Савол № 01267

Ҳазрати Пайғомбар (с) намози таровеҳро ҳашт ракъат хондаанд ё бист ракъат?

Савол:

Ассалому алайкум устоз. 1. Дар бонки Маскав пул мондан ҷоиз аст? 2. Ҳазрати Пайғомбар (с) намози таровеҳро ҳашт ракъат хондаанд ё бист ракъат?

Саволдиҳанда: Самиъ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар бонк пул гузоштан ҷоиз аст, агар хатари талаф шудани он вуҷуд дошта бошад, хоҳ бонки Маскав аст ё кишвар. 2. Аз суннати набавӣ ва иҷмоъи уммат собит аст, ки намози таровеҳ бист ракъат гузорида мешавад ва ин амал аз даврони аввали зуҳури Ислом то кунун идома дорад. Аз  ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят кардааст, ки Расули Худо (с) дар Рамазони муборак бист ракъат намоз ва витр мехонданд. (Байҳақӣ; ҷ. 2, с. 496. «Муъҷами кабир»-и Табаронӣ; ҷ. 11, с. 393. «Мусаннаф»-и Ибни Абӯшайба; ҷ. 2, 294). 

2017-06-15
3572
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:27
Шом17:24
Хуфтан18:54