Вопрос № 01369
Вақте инсон ин дунёро падруд мегӯяд, муллоҳо бар умри ӯ ду сол илова мекунанд. Чаро? Тарзи чунин ҳисоб чӣ гуна аст?
Вопрос:
Дуруд бар шумо! Вақте инсон ин дунёро падруд мегӯяд, муллоҳо бар умри ӯ ду сол илова мекунанд. Чаро? Тарзи чунин ҳисоб чӣ гуна аст?
Саволдиҳанда: Собир
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бояд донист, ки солшумории ҳиҷрӣ аз солшумории мелодӣ фарқ мекунад, яъне як соли қамарӣ аз соли шамсӣ 11 рӯз кам аст. Барои ҳамин дар 30 соли шамсӣ як соли дигар изофа мекунанд. Пас аз марги инсон вақте умри ӯро ҳисоб мекунанд, агар майит бо ҳисоби мелодӣ 60 сол умр дошта бошад, тибқи солшумории қамарӣ 2 соли дигар ба он изофа мекунанд ва умри ӯро 62 сол қарор медиҳанд.