Вопрос № 00012
Оё дар ҷои торик намоз хондан мумкин аст ё не?
Вопрос:
Домуллои муҳтарам, оё дар ҷои торик намоз хондан мумкин аст ё не?
Ответ:
Намоз хондан дар ҷои торик дар асл ҷоиз аст, на макруҳ ва на мустаҳаб, зеро Паёмбар (с) дар ҷои торикӣ намоз мехонданд.
عن عائشة رضي الله عنها قالت: فَقَدْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ذَاتَ لَيْلَةٍ فَجَعَلْتُ أَطْلُبُهُ بِيَدِي فَوَقَعَتْ يَدِي عَلَى قَدَمَيْهِ وَهُمَا مَنْصُوبَتَانِ وَهُوَ سَاجِدٌ «...(رواه مسلم والترمذي والنسائي)
Аз модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст, ки гуфт: «Шабе назди Паёбар (с) омада, ӯро бо дастонам ҷустуҷӯ мекардам, ногаҳон дастам ба пойҳояш расид, ки онҳо рост буданд ва Ӯ (с) дар ҳоли саҷда…» (Ривояти Муслим, Тирмизӣ ва Насоӣ)
Ногуфта намонад, ки пок будани макони намоз яке аз воҷиботи намоз аст.
Пас бояд намозгузон дар ҷои торикӣ пок будани маконро дар назар дошта бошанд.
Саволдиҳанда Абдугаффор