Вопрос № 01267
Ҳазрати Пайғомбар (с) намози таровеҳро ҳашт ракъат хондаанд ё бист ракъат?
Вопрос:
Ассалому алайкум устоз. 1. Дар бонки Маскав пул мондан ҷоиз аст? 2. Ҳазрати Пайғомбар (с) намози таровеҳро ҳашт ракъат хондаанд ё бист ракъат?
Саволдиҳанда: Самиъ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар бонк пул гузоштан ҷоиз аст, агар хатари талаф шудани он вуҷуд дошта бошад, хоҳ бонки Маскав аст ё кишвар. 2. Аз суннати набавӣ ва иҷмоъи уммат собит аст, ки намози таровеҳ бист ракъат гузорида мешавад ва ин амал аз даврони аввали зуҳури Ислом то кунун идома дорад. Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят кардааст, ки Расули Худо (с) дар Рамазони муборак бист ракъат намоз ва витр мехонданд. (Байҳақӣ; ҷ. 2, с. 496. «Муъҷами кабир»-и Табаронӣ; ҷ. 11, с. 393. «Мусаннаф»-и Ибни Абӯшайба; ҷ. 2, 294).