Вопрос № 01376
Аз миёни махлуқот фақат инсонҳо ва ҷинҳо мукаллаф ҳастанд, вале чаро мегӯянд, ки агар гӯсфанди шохдор гӯсфанди бешохро бизанад, дар қиёмат ба ин амалаш ҷавоб мегӯяд?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Аз миёни махлуқот фақат инсонҳо ва ҷинҳо мукаллаф ҳастанд, вале чаро мегӯянд, ки агар гӯсфанди шохдор гӯсфанди бешохро бизанад, дар қиёмат ба ин амалаш ҷавоб мегӯяд?
Саволдиҳанда: Сиддиқ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, маънои мукаллаф будани инсонҳо ва ҷинҳо ин аст, ки онҳо мавриди фазлу адли илоҳӣ қарор гирифта, Худованд подоши амалҳояшонро медиҳад. Вале барпо кардани қасос миёни ҳамаи махлуқоти илоҳӣ, хоҳ соҳиби ақл бошанд ё набошанд, ба хотири изҳор доштани адолати илоҳӣ мебошад.