Статьи
Агарчи ҳаёти мусалмон ҳамааш фурсат аст, вале моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо фарқ мекунад. Ин моҳ монанди дурри арзишманде аст. Худованди мутаол ба ин моҳ чандин фазилатҳо дода ва дар он баъзе амалҳоро фарз гардонидааст, ки дар дигар моҳҳо дида намешавад. Худованд рўза гирифтанро дар рўзҳои ин моҳ фарз гардонида, онро яке аз рукнҳои Ислом қарор додааст.
Моҳи Рамазон моҳи меҳмонии Худост. Ҳар кас худро барои ин меҳмонӣ беҳтар омода карда бошад, аз хони густурдаи лутфу карами Илоҳӣ бештар баҳраманд хоҳад шуд. Ҳар кас дар ин меҳмонӣ муаддабтару оростатар бошад, соҳибхона ба ў лутфу навозиши бештар хоҳад дод.
Ҳеҷ табибе наметавонист дарди ӯро илоҷ кунад, ҳарчанд ки варзидатарин духтурони Италия ба табобаташ доман зада буданд. Кор ба ҷое расид, ки умедҳо канда шуданд, табибон низ ба ин натиҷа расиданд, ки ба умри ӯ рӯзҳои бошуморе мондааст...
Як ҳафта аз моҳи муборак сипарӣ мешавад ва дар поёни ин ҳафта мо бо даҳаи аввали он падруд мегӯем ва вориди даҳаи дуюм мешавем. Ҳамин минвол боз фурсате баъд ба даҳаи сеюм ва баъд тасбеҳи Алвидоъ аз поёни ин моҳи нусрат пайғом медиҳад. Муштоқон ба гиря меоянд, ошиқон лобаву зорӣ мекунанд, ки кош ин моҳ тӯлонӣ буд.
Садақа ва эҳсон ба маънои бахшиш ва атои неъмат ба дигарон аст. Ҳар амале, ки боиси тараққӣ ва боло рафтани мақому шаъни инсон бошаду нафси инсонро тазкия кунад ва ўро ба Парвардигораш наздик намояд, садақа ва эҳсон аст.
Рўзаи моҳи Рамазон яке аз аркони умдаи дини мубини Ислом мебошад. Дар хусуси ҳикмати машруъияти рўза уламои муҳаққиқ чунин назар доранд, ки Худованди ҳаким инсонро табиатан чунин офаридааст, ки ў ҳамеша нафси худро дўст дошта, барои пурра кардани эҳтиёҷоти хоссаи худаш саъйу талош меварзад ва аз ҳоҷати заифону мискинон ғофил мемонад.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее