Вопрос № 01409
Ман дар хориҷи кишвар ҳастам ва мехоҳам, ки дар ин ҷо зан бигирам. Оё ман метавонам, ки духтари бедин ё духтареро, ки дар дигар дин аст, ба занӣ бигирам? Чунки дини Ислом маҷбурӣ нест ва ман ҳақ надорам, ки ӯро маҷбур ба дини Ислом дароварам. Инчунин ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки мефармояд: "Шумо занҳоро аз рӯи диндорӣ интихоб намоед".
Вопрос:
Ассалому алайкум. Ман дар хориҷи кишвар ҳастам ва мехоҳам, ки дар ин ҷо зан бигирам. Оё ман метавонам, ки духтари бедин ё духтареро, ки дар дигар дин аст, ба занӣ бигирам? Чунки дини Ислом маҷбурӣ нест ва ман ҳақ надорам, ки ӯро маҷбур ба дини Ислом дароварам. Инчунин ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки мефармояд: "Шумо занҳоро аз рӯи диндорӣ интихоб намоед". Лутфан ба ман бигӯед, ки ман метавонам бо духтари бедин никоҳ карда зиндагӣ кунам?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, никоҳ кардан бо зане, ки пайрави дини яҳудӣ ё масеҳӣ аст, ҷоиз мебошад. Албатта никоҳ бо зани мусулмон беҳтару хубтар аст. Аммо никоҳ бо зани маҷусӣ ё бутпараст дуруст нест. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 49-50)