Савол № 01593

Бо ҳамсари худ дар кадом вақтҳо ҳамхоба шудан мумкин аст? Дар китоби “Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ” хондам, ки ҳамхоба шудан дар рўзи чоршанбе сабаби носолим шудани фарзанд мегардад, рўзи якшанбе бошад, фарзанд бадҷаҳл мешавад. Оё ин суханон рост аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Бо ҳамсари худ дар кадом вақтҳо ҳамхоба шудан мумкин аст? Дар китоби “Дунёи фонӣ ва уқбои боқӣ” хондам, ки ҳамхоба шудан дар рўзи чоршанбе сабаби носолим шудани фарзанд мегардад, рўзи якшанбе бошад, фарзанд бадҷаҳл мешавад. Оё ин суханон рост аст?

Саволдиҳанда: Фотеҳ 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳамхоба шудан бо ҳамсар вақти муайян надорад ва вобаста ба табиати инсон аст, вале дар ҳолатҳое, ки шариат манъ кардааст, аз қабили айёми одати моҳона, дар ҳолати нифос ва ҳангоми эҳроми ҳаҷ раво нест. Рўзҳое, ки дар китоби номбурда зикр шудааст, фармудаи шариат нест, балки назари шахсӣ аст, зеро солим ё нослим будани фарзанд ба рўзҳо алоқа надорад. 

2018-01-02
3667
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39