Вопрос № 01593

Бо ҳамсари худ дар кадом вақтҳо ҳамхоба шудан мумкин аст? Дар китоби “Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ” хондам, ки ҳамхоба шудан дар рўзи чоршанбе сабаби носолим шудани фарзанд мегардад, рўзи якшанбе бошад, фарзанд бадҷаҳл мешавад. Оё ин суханон рост аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Бо ҳамсари худ дар кадом вақтҳо ҳамхоба шудан мумкин аст? Дар китоби “Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ” хондам, ки ҳамхоба шудан дар рўзи чоршанбе сабаби носолим шудани фарзанд мегардад, рўзи якшанбе бошад, фарзанд бадҷаҳл мешавад. Оё ин суханон рост аст?

Саволдиҳанда: Фотеҳ 

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳамхоба шудан бо ҳамсар вақти муайян надорад ва вобаста ба табиати инсон аст, вале дар ҳолатҳое, ки шариат манъ кардааст, аз қабили айёми одати моҳона, дар ҳолати нифос ва ҳангоми эҳроми ҳаҷ раво нест. Рўзҳое, ки дар китоби номбурда зикр шудааст, фармудаи шариат нест, балки назари шахсӣ аст, зеро солим ё нослим будани фарзанд ба рўзҳо алоқа надорад. 

2018-01-02
3665
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39