Савол № 01409

Ман дар хориҷи кишвар ҳастам ва мехоҳам, ки дар ин ҷо зан бигирам. Оё ман метавонам, ки духтари бедин ё духтареро, ки дар дигар дин аст, ба занӣ бигирам? Чунки дини Ислом маҷбурӣ нест ва ман ҳақ надорам, ки ӯро маҷбур ба дини Ислом дароварам. Инчунин ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки мефармояд: "Шумо занҳоро аз рӯи диндорӣ интихоб намоед".

Савол:

Ассалому алайкум. Ман дар хориҷи кишвар ҳастам ва мехоҳам, ки дар ин ҷо зан бигирам. Оё  ман метавонам, ки духтари бедин ё духтареро, ки дар дигар дин аст, ба занӣ бигирам? Чунки дини Ислом маҷбурӣ нест ва ман ҳақ надорам, ки ӯро маҷбур ба дини Ислом дароварам. Инчунин ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки мефармояд: "Шумо занҳоро аз рӯи диндорӣ интихоб намоед". Лутфан ба ман бигӯед, ки ман метавонам бо духтари бедин никоҳ карда зиндагӣ кунам?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, никоҳ кардан бо зане, ки пайрави дини яҳудӣ ё масеҳӣ аст, ҷоиз мебошад. Албатта никоҳ бо зани мусулмон беҳтару хубтар аст. Аммо никоҳ бо зани маҷусӣ ё бутпараст дуруст нест. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 49-50)

2017-09-08
4148
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45