Савол № 01369

Вақте инсон ин дунёро падруд мегӯяд, муллоҳо бар умри ӯ ду сол илова мекунанд. Чаро? Тарзи чунин ҳисоб чӣ гуна аст?

Савол:

Дуруд бар шумо! Вақте инсон ин дунёро падруд мегӯяд, муллоҳо бар умри ӯ ду сол илова мекунанд. Чаро? Тарзи чунин ҳисоб чӣ гуна аст?

Саволдиҳанда: Собир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бояд донист, ки солшумории ҳиҷрӣ аз солшумории мелодӣ фарқ мекунад, яъне як соли   қамарӣ аз соли шамсӣ 11 рӯз кам аст. Барои ҳамин дар 30 соли шамсӣ як соли дигар изофа мекунанд. Пас аз марги инсон вақте умри ӯро ҳисоб мекунанд, агар майит бо ҳисоби мелодӣ 60 сол умр дошта бошад, тибқи солшумории қамарӣ 2 соли дигар ба он изофа мекунанд ва умри ӯро 62 сол қарор медиҳанд.

2017-07-11
3397
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39