Вопрос № 01014

Агар боиси малол набошад, маънои ин ҳадисро cода ва пурра мефаҳмондед: “Он қисме аз изор, ки поёнтар аз шитолинг бошад, дар оташи дӯзах аст”.

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, маънои шитолинг чист? Агар боиси малол набошад, маънои ин ҳадисро cода ва пурра мефаҳмондед: “Он қисме аз изор, ки поёнтар аз шитолинг бошад, дар оташи дӯзах аст”. Қаблан ташаккур.

Саволдиҳанда: Абдулҳамид

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, маънои шитолинг буҷули по аст, яъне ҳамон устухони барҷастае, ки дар ду тарафи болои пошнаҳо қарор доранд. Мафҳуми ҳадис наҳй аст аз исбол (фурӯ ва дароз гузоштан)-и изор поёнтар аз шитолинг ва ваъид бар касе, ки ин амалро аз рӯи кибру худситоӣ анҷом медиҳад. Чунки дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расули Худо фармудаанд: “Худованд дар дӯзи қиёмат ба сӯи касе, ки изорашро аз рӯи кибру ғурур бикашонад, назар намекунад”. (Муттафақун алайҳ). Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дароз гузоштани изор бидуни кибру ғурур макрӯҳи танзеҳӣ аст. Дар “Фатовои ҳиндӣ” оиди ин масъала чунин меорад: “Дароз гузоштани мард изорашро поёнтар аз буҷулакҳо агар аз рӯи кибр набошад, пас макрӯҳи танзеҳӣ мебошад”. Бинобар ин, исболи изор аз рӯи кибру ғурур макрӯҳи таҳримӣ маҳсуб мешавад. 

2017-04-04
3041
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

13.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:32
Магриб17:29
Иша18:59