки ба роҳатӣ маълумотҳои навро ҳифз мекунад. Нуктаи шигифтангезе ки мағзи сар дорад, ин аст, ки ҳар боре шумо матлаби наверо ба зеҳн месупоред, мағзи сар, торҳои асабии наве месозад, ки торҳои асаби қаблиро тақвият мекунад. Ҳамин тавр аз хондани бештар, зеҳн то рафт ба камолоти бештар меравад.
10.Саргармии ройгон барои зиндагии роҳат.
Бисёре аз мо дӯст дорем, ки худамон китоб бихарем, аммо ин рӯзҳо мумкин аст хариди китоб бисёр гаронамон бошад ва мо натавонем ҳамаи китобҳои хостаамонро дастрас намоем. Барои ин бо саргармии арзон ва ҳатто ройгон ба китобхонаҳои маҳаллии худ сар бизанем ва аз ҳазорон китобе, ки дар китобхонаҳо вуҷуд дорад ба таври ройгон истифода намоем.
Китобхонаҳо одатан дар ҳар мавзуъе ки фикр мекунеду мехоҳед, китоб доранд.
Агар таҷрибаи китобхонии зиёд надоред, аз имрӯз оғоз кунед ва ба худ як дунёи наву афсонавиро таҷриба намоед.
Усмон Наимов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Фирдавсии ш. Душанбе