Савол № 01376

Аз миёни махлуқот фақат инсонҳо ва ҷинҳо мукаллаф ҳастанд, вале чаро мегӯянд, ки агар гӯсфанди шохдор гӯсфанди бешохро бизанад, дар қиёмат ба ин амалаш ҷавоб мегӯяд?

Савол:

Ассалому алайкум. Аз миёни махлуқот фақат инсонҳо ва ҷинҳо мукаллаф ҳастанд, вале чаро мегӯянд, ки агар гӯсфанди шохдор гӯсфанди бешохро бизанад, дар қиёмат ба ин амалаш ҷавоб мегӯяд?

Саволдиҳанда: Сиддиқ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, маънои мукаллаф  будани инсонҳо ва ҷинҳо ин аст, ки онҳо мавриди фазлу адли илоҳӣ қарор гирифта, Худованд подоши амалҳояшонро медиҳад. Вале барпо кардани қасос миёни ҳамаи махлуқоти илоҳӣ, хоҳ соҳиби ақл бошанд ё набошанд, ба хотири изҳор доштани адолати илоҳӣ мебошад.

2017-07-18
3283
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:31
Шом17:28
Хуфтан18:58