Вопрос № 02475

Шавҳарам аз Русия тавассути телефон бо ман ҷанҷол кард ва тариқи паёмак “ҷавобатро додам” навишт. Пас аз чанд рўз тамос гирифта, боз ҷанҷол кард ва ин дафъа навишт, ки “се бор миллион талоқат кардам”. Акнун пушаймон аст ва мехоҳад, ки дубора никоҳ кунем. Оё мо метавонем, ки дубора никоҳ кунем?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Шавҳарам аз Русия тавассути телефон бо ман ҷанҷол кард ва тариқи паёмак “ҷавобатро додам” навишт. Пас аз чанд рўз тамос гирифта, боз ҷанҷол кард ва ин дафъа навишт, ки “се бор миллион талоқат кардам”. Акнун пушаймон аст ва мехоҳад, ки дубора никоҳ кунем. Оё мо метавонем, ки дубора никоҳ кунем?

Саволдиҳанда: Зарина

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, лафзи “ҷавобатро додам” аз алфози кинояи талоқ аст ва дар ҳолати далолати ҳол ё вуҷуди ният бо ин лафз талоқ воқеъ мегардад. Барои посухи саҳеҳ додан ба масъалаи шумо шунидани тафсилоти моҷаро аз забони худи шавҳаратон зарур аст, бинобар ин, дар сурати имкон шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунад.

2021-02-21
2138
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39