Савол № 00012

Оё дар ҷои торик намоз хондан мумкин аст ё не?

Савол:

Домуллои муҳтарам, оё дар ҷои торик намоз хондан мумкин аст  ё не?

Ҷавоб:

Намоз хондан дар ҷои торик дар асл ҷоиз аст, на макруҳ ва на мустаҳаб, зеро Паёмбар (с) дар ҷои торикӣ намоз мехонданд.

عن عائشة رضي الله عنها قالت: فَقَدْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ذَاتَ لَيْلَةٍ فَجَعَلْتُ أَطْلُبُهُ بِيَدِي فَوَقَعَتْ يَدِي عَلَى قَدَمَيْهِ وَهُمَا مَنْصُوبَتَانِ وَهُوَ سَاجِدٌ «...(رواه مسلم والترمذي والنسائي)

        Аз модари муъминон Оиша (р) ривоят шудааст, ки  гуфт: «Шабе назди Паёбар (с) омада, ӯро бо дастонам ҷустуҷӯ мекардам, ногаҳон дастам ба пойҳояш расид, ки онҳо рост буданд ва Ӯ (с) дар ҳоли саҷда…» (Ривояти Муслим, Тирмизӣ ва Насоӣ)
Ногуфта намонад, ки пок будани макони намоз яке аз воҷиботи намоз аст.
Пас бояд  намозгузон дар ҷои торикӣ пок будани маконро дар назар дошта бошанд.

Саволдиҳанда Абдугаффор

2015-02-09
7326
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57