Вопрос № 01081

Агар инсон муртад шавад, ҳама амалҳояш ботил мегардад. Боз баргашта мусулмон шавад, амалҳояш бармегардад?

Вопрос:

Ассалому алайкум устоз. 1. Агар инсон муртад шавад, ҳама амалҳояш ботил мегардад. Боз баргашта мусулмон шавад, амалҳояш бармегардад? 2. Бо келини хона, яъне зани бародар сухан гуфтан ҷоиз аст? 3. Дар мағозаҳо ранги сиёҳ мефурӯшанд, бо он мӯйи сарро сиёҳ кардан монеъи ғусл аст ё на? 

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ба сабаби муртад шудан ҳамаи амалҳо ботил мегардад, вале пас аз мусулмон шудан ин амалҳо барнамегарданд. Дар ин ҳолат қазо доштани тоату ибодатҳо бар ин гуна шахс воҷиб намешавад, ба ҷуз фаризаи ҳаҷ, ки онро бояд аз нав адо намояд. 2. Бо келин ё зани бародар сухан гуфтан ҷоиз аст. 3. Ранг кардани мӯй бо ранги сиёҳ кароҳат дорад, лекин монеъи ғусл нест. (“Мухтасари тафсири Ибни Аббос”, ҷ. 2, с. 146) 

2017-05-01
2622
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

12.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:31
Магриб17:28
Иша18:58