Вопросы и ответы - Семья
02236:
Агар байни ду мард ҷанҷол шавад, яке ба дигаре гўяд, ки “зан дорӣ, ба занат қасам хўр, ки фалониро назадаӣ”, марди дуюмӣ гўяд, ки “ман бо зан қасам намехўрам, ман зан надорам”, аммо ин мард зан дорад ва барои он ки занашро дар ин кор ҳамроҳ накунад, ин суханро мегўяд. Оё дар ин сурат ба никоҳи онҳо ягон зиёне расидааст?
Рубрики:
Семья02223:
Як дўсти ман бо духтаре пешакӣ никоҳ карда буданд, вале волидайни духтар аз ин огоҳ нестанд. Ин дўсти ман ба волидони духтар писанд нест, аз ин рў, барои додани духтарашон розӣ нестанд, духтарашонро ба дигар кас додан мехоҳанд. Агар дўсти ман ҷавоби он духтарро диҳад, гунаҳгор намешавад?
Рубрики:
Семья02218:
Марде бо ҳамсараш ҷанҷол карда, дар ҳолати ғазаб тариқи паёмак “ина се талоқ” навишта ба ў фиристодааст, лекин дар аснои навиштан ин ҷумларо талаффуз накардааст, оё ҳамсари ў дар ин сурат талоқ шудааст ё на? Илова бар ин, қариб чор моҳ пеш аз ин моҷаро ба ҳамсараш гуфта будааст, ки “агар ба хонаи мо наравӣ, аз хонавода бахшиш напурсӣ, ҳазор талоқ бар ту”, лекин ҳамсараш ин сухани шавҳарро иҷро накардааст
Рубрики:
Семья02215: